БУНЁДИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИ ОФТОБӢ-САМТҲОИ ОЯНДАДОРИ РУШДИ “ЭНЕРГИЯИ САБЗ” ДАР ТОҶИКИСТОН

study_1790884364_6abeba0c8df97-32

БУНЁДИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИ ОФТОБӢ-САМТҲОИ ОЯНДАДОРИ РУШДИ “ЭНЕРГИЯИ САБЗ” ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангиву иҷтимоии аҳолӣ чанд ҳадафи стратегиро муайян намудааст. Дар ин миён, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ яке аз самтҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Бе энергетика рушди саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ имконнопазир аст. Бинобар ин, истиқлолияти энергетикӣ шарти асосии амнияти иқтисодӣ ва соҳибихтиёрии давлат мебошад.
Нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои ояндадори рушди “энергияи сабз” ба ҳисоб мераванд. Бо вуҷуди он ки беш аз 90%-и нерӯи барқи кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБО) истеҳсол мешавад, истифодаи нерӯи офтоб барои таъмини амнияти энергетикӣ, хусусан дар фасли зимистон, аҳамияти калон дорад.
Потенсиали энергетикии офтоб дар Тоҷикистон. Рӯзҳои офтобӣ: Дар як сол аз 280 то 330 рӯзи офтобӣ ба қайд гирифта мешавад. Шиддати афканишот: Шиддати миёнаи афканишоти офтоб ба 1000–1200 кВт•соат/м² дар як сол баробар аст.
Солҳои охир дар кишвар чанд лоиҳаи муҳими нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ амалӣ шудаанд ва ё дар ҳоли татбиқ мебошанд:
Нерӯгоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб: Соли 2019 дар Помири Шарқӣ бо иқтидори 220 кВт сохта шуд, ки баландтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар сатҳи баҳр (зиёда аз 3800 метр) дар минтақа ба шумор меравад.
Нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар вилояти Хатлон: Лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ бо ширкатҳои байналмилалӣ (ба монанди ширкатҳои Арабистони Саудӣ ва АМА) барои сохтани нерӯгоҳҳо бо иқтидори аз 100 то 500 МВт дар ҷануби кишвар ба нақша гирифта шудаанд.
21 сентябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввал дар шаҳраки Шайдон неругоҳи барқии офтоби дорои иқтидори 250 МВт-ро ба истифода супориданд. Сохтмони ин нерӯгоҳи офтоби иқтидораш 250 МВт моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ION Energy оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ пурра ба анҷом расонида т ба истифода дода шуд.
Нерӯгоҳи барқӣ дар майдони 793 гектар бунёд ёфтааст. Иқтидори пӯрраи он 250 МВт-ро ташкил медиҳад. Бунёди чунин иншооти бузурги энергетикӣ дар ноҳияи Ашт яке аз ташаббусҳои муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад. Дар шароити муосир истифодаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла энергияи офтобӣ, яке аз самтҳои муҳими рушди энергетика ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон барои истифодаи энергияи офтоб имкониятҳои зиёд дорад ва амалӣ намудани лоиҳаҳои нави энергетикӣ ба зиёд кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва мустаҳкам намудани пояи энергетикии кишвар мусоидат менамояд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи Нерӯгоҳи барқии офтобии Ашт корҳои сохтмонӣ, васлу насб бо суръати баланд ташкил карда шуда, инчунин як қатор корҳои муҳими инфрасохторӣ барои пайваст кардани нерӯгоҳи нав ба системаи ягонаи энергетикии кишвар иҷро гардиданд. Аз ҷумла, сохтмони хатти дузанҷираи хатти интиқоли барқи ҳавои шиддаташ 220 кВ бо дарозии 9,8 км аз ин нерӯгоҳ то зеристгоҳи Ашт бо шиддати 220/110/6 кВ ба охир расид. Дар ин хатти интиқоли барқи ҳавои шиддаташ 220 кВ 36 такягоҳҳо насб карда шуд, ки ин заминаи заруриро барои интиқоли нирӯи барқи дар нерӯгоҳ истеҳсолшаванда ба системаи энергетикии кишвар фароҳам овард.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва чинӣ иҷро карда шудааст. Дар раванди сохтмон беш аз 600 сохтмончӣ аз Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Чин ҷалб гардиданд. Ҷалби чунин шумораи зиёди мутахассисону коргарон ба сохтмон имкон дод, ки дар муҳлати кӯтоҳ иҷрои корҳои асосӣ дар иншоот бо истифода аз усулҳои муосири сохтмони иншооти энергетикӣ ташкил карда шавад. Мувофиқи нақша, то охири соли 2026 иқтидори нерӯгоҳи барқии офтобии Ашт ба 250 МВт расонида мешавад. Баъди ба пуррагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иқтидори лоиҳавӣ, нерӯгоҳ метавонад ба яке аз иншооти муҳими истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар табдил ёбад. Ин лоиҳа ҳамзамон аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Амалӣ намудани чунин лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ дар канори зиёд кардани иқтидорҳои истеҳсолии кишвар, инчунин ба рушди инфрасохтор, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, тайёр кардани мутахассисон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Бо ба истифода додани нерӯгоҳи барқӣ 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Нерӯгоҳи барқии офтобии Ашт дар даврае ба истифода дода мешавад, ки дар Тоҷикистон корҳои созандагӣ барои рушди соҳаи энергетика, зиёд кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия идома доранд.
Бунёди ин иншооти бузург дар ноҳияи Ашт қадами навбатӣ дар самти рушди энергетикаи кишвар ва истифодаи имкониятҳои табиии мавҷудаи Тоҷикистон мебошад. Бо ба истифода додани Нерӯгоҳи барқии офтобии Ашт сарчашмаи истеҳсоли барқ дар вилояти Суғд 61% афзоиш ёфт. Ин нерӯгоҳи барқии офтобӣ 40%-и эҳтиёҷоти вилояти Суғдро бо нирӯи барқ таъмин менамояд. Азбаски қисми асосии нирӯи барқи вилояти Суғд аз ҷануби кишвар ба масофаи дур интиқол дода мешавад, бо оғози кори Нерӯгоҳи барқии офтобии Ашт талафоти нирӯи барқ низ кам мегардад.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки дар соли 2027 дар вилояти Суғд иловатан нерӯгоҳҳои барқии офтоби бо иқтидори умумии 700 МВт бунёд ва ба истифода дода шаванд.
Барои тақвияти кори низоми энергетикии вилоят Пешвои миллат тавсия доданд, ки дастгоҳҳои захиракунандаи энергияи барқ бо иқтидори на кам аз 200 мегаватт•соат дар вилояти Суғд дар муҳлати кӯтоҳтарин мавриди истифода қарор дода шаванд.
Бояд қайд намуд, ки бунёди ин иншооти бузург дар ноҳияи Ашт қадами дигар дар самти рушди энергетикаи кишвар ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи табиии Тоҷикистон мебошад.
Дадохон Ҷӯраев,
устоди ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare