Кафедраи сохтмон
March 4, 2024 2024-05-17 11:53Кафедраи сохтмон
КАФЕДРАИ СОХТМОН

Мудири кафедра: номзади илмҳои техникӣ, омузгори калон Аминов Фаррух Абдул–Ҳайевич
Маълумот барои тамос бо кафедра:
Почтаи электронӣ: Aminov-61@mail.ru
Суроға: хиёбони Исмоили Сомонӣ 226
Аз таърихи кафедра: Тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 700201 – сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ дар филиали Хуҷандии донишкадаи политехники Тоҷикистон соли 1980 дар шӯъбаи шабона ва баъд соли 1993 дар назди факултети «Механика», дар кафедраи геометрияи тасвирӣ ва механикаи назариявӣ аз рӯи ихтисосисоҳои сохтмон оғоз шудааст.
Аз соли 1995 то 1996 ва аз соли 1998 то соли 2007 ба ҳайси мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ, (соли вафот 2021 ) Ҳоҷибоев Абдуазиз Абдусатторович кор ва фаъолият намудааст.
Дар ҳамон солҳо дар кафедра устодони ботаҷриба н.и.т. дотсент Раззоқов А.Р, н.и.т. Аминов Ф.А., дотсент, н.и.т. Ҷалолов А.Ф, омӯзгори калон н.и.к. Насруллоев А.Д. н.и.т, омӯзгори калон Абдуллоев Д. (соли 2011 фавтиданд), н.и.т. Ваҳобов А.М., омӯзгори калон Хатамова С.М. ва устоди ҷавону умедбахш Усмонов Ш. З. кор ва фаъолият намудаанд.
Аз моҳи октябри соли 1996 то августи 1998 вазифаи мудири кафедраро н.и.т. Абдуллоев Д.А.(соли вафот 2011) ба ӯҳда доштанд.
Аз моҳи феврали соли 2007 ба вазифаи мудири кафедра устод Насруллоев А.Д таъин гардиданд. Дар давраи аз соли 2007 то январи 2011 дар кафедра 5 ихтисосҳои соҳаи сохтмон ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд:
700201 (2903) – сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;
2904- сохтмони гидротехникӣ;
2005- сохтмони шаҳрӣ ва хоҷагии манзилӣ;
2915 – экспертизаи амволи манқул ва ғайри манқул
2907- газугармитаъминкунӣ ва ҳавотозакунӣ
Баъди дар пояи ду филиал, яъне Филиали Хуҷандии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Филиали Хуҷандии донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 2010 таъсис ёфтани Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, кафедраи сохтмон аз рӯи барномаҳои таълими бакалавриатура бакалавронро боихтисосҳои зеринро омода менамояд :
700201 – Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;
700101 – Истеҳсоли маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ;
Аз 10 январи соли 2011 то 1 июли 2015 вазифаи мудири кафедраро устоди ботаҷриба, яке аз олимони номдори соҳаи механикаи ҷумҳурӣ номзади илмҳои техникӣ Мамуров Маҳмудҷон ба ӯҳда доштанд..
Аз моҳи августи 2015 то январи 2020 вазифаи мудири кафедраро Усмонов Ш. З. ба ӯҳда дошт..
Аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи июни 2017 вазифаи мудири кафедраи сохтмонро олими ҷавон, н.и.т. Расулов О.Р. ба ӯҳда дошт.
Аз моҳи январи соли 2020 то ҳоло вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои техникӣ, Аминов Ф.А. ба ӯҳда дорад.
Фаъолияти асосии кафедра: кафедра ҳоло аз руи 2 ихтисос мутахассисонро омода менамояд . Инҳо:
- Ихтисоси 700201 сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;
- Ихтисоси 700101 истеҳсоли маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ.
Кафедра дорои озмоишгоҳҳои физикаи сохтмон, геодезия, масолеҳ ва конструксияҳои сохтмонӣ, муқовимати маводҳо буда бо тамоми таҷҳизотҳои муосири ба талаботҳои замона ҷавобгӯ муҷаҳҳаз мебошад.
Аз соли 2013 оғоз карда дар кафедра магистратура аз рӯи ихтисоси 700201 – сохтмони саноатӣ ва шаҳрванӣ ва шуруъ аз соли 2015 аз руи ихтисоси 700201-08 Энергияи барқароршаванда ва сарфаи энергия дар сохтмон ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳоло шумораи магистрантҳо дар ҳар ду бахш 15 нафарро ташкил медиҳад.
Соли 2014 бошад аз рӯи ихтисоси 700201 – сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ дар самти 6D072900 – Сохтмон(PhD) таҳсил дар докторантура оғоз гардид. То ҳоло 1 нафар Олимова Нодирабегим онро бомуваффақият хатм намуда ба ҳимоя омодагӣ дида истодаанд
Устодони кафедра Усмонов Шӯҳрат Заурович ва Расулов Олимҷон Раҳмонбердиевич дар донишгоҳои бонуфузи шаҳри Москваи Федератсияи Руссия (НИИСФ РААСН ва НИУ МГСУ шаҳри Москав) таҳсил намуда соли 2016 рисолаҳои номзадии худро дифо намуда сазовори унвони илмии номзади илмҳои техникӣ гардиданд.
Кафедра бо корхонаҳои истеҳсолӣ, бо бисёр ташкилотҳои сохтмонӣ, аз ҷумла ташкилотҳои Институти лоиҳакашии илмию-тадқиқотии назди оҷонсии Сохтмон, шӯъбаи меъмории шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шӯъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бо институти лоиҳакашии «Бунёдгари Суғдзамин», Филиали ҶСК Пажӯишгоҳи илмӣ лоиҳакашӣ ҷустуҷӯи САНИИОСП дар вилояти Суғд, ширкати сохтмонии “Тиниал” ширкати сохтмонии “Суғдсофкор”, ҶДММ “Бунёдгари Суғдиён” ҳамкорӣ ва алокаи зич дорад, инчунин оиди гузаронидани таҷрибаомӯзиҳоии таълимӣ, истеҳсолӣ, пеш аз дипломӣ шартномаҳои дутарафа баста шудаанд.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён “сохтмончиёни навовар” ва семинари илми назариявӣ амал мекунад. Қобили қайд аст, ки соли 2022 омузгори калони кафедра н.и.т., Охунов З.Ю дар давраи ниҳоии озмуни Илм- фуруғи маърифат , дар ш. Душанбе иштирок намуданд. Ассистенти кафедра Додоҷонов Х.Б. соли 2022 дар озмуни шаҳрии Илм- фуруғи маърифат сазовори ҷойи дуюм гардид.
Кормандони кафедра
Маълумоти мухтасари статистикӣ. Дар охир истинод / ссылка (бо номи “муфассалтар”) ба саҳифаи алоҳида бо рӯйхати кормандон бо вазифа, фанҳои дарсдиҳанда, корҳои нашршудаи асосии онҳо
№ | Ному насаби муаллимон | Унвони илмӣ | Вазифа | Ихтисос аз руи маълумот | Соли таваллуд | Соли фаъол дар донишкада |
1 | Аминов Ф.А. | н.и.т. | ом.кал., мудири кафедра | муҳандис сохтмончӣ | 1961 | 1983 |
2 | Расулов О.Р. | н.и.т. | ом.кал. | муҳандис сохтмончӣ | 1977 | 2007 |
3 | Насруллоев А | н.и.к. | ом.кал. | муҳандис-гидротехник | 1956 | 1988 |
4 | Атабоев А. Б. | – | ом.кал. | муҳандис механик | 1964 | 1989 |
5 | Дадобоев А.И. | – | ом.кал. | муҳандис сохтмончӣ | 1961 | 2015 |
6 | Раҳматов М.М. | – | ом.кал. | муҳандис-геодезист | 1952 | 2018 |
7 | Холматов К. | – | асистент | муҳандис сохтмончӣ | 1991 | 2017 |
8 | Додоҷонов Х. | – | асистент | муҳандис сохтмончӣ | 1996 | 2020 |
9 | Орипов Д | н.и.т. | ом.кал. | муҳандис сохтмончӣ | 1992 | 2015 |
|
|
|
|
|
|
|
Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ
Тибқи нақшаи панҷсолаи корҳои илмӣ, ки аз тарафи донишкада барои солҳои 2021-2025 тасдиқ шудааст, аъзоёни кафедра дар самти зерин фаъолияти илмӣ мебаранд:
- “Такмили лоиҳакашӣ ва технологияи сохтмони биноҳои саноатӣ ва шаҳрвандӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақа ( дар мисоли ҶТ)”
Дар самти мазкур омузгорони зерини кафедра, Аминов Ф.А., Расулов О.Р., Дадобоев А., Атабоев А., Хатамова С. ҳамасола кор карда оиди зермавзуъҳои муайяншуда корҳои илмӣ -тадқиқотӣ мебаранд ва натиҷаи ин корҳо, мақолаҳои илмӣ мебошанд, ки дар охири сол тибқи ҳисобот пешниҳод менамоянд.
Фаъолияти байналхалқии кафедра. Кафедра бо донишгоҳоои бонуфузи Федератсияи Россия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии сохтмони ш. Москва(НИУ МГСУ), донишгоҳи меъморӣ-сохтмонии ш. Қазон(КГАСУ), институти илмӣ-тадқиқотии физикаи сохтмон дар ш. Москва(НИИСФРААСН), Университети сохтмон ва нақлиёти Ҷумҳурии Қирғизистон(КГУСТА) ҳамкории зич дорад.
Инчунин кафедра дар лоиҳаи байналхалқии MAPREE “Манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва энергосамараноки дар биноҳо” дар доираи лоиҳаи TEMPUS иштирок намудааст. Шарикони лоиҳа Ҷумҳурии Австрия, Шветсия, Эстония ва Федератсияи Россия.
Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат
- 1-700201 – Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ
Объекти фаъолияти касбӣ ихтисоси 700201”Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ”: биноҳои шаҳрвандӣ, саноатӣ, муҳандисӣ, масолеҳҳои сохтмонӣ, маснуот ва конструксияҳо, системаи газугармитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ, объектҳои инфраструктураи шаҳрӣ ва хоҷагии коммуналии манзилӣ, мошинҳо, комплексҳои технологӣ ва системаҳои автоматикунони, ки дар сохтмон истифода мешаванд, таъмир ва таҷдиди объектҳои сохтмонӣ ва объектҳои хоҷагии коммуналӣ-манзилӣ
- 1-700101 – Истеҳсоли маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ
Хатмкунандаи ихтисоси “1-70 01 01 – Истеҳсоли маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ” барои фаъолият дар корхонаҳои истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ, маҳсулотҳои сохтмонӣ, конструксияҳо, пажӯишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ, корхонаҳои коммуналӣ-маишӣ; шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишоварзӣ, ки бевосита ба соҳаи мазкур алоқаманд аст, омода карда мешаванд.
Барномаҳои таҳсилотии магистратура
1-700201 – Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ
Хусусияти тахассуснокӣ талаботи касбиро нисбати тайёр намудан ва истифода бурдани ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандиро муайян менамояд. Доираи фаъолияти касбии магистр инҳоро дарбар мегирад: Ҷори намудани усулҳои пешқадами ташкили меҳнат, ташкил намудани маводҳои ибтидои барои сохтмони иншоотҳо, барномаҳо, лоиҳаҳо, сметаҳо, дархостҳо, гузаронидани тадқиқотҳои муҳандисӣ ва ташхис, ҷамъоварӣ, коркард, ташхис ва ба системаи муайян даровардани ахборотҳои илмию технологӣ, ба лоиҳа гирифтани нақшаҳои генералӣ ва коркарди нақшаҳои генералии биноҳо ва иншоотҳо, тартиб додани моделҳои ҳисоби биноҳо, иншоотҳо ва конструксияи онҳо. Ҳисоб намудани конструксияҳои алоҳидаи биноҳо ва иншоотҳо бо истифода аз барномаҳои компютерӣ.
1-700201-08 – Энергияи барқароршаванда ва сарфаи энергия дар сохтмон
Доираи фаъолияти касбии магистр инҳоро дарбар мегирад: Ҷори намудани усулҳои пешқадами ташкили меҳнат, истифодаи маводҳои замонавии энергосамаранок барои сохтмони иншоотҳо, барномаҳо, лоиҳаҳо, , дархостҳо, гузаронидани тадқиқотҳои муҳандисӣ ва ташхис, ҷамъоварӣ, коркард, ташхис ва ба системаи муайян даровардани ахборотҳои илмию технологӣ, ба лоиҳа гирифтани таҷҳизотҳои истеҳсоли энергияи барқароршаванда, тартиб додани моделҳои ҳисоби биноҳо, иншоотҳо ва конструксияи онҳо.
Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD)
- 6D072900 – Сохтмон(PhD)
Доираи фаъолияти касбии (PhD) докторантура инҳоро дарбар мегирад: Гузаронидани тадқиқотҳои илми оиди коркардаи усулҳои пешқадами ташкили меҳнат, истифодаи маводҳои замонавии энергосамаранок, омода намудани мақолаҳои илмӣ оиди тадқиқотҳои гузаронидашуда. Гирифтани натиҷаҳои тадқиқот ва баррасии он дар конференсияҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ба системаи муайян овардани ахборотҳои илмию технологӣ, ба лоиҳа гирифтани ва тартиб додани моделҳои ҳисоби биноҳо, иншоотҳо ва конструксияи онҳо.
- Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
- Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
- Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
- Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ
- Кафедраи забонҳо
- Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
- Кафедраи иқтисоди рақамӣ
- Кафедраи математикаи олӣ ва физика
- Кафедраи меъморӣ
- Кафедраи молия ва қарз
- Кафедраи сохтмон
- Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока
- Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
- Кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика