КИТОБХОНА

Мудир: Бобоева Машҳурахон Аҳматовна

Маълумот барои тамос:

Почтаи электронӣ: mashurakon­_boboeva@mail.ru

Суроға: Исмоили Сомонӣ 226

Сомона: www. lib.dpdtt.tj.

АЗ ТАЪРИХИ КИТОБХОНА

 

Дар донишкадаи политехникӣ се китобхона мавҷуд аст, ки онҳо соли 2010 ташкил гардидаанд. Китобхонаҳо дар факултетҳои муҳандисӣ-иқтисодӣ, муҳандисӣ-технологӣ ва дар бинои асосӣ ҷойгиранд.

Китобхонаҳо дорои толори қироат буда, бо 353 ҷойи нишаст бо 1 адад моноблок, 2 адад нодбук ва 145 адад компютери ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд ва ҳамаи компютерҳо ба интернет, системаи иттилоотии идоракунии донишкада (СИИД) ва китобхонаи рақамии донишкада пайваст мебошанд. Шароит дар китобхонаҳо муҳайё буда, донишҷӯён имконияти хуби донишомӯзиро доранд. Барои истифодабарӣ аз китобхонаи рақамӣ аз ҳаволаи lib.dpdtt.tj. истифода мебаранд.

Дар давоми 13 соли фаъолият китобхона ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, ки яке аз муҳимтарини он ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад. Исботи ин гуфтаҳо дар он аст, ки агар дар соли 2010 миқдори китоб 118 988 нусха бошад, ин нишондод дар соли 2023 ба 157414 нусха расид.

Дар китобхона мунтазам озмунҳо ҷиҳати бедор намудани шавқи китобхонӣ дар донишҷӯён, намоиши китобҳои нав, асарҳои олимон бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ баргузор мешавад. Масалан: “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Беҳтарин хонандаи  китобҳои бадеӣ”, намоиши китобҳо бахшида ба Рӯзи китоб, Рӯзи Истиқлолият, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Румӣ ва ғайра.

 ФАЪОЛИЯТИ АСОСИИ КИТОБХОНА

 Фаъолияти китобхона ба пуррагӣ дар асоси Низомномаи китобхонаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шудааст.

Фонди умумии китобхона аз 157414 нусха китобҳо (31980 номгуй) иборат буда, онро адабиёти таълимию методӣ, илмӣ ва бадеӣ ташкил медиҳанд. Аз он ҷумла:

  • китобҳои таълимӣ – 113605 нусха;
  • дастурҳои методӣ- 16721 нусха;
  • китобҳои бадеӣ – 8527 нусха;
  • китобҳои илмӣ ва дигар жанрҳо– 18561 нусха.

 Теъдоди китобҳо аз рӯи забон:

  • тоҷикӣ – 39358 нусха;
  • русӣ – 93399 нусха;
  • англисӣ – 20092 нусха;
  • дигар забонҳо – 4565 нусха.

 

Миқдори китобҳои воридшуда дар 5 соли охир:

 

Cоли воридшавӣ

Номгӯи китобҳо

Миқдори китобҳо

2019

171

3274

2020

297

4666

2021

420

2065

2022

66

1295

2023

219

850

 

Хизматрасонӣ

 

Китобхонаи ДПДТТ хизматрасонии гуногунро ба ҷо меорад:

  • дастрасӣ ба фонди китобхона;
  • фармоиши китоб;
  • толори хониш;
  • қайди абонимент;
  • дасрасӣ ба захираҳои электронӣ ва онлайн-сервисҳо тавассути китобхонаи рақамӣ;
  • ташкили ҷамъомадҳо (намоишгоҳҳо).

 

Китобхонаи рақамии ДПДТТ аввалин китобхонаи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он маводи таълимӣ – методӣ ва илмӣ дар форматҳои pdf, djvu, txt, chm, doc ва ғайра ҷамъ оварда шудааст.  Тавассути он ҳар як истифодабаранда имконияти ҷустуҷӯ, фармоиш, хондан ва бо худ гирифтани китобро дорост.

Фонди умумии китобхонаи рақамӣ айни ҳол аз 63978 адад маводи электронӣ (китобҳо, силлабусҳо, ҳуҷҷатҳо ва ғ.) иборат мебошад. Ташрифоварии ҳамарӯзаи истифодабарандагон низ ба система сабт мешавад ва боиси хурсандист, ки нишондиҳандаҳои ташрифоварӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.

КОРМАНДОНИ КИТОБХОНА

 

Дар китобхонаҳои донишкада 9 нафар кормандон фаъолият мебаранд:

 

 

Бобоева Машҳурахон Аҳматовна – мудири китобхона. Фаъолият: Қоидаҳои ташкили фонди китобхона, ҳифз ва баҳисобгирии захираи китобҳо; ҷорӣ намудани техника ва технологияҳои нави замонавӣ дар кори китобхона; таҷрибаи пешқадам ва замонавии соҳаи китобдорӣ.

Бобоева Дилноза Наимовна – мутахассиси китобхонаи рақамӣ. Фаъолият: Корҳои фаҳмонидадиҳӣ нисбати кори китобхонаи рақамӣ ба донишҷӯён; тафтиш ва муайян намудани норасоӣ ва мавҷуд набудани китобҳои тахассусии электронӣ дар фонди китобхонаи рақамӣ; ба китобхонаи рақамӣ дохил кардани китобҳои электронӣ; сканер намудани китобҳои шумораашон маҳдуд ва ворид намудани онҳо ба китобхонаи рақамӣ.

Болтубаева Моҳира Муродовна – китобдори бинои асосӣ. Фаъолият: Китобдор дар ташкили кори китобхона, доду гирифти китоб, ташаккул, ҳифз ва баҳисобгирии захираи китобҳо, коркард ва нигаҳдории мунтазами фонди китобхона, барои ҷалби хонандагон ҷорабиниҳо, намоиши китобӣ ташкил ва баргузории он вазифадор аст.

Муллоева Зӯҳро Башировна –  сарлаборанти китобхонаи бинои асосӣ. Фаъолият: Сарлаборанти китобхона ба ҳолати компютерҳо ҷавобгар аст; дар вақти истифодабарӣ аз компютер ба донишӯён назорат мекунад; пеш аз саршавии инмтиҳон компютерҳоро аз назар мегузаронад; ба китобхонаи рақамӣ китобҳои электрониро ворид мекунад; сканер намудани китобҳои шумораашон маҳдуд ва ворид намудани онҳо ба китобхонаи рақамӣ; корҳои фаҳмонидадиҳӣ оиди истифодабарии китобхонаи рақамӣ ба хонандагон.

Каримова Мадина Мирзохусейновна –  сарлаборанти китобхонаи бинои асосӣ. Фаъолият: Сарлаборанти китобхона ба ҳолати компютерҳо ҷавобгар аст; дар вақти истифодабарӣ аз компютер ба донишӯён назорат мекунад; ба китобхонаи рақамӣ китобҳои электрониро ворид мекунад; сканер намудани китобҳои шумораашон маҳдуд ва ворид намудани онҳо ба китобхонаи рақамӣ.

Муродова Мунира Ибрагимова – китобдори китобхонаи факултети муҳандисӣ -технологӣ. Фаъолият: Китобдор дар ташкили кори китобхона, доду гирифти китоб, ташаккул, ҳифз ва баҳисобгирии захираи китобҳо, коркард ва нигаҳдории мунтазами фонди китобхона, барои ҷалби хонандагон ҷорабиниҳо, намоиши китобӣ ташкил ва баргузории он вазифадор аст.

Мавлонова Маърифат Абдуҷабборовна – сарлаборанти китобхонаи факултети муҳандисӣ-технологӣ. Фаъолият:  Сарлаборанти китобхона ба ҳолати компютерҳо ҷавобгар аст; дар вақти истифодабарӣ аз компютер ба донишӯён назорат мекунад; ба китобхонаи рақамӣ китобҳои электрониро ворид мекунад; сканер намудани китобҳои шумораашон маҳдуд ва ворид намудани онҳо ба китобхонаи рақамӣ; корҳои фаҳмонидадиҳӣ оиди истифодабарии китобхонаи рақамӣ ба хонандагон.

Абдумаликова Шафоат Абдуғаффоровна – китобдори китобхонаи муҳандисӣ-иқтисодӣ.  Фаъолият: Китобдор дар ташкили кори китобхона, доду гирифти китоб, ташаккул, ҳифз ва баҳисобгирии захираи китобҳо, коркард ва нигаҳдории мунтазами фонди китобхона, барои ҷалби хонандагон ҷорабиниҳо, намоиши китобӣ ташкил ва баргузории он вазифадор аст.

Ҳакимова Муяссар Мухторҷоновна – сарлобаранти китобхонаи муҳандисӣ-иқтисодӣ. Фаъолият: Сарлаборанти китобхона ба ҳолати компютерҳо ҷавобгар аст; дар вақти истифодабарӣ аз компютер ба донишӯён назорат мекунад; ба китобхонаи рақамӣ китобҳои электрониро ворид мекунад; сканер намудани китобҳои шумораашон маҳдуд ва ворид намудани онҳо ба китобхонаи рақамӣ; корҳои фаҳмонидадиҳӣ оиди истифодабарии китобхонаи рақамӣ ба хонандагон.

 

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare