Шурои таълимӣ-методӣ
January 12, 2024 2026-04-10 10:58Шурои таълимӣ-методӣ
- МАРОСИМИ ТАҚДИМИ БОТАНТАНАИ ДИПЛОМҲО БА ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШКАДА
by ilhomjonДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими тақдими ботантанаи дипломҳо ба хатмкунандагон доир гардид. Дар маросими дипломсупорӣ муовини Раиси вилояти Суғд, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, Зуфар Исмоилзода, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ Аҳмадҷон Раҳмонзода, сармутахасиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Фатҳуллозода, HR-директори Гурӯҳи ширкатҳои LEGA, н.и.и. Тӯхтаев Тӯхтабой Муқимович, намояндагон аз ширкату корхонаҳои “Нексигол-мушовир”, ҶДММ “Фаровон”, “Далерон”, бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, “Тавҳид”, роҳбарият, устодону хатмкунандагони донишкада ва волидайни хатмкунандагон ширкат варзиданд. Директори донишкада Хурсанд Содиқзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла афзуд, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илму маориф, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд. Донишкадаи мо ҳамчун яке аз муассисаҳои пешқадами таҳсилоти олии касбӣ дар самти омода намудани муҳандисон, иқтисодчиён, мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ, энергетика, сохтмон, меъморӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ саҳми арзанда мегузорад. Мо ҳамеша мекӯшем, ки хатмкунандагони донишкада ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ буда, дорои дониш, малака ва ҷаҳонбинии муосир бошанд. Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ 594 нафар донишҷӯ муассисаро хатм намудаанд. Аз ин шумора 495 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 84 нафар дар шуъбаи фосилавӣ 12 нафар зинаи таҳсилоти магистратура ва 3 нафар докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)-ро хатм намуданд. Ҳамзамон, 54 нафар донишҷӯ муассисаро бо дипломи аъло хатм кардаанд. Муовини Раиси вилояти Суғд, Зуфар Исмоилзода дар баромади худ зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҷавононро ба сӯи қуллаҳои илму дониш, касбу ҳунар, бунёдкориву созандагӣ боз карданд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста, эҳсоси баланди ватандорӣ ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат кунанд. Бо ифтихори баланд бояд қайд намуд, ки дар донишкада тамоми шароити илмомӯзиву иқдомоти муфид фароҳам оварда шудааст. Ин таваҷҷӯҳ пеш аз ҳама аз он далолат медиҳад, ки роҳбарияти донишкада сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллатро бо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон дар амал татбиқ менамоянд. Дар ҷараёни чорабинӣ сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ Аҳмадҷон Раҳмонзода, сармутахасиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Фатҳуллозода, HR-директори Гурӯҳи ширкатҳои LEGA, н.и.и. Тӯхтабой Тӯхтаев, намояндагон аз ширкату корхонаҳои “Нексигол-мушовир”, ҶДММ “Фаровон”, “Далерон”, бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, “Тавҳид” ва дигарон баромад намуда, роҷеъ ба малака ва маҳорати баланди хатмкунандагони донишкада андешаронӣ намуданд. Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба хатмкунандагон диплом тақдим карда шуд. Барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ буд. Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО - ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ (БОҶ) ВА KOICA БА ДОНИШКАДА
by ilhomjonНамояндагони Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаи таълимӣ-намоишии факултети муҳандисӣ-технологӣ ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Ташриф дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифодаи технологияҳои кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираи арзиши маҳсулот» баргузор гардид. Кооперативи ғайритиҷоратии «Сароб», ҳамчун иҷрокунандаи асосии лоиҳа, низ дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, фаъолияти худро дар самти татбиқи технологияҳои муосири кишоварзӣ ва дастгирии ҷавонони деҳот муаррифӣ намуд. Дар рафти боздид меҳмонон бо фаъолияти гармхонаи таълимӣ-намоишӣ, имкониятҳои омӯзишию тадқиқотӣ ва дастовардҳои донишкада дар самти рушди технологияҳои муосири кишоварзӣ аз наздик шинос шуданд. Ҳамчунин вохӯрии расмии ҳайати меҳмонон бо директори донишкада, Хурсанд Содиқзода сурат гирифт. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои афзалиятноки донишкада баррасӣ шуданд. Аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва ҷалби маблағгузории грантӣ ба намояндагони KOICA панҷ лоиҳаи нави инноватсионӣ пешниҳод гардиданд, ки ба самтҳои амнияти озуқаворӣ, технологияҳои рақамии кишоварзӣ, энергияи сабз, зеҳни сунъӣ дар маориф ва рушди занҷираи арзиши маҳсулот нигаронида шудаанд. Меҳмонон ба имкониятҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва инфрасохтори таълимии донишкада баҳои баланд дода, омодагии худро ҷиҳати баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз намуданд. Роҳбарияти донишкада изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои ин мулоқот барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав ва рушди устувори бахшҳои маориф, илм ва кишоварзии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО - ИШТИРОКИ ДОНИШКАДА ДАР РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ХУҶАНД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
by ilhomjonДар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии «Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Душанбе» баргузор шуд, ки дар он устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуд. Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Боғи Садриддин Айнӣ»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд. Дар доираи чорабинӣ Донишкада гӯшаи махсуси намоишии худро ташкил намуда, осори илмии устодону муҳаққиқон, дастовардҳои таълимӣ, корҳои эҷодии донишҷӯён, китобҳои тозанашр, ихтирооту навовариҳо ва имкониятҳои муосири таълимиро ба маърази тамошо гузошт. Намоишгоҳи Донишкада мавриди таваҷҷуҳи намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли илму фарҳанг, зиёиён ва меҳмонони чорабинӣ қарор гирифта, онҳо бо дастовардҳои илмию таълимӣ, имкониятҳои таълимӣ ва фаъолияти густурдаи муассиса аз наздик шинос шуданд. Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуд ва ин чорабинии муҳими фарҳангӣ ба муаррифии имкониятҳои илмиву таълимии муассиса, таҳкими ҳамкориҳо, инчунин баланд бардоштани нуфузу мақоми он дар сатҳи ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО - ИШТИРОК ДАР ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «QUALITY SYSTEMS IN MODERN AGRICULTURE: A PRACTICAL PERSPECTIVE»
by ilhomjonДар доираи татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ширкати Green Crops Polska (Ҷумҳурии Лаҳистон) намояндагони донишкада таҳти роҳбарии директори донишкада Хурсанд Содиқзода дар ҳамоиши байналмилалии «Quality Systems in Modern Agriculture: A Practical Perspective», ки рӯзҳои 12–17 июли соли 2026 дар Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор гардид, иштироки фаъолона намуданд. Дар ҷараёни кори конференсия намояндагони донишкада бо маърӯзаҳо баромад намуда, таҷрибаи муассисаро дар самти омодасозии мутахассисони касбӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзиро муаррифӣ карданд. Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, табодули таҷриба ва рушди иқтидори донишҷӯён дар шароити бозори муосири меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд қайд намуд, ки иштироки намояндагони донишкада дар ин ҳамоиши бонуфуз қадами муҳим дар самти густариши робитаҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои минбаъда бо муассисаҳо ва ширкатҳои пешрафтаи аврупоӣ ба ҳисоб меравад. Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО - 600 НАФАР ДОВТАЛАБ ИМТИҲОНОТИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТРО СУПОРИДАНД
by ilhomjonДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 3-8 июли соли равон имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсуси (ИЭММ) маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 600 нафар довталабони ихтисосҳои 1690101-меъморӣ ва 11901010202-Дизайни дохили бино (интерьер) баргузор гардид. Дар доираи ИЭММ-и ихтисоси 1690101-меъморӣ кашидани каллаи гаҷӣ, фигураи геометрӣ ва нақшакашӣ ба назар гирифта шуда дар доираи ИЭММ-и ихтисоси 11901010202-Дизайни дохили бино (интерьер) қаламкашӣ, расмкашӣ ва композитсия муайян карда шудааст. Зимни имтиҳон довталабон расму нақшаҳои гуногунро таҳия намуда, сатҳи дониш, қобилияти эҷодӣ ва маҳорати касбии худро нишон доданд. Корҳои пешниҳодшуда маҳорати онҳоро дар тасвири шаклҳо, риояи таносуб, дурнамо, таркиб ва истифодаи дурусти воситаҳои графикӣ инъикос менамоянд. Чунин санҷиш имкон медиҳад, ки қобилияти эҷодӣ, тафаккури фазоӣ, диққат ба ҷузъиёт ва малакаҳои тасвирии довталабон баҳогузорӣ карда шавад. Ин хусусиятҳо барои интихоби касби меъморӣ ва тарроҳӣ аҳаммияти калон дошта, яке аз шартҳои асосии фаъолияти муваффақонаи меъмор ё тарроҳи оянда ба ҳисоб мераванд. Довталабон тавонистанд истеъдод ва маҳорати худро нишон дода натиҷаҳои беҳтаринро соҳиб шаванд. Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО
Шахсони масъули ин қисми сомона: Насулоев Усмонхӯҷа Умархӯҷаевич