ВАТАН АЗ ҲАР ЯКИ МО МАСЪУЛИЯТ, САДОҚАТ ВА ҲИССИ БАЛАНДИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИРО ТАЛАБ МЕКУНАД

study_1789564277_6aaa95758f7c1-68

ВАТАН АЗ ҲАР ЯКИ МО МАСЪУЛИЯТ, САДОҚАТ ВА ҲИССИ БАЛАНДИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИРО ТАЛАБ МЕКУНАД

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин ва муқаддастарин неъмати зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлол ба инсон ва ҷомеа имконият медиҳад, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намуда, барои ободии Ватан, пешрафти давлат ва зиндагии шоистаи мардум талош намоянд. Барои мардуми тоҷик низ Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузурги таърихӣ ва рамзи соҳибдавлатии миллӣ мебошад.
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва шукргузорӣ ҷашн гирифтанд. 35 сол аст, ки кишвари азизи мо роҳи мустақили рушди худро тай намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва сулҳдӯст мавқеи сазовор пайдо кардааст.
Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо вуҷуди мушкилоту душвориҳои зиёд тавонист пояҳои давлатдории миллиро мустаҳкам намуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намояд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дорои Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ буда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми худро пайдо кардааст.
Яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони истиқлол сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Сулҳу оромӣ асоси пешрафт ва зиндагии осоиштаи мардум ба шумор меравад. Мо бояд ҳамеша қадри сулҳ, субот ва ваҳдати миллиро донем, зеро танҳо дар фазои орому осуда метавон давлатро обод ва ҷомеаро пешрафта гардонд.
Ватан барои ҳар як инсон муқаддас аст. Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои сарба фалак, дарёҳои зебо, водиҳои сабз, табиати нотакрор ва мардуми меҳмоннавоз мебошад. Мо бояд аз таърихи пурғановати миллат, фарҳанги қадима ва мероси бузурги ниёгонамон ифтихор дошта бошем. Миллати тоҷик дар тӯли таърих фарзандони бузурге ба дунё овардааст, ки дар рушди илму адаб ва фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Истиқлолият барои эҳёи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавии халқамон имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми баланд дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳифзу рушди фарҳанг, эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд.
Яке аз самтҳои муҳими рушди Тоҷикистон дар даврони истиқлол соҳаи маориф мебошад. Зеро ояндаи давлат ва миллат пеш аз ҳама ба дониш, ҷаҳонбинӣ ва малакаи насли ҷавон вобаста аст. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, рушди технологияҳои муосир, дастгирии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифат барои омода намудани насли соҳибмаърифат ва ватандӯст заминаи муҳим фароҳам меорад.
Ҷавонон нерӯи созанда ва ояндаи Тоҷикистон мебошанд. Ҳар як ҷавон бояд ба қадри Истиқлолият расида, бо донишомӯзӣ, меҳнати ҳалол, рафтори намунавӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ дар пешрафти Ватан саҳм гузорад. Ватан аз ҳар яки мо масъулият, садоқат ва ҳисси баланди худшиносии миллиро талаб мекунад.
Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон ба корҳои созандагиву ободонӣ рӯ овардааст. Дар шаҳру ноҳияҳо роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои фарҳангӣ, иншооти варзишӣ ва дигар биноҳои муҳими иҷтимоӣ сохта мешаванд. Шаҳру деҳоти кишвар сол то сол ободтар мегарданд. Ин ҳама натиҷаи меҳнати созандаи мардуми Тоҷикистон ва фазои сулҳу суботи кишвар мебошад.
Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаро пеш мебарад. Кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист, ташаббусҳои муҳим пешниҳод кардааст. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ низ саҳми худро мегузорад.
35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд як рӯзи ифтихор ва шукргузорӣ бошад. Мо бояд дастовардҳои даврони истиқлолро қадр намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани кишвари худ саҳм гузорем. Пешрафти Ватан танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Имрӯз мо бояд бо итминон ба оянда назар кунем. Ояндаи Тоҷикистон аз меҳнати содиқона, донишандӯзӣ, ватандӯстӣ ва муттаҳидии мардум вобаста аст. Агар мо якдилу якҷон бошем, ба Ватан содиқона хизмат кунем ва барои рушди он талош намоем, Тоҷикистони азизи мо боз ҳам пешрафтаву обод мегардад.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад! Бигзор сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар пойдор бошад! Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз ободу пешрафта гардад ва номи неки миллати тоҷик дар ҷаҳон боз ҳам баландтар садо диҳад!
Бо ифтихор мегӯем:
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон поянда бод!
Ваҳдати миллӣ ҷовидон бод!
Парчами Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бод!
Тоҷикистони соҳибистиқлол ободу сарбаланд бод!
Ҷашни 35-солагии Истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!
Амон Раҳимов, мудири кафедраи математикаи олӣ ва физика, дотсенти ДПДТТХ

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare