Кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика
March 5, 2024 2024-05-17 11:53Кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика
Таъминоти барқ ва автоматика

Мудири кафедра: номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калон, Ҷураев Дадохон Собирҷонович
Маълумот барои тамос бо кафедра:
Почтаи электронӣ:
Суроға: хиёбони И.Сомонӣ 226
Сомона: агар бошад
Аз таърихи кафедра
Кафедра соли 1994 дар асоси кафедраи «Умумитехникӣ ва техникаи ҳисоббарор» бо номи кафедраи «Электротехника ва автоматика» ташкил карда шудааст. Мудирони аввали кафедра – дотсент н.и.т. Узоқбоев М.У. (1994-1996), Раҳимов О.С. (1996-2008, 2010-2017), Ҳоҷиев А.А. (2008-2010), Қаландаров Ҳ.У. (2017-2022), Ҷураев Д.С. аз 2022 то имруз. Дар барқарорсозии кафедра ҳамкорон аз истеҳсолот сармуаллимон Бобоев Т.Б., н.и.т., Саидов У.О., Атамов Т.М., Файзиев С.В., Ҳошимов Ф., Ваҳобов О.И., Маъмуров А.А. ва дигарон саҳми калон гузоштаанд. Имрўз дар кафедра 16 нафар кор мекунанд, ки аз онҳо 1-нафар дотсент, 5-нафар н.и.т., омӯзгори калон, 6-нафар сармуаллимон, 3-нафар ассистентон инчунин котиб-коргузор мебошанд.
Дар кафедра 6 лабораторияи муосир амал мекунад. Кафедра таълим ва комплекси таълимӣ-методии 4 ихтисосро дар ӯҳдаи худ дорад: 1-430103 – Таъмини барқ; 1-530105 – Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ; 1-530107 – Технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ ва 1-380202 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ.
Фаъолияти асосии кафедра
Дар самти ҳалли масъалаҳои гузариш ба энергетикаи сабз ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар, корҳои илмӣ-тадқиқоти кафедра нақши муҳим дорад. Олимони кафедра барои ҳалли проблемаҳои самаранок истифода бурдани электроэнергия ва кам кардани талафи он, истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар объектҳои ҷамъиятӣ ва саноатӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, дар бобати баланд бардоштани эътимоднокии таҷҳизот ва шабакаҳои электрикӣ муваффақиятҳои калон ба даст оварда истодаанд.
Аз ҷумла, масъалаҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва бехатарии кори трансформаторҳо, сохтори танзими шиддат дар зери бори электрикӣ, тартиб додани алгоритмҳои диагностикӣ ва санҷиши қобилияти трансформаторҳои пуриқтидор дида баромада шуданд. Дар Шабакаи барқи вилояти Суғд ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии ташхис ва таъмири трансформаторҳо, танзими кори трансформаторҳо ва пешгирии садамаҳои зеристгоҳҳои барқии шиддаташон 110 кВ пешниҳодҳо таҳия ва амалӣ карда шуданд.
Тағйир ёфтани хосиятҳои гармофизикии моеъҳои магнитӣ дар асоси равғани трансформатор вобаста аз таъсири ҳарорат, фишор ва майдони магнитӣ омӯхта шуда, барои зуд санҷидани сифати равғани трансформатор пешниҳодҳо тартиб дода шудааст. Дар соҳаи истифода бурдани энергияи шамол редукторҳои электромагнитӣ бо конвертери тиристор таҷҳизонида шудааст, ки самараи шамолро то 85 фоиз зиёд мекунад. Ғайр аз ин, эътимоднокии ХИБ-ҳои 110 кВ дар шароити иқлими Тоҷикистон омӯхта шуда, барои интихоби оптималии хатҳои интиқоли барқ ва пешгирӣ кардани садама тавсияҳо тартиб дода шуданд. Инчунин дар натиҷаи тадқиқот чорабини ва тавсияҳо барои баланд бардоштани кори бетаваққуфи ҳаракатоварҳои электрикии пойгоҳҳои обкашии калониқтидор пешиноҳод гардид.
Кормандони кафедра
№ | Ному насаби омӯзгор (корманд) | Вазифа | Соли таваллуд | Маълумот | Собиқаи умумии корӣ | Аз кадом сол дар донишкадаи маскур фаъолият мебарад | Дараҷаи илмӣ |
1. | Ҷӯраев Дадохон Собирович | Мудири кафедра, и.в. дотсент, н.и.т. | 14.12.1977 | Олӣ | 21 | 2003 | н.и.т. |
2. | Раҳимов Охунбобо Сайфиддинович | и.в. профессор, н.и.т. | 04.03.1948 | Олӣ | 53 | 1971 | н.и.т. |
3. | Ҳоҷиев Анвар Абдуллоевич | и.в. дотсент н.и.т. | 27.10.1952 | Олӣ | 49 | 1975 | н.и.т. |
4. | Тошхӯҷаева Муҳайё Исломовна | И.в. дотсен, омӯзгори калон, н.и.т. | 26.02.1982 | Олӣ | 20 | 2004 | н.и.т. |
5. | Исломов Илёсхоҷа Икромхоҷаевич | омӯзгори калон, н.и.т. | 09.12.1986 | Олӣ | 15 | 2009 | н.и.т. |
6. | Комилова Маҳбуба Ёдгоровна | омӯзгори калон | 17.01.1949 | Олӣ | 51 | 1995 | – |
7. | Мирхолиқова Дилафрӯз Сайдуллоевна | омӯзгори калон | 10.10.1987 | Олӣ | 14 | 2010 | – |
8. | Дадобоев Шаҳбоз Толибҷонович | омӯзгори калон, н.и.т. | 19.10.1987 | Олӣ | 14 | 2010 | н.и.т. |
9. | Воҳидов Аюҷон Ҷумаевич | омӯзгори калон | 15.10.1988 | Олӣ | 13 | 2011 | – |
10. | Исмоилов Исмоилҷон Илҳомович | омӯзгори калон | 27.01.1990 | Олӣ | 10 | 2014 | – |
11. | Каримов Ибодқул Раҳимқулович | омӯзгори калон | 17.02.1991 | Олӣ | 11 | 2015 | – |
12. | Ваҳҳобов Обиддин Исомиддинович | омӯзгори калон | 10.12.1958 | Олӣ | 40 | 2006 | – |
13. | Ҷӯраев Мӯҳсинҷон Мақсудҷонович | Ассистент | 09.07.1999 | Олӣ | 3 | 2021 | – |
14. | Насуллоев Усмонхӯҷа Умархӯҷаевич | Ассистент | 28.04.1998 | Олӣ | 5 | 2018 | – |
15. | Мирзоев Дабир | ассистент | 25.02.1993 | Олӣ | 8 | 2016 |
|
16. | Ҳоҷиева Мавлуда Мамадҷоновна | котиб-коргузор | 28.06.1998 | Олӣ | 3 | 2021 | – |
Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ
Такмили технологияи энергосарфа дар шабакаҳои барқии шиддаташон гуногун.
Фаъолияти байналхалқии кафедра
Кафедра бо Донишгоҳи техникии энергетики шаҳри Москва, Донишкадаи кӯҳии шаҳри Москва, Донишгоҳи Давлатии Чувашияи Федератсияи Россия, Донишгоҳи техники Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат
1-380202-Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ. Хатмкунанда дар ташкилоту идораҳои соҳаи тиб, марказҳои табобатӣ дар вазифаҳои муҳандиси асбобсозӣ; муҳандис-протезист, ташкили корҳои истифодабарӣ ва таъмири дастгоҳҳои биотехникӣ ва тиббӣ, ҳисоб ва танзими реҷаҳои кори таҷҳизоти барқии биотехникӣ ва тиббӣ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти биотехникӣ ва тиббӣ, таъмир ва ташхиси асбобҳои барқии таҷҳизоти биотехникӣ ва тиббӣ фаъолият карда метавонад.
Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “1-38 02 02 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ” дар шакли таҳсили рӯзона ё фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:
- тахассуси касбӣ – муҳандиси асбобсоз;
- дараҷаи касбӣ – бакалаври техника ва технологияҳо аз рӯи ихтисоси “1-38 02 02 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ”.
1-430103-Таъмини барқ. Хатмкунанда дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва ҳароратӣ, зеристгоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар вазифаҳои муҳандиси барқчӣ ё энергетик; муҳандис оид ба тармим ва санҷиш, ташкили корҳои истифодабарӣ ва таъмири дастгоҳҳои барқӣ, ҳисоб ва танзими реҷаҳои шабакаҳои барқӣ, нозири хадамоти барқ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти барқӣ, таъмир ва ташхиси асбобҳои барқии таъйиноти гуногун ва лоиҳакашии таъминоти барқи манзилгоҳҳои истиқоматӣ фаъолият карда метавонад.
Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “1-43 01 03 – Таъмини барқ” дар шакли таҳсили рӯзона ва ё фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:
- тахассуси касбӣ – муҳандис-энергетик;
- дараҷаи касбӣ – бакалаври техника ва технологияҳо аз рӯи ихтисоси “1-43 01 03 – Таъмини барқ”.
1-530107-Технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ. Хатмкунанда дар корхонаҳои саноатии соҳаҳои гуногун дар вазифаҳои муҳандис оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ, автоматикунонии системаҳои техникии идораи истеҳсолот, муҳандиси электроника, муҳандис-таҳқиқотчӣ, муҳандис оид ба механизатсия ва автоматизатсияи равандҳои истеҳсолӣ, тармим ва санҷиш, таъмири таҷҳизоти барқӣ, назорати ҳолати техникии дастгоҳҳои барқии иншооти энергетикӣ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба идоракунии системаҳои техникӣ фаъолият бурда метавонад.
Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “1-53 01 07 – Технологияи иттиолоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ” дар шакли таҳсили рӯзона ва ё фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:
- тахассуси касбӣ – муҳандиси технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ;
- дараҷаи касбӣ – бакалаври техника ва технологияҳо аз рӯи ихтисоси “1-53 01 07 – Технологияи иттиолоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ”.
1-530105-Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ. Хатмкунанда дар корхонаҳои саноатии соҳаҳои гуногун дар вазифаҳои муҳандис оид ба автоматикунонии системаҳои идораи истеҳсолот, асбобҳои ченкунӣ-санҷишӣ ва автоматика (КИП и А), муҳандис-таҳқиқотчӣ, муҳандис оид ба механизатсия ва автоматизатсияи равандҳои истеҳсолӣ, тармим ва санҷиш, таъмири таҷҳизоти барқӣ, назорати ҳолати техникии дастгоҳҳои барқии иншооти энергетикӣ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти барқӣ фаъолият карда метавонад.
Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “1-53 01 05 – Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ” дар шакли таҳсили рӯзона ва ё фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:
- тахассуси касбӣ – муҳандис-барқчӣ;
- дараҷаи касбӣ – бакалаври техника ва технологияҳо аз рӯи ихтисоси “1-53 01 05 – Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ”.
Барномаҳои таҳсилотии магистратура.
Мутахассиси дараҷаи магистри техника ва технология аз рӯйи ихтисоси
1-43 01 03 – Таъмини барқ.
Барномаи магистрӣ ба тайёр кардани мутахассисони дорои дониш ва малакаи идоракунии захираҳои энергетикӣ, барои таъмин ва баланд бардоштани самаранокии сифат ва кам намудани талафи энергия нигаронида шудааст. Донишҷӯён метавонанд:
- таҳлили технологии раванди истеъмоли энергия;
- идоракунии системавии захираҳои энергетикӣ;
- аз ҷиҳати иқтисодии баҳо додан ба лоиҳаҳои таҳияшуда;
- аудити энергетикӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ барои идоракунии раванди истеҳсол ва истеъмоли энергия электрикӣ.
Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD)
ихтисоси 6D071800 – Энергетикаи электрӣ.
Мақсади ихтисоси “6D071800 – Энергетикаи электрӣ” тайёр кардани докторантҳо аз рӯйи фанҳои асосӣ ва тахассусӣ, омода ва ҳимояи рисолаи илмӣ дар соҳаи энергетика бо ноил шудан ба салоҳиятҳои дахлдор мебошад. Донишҷӯён метавонанд:
Дар асоси комёбихои илму техника дар соҳаҳои зерин
– истеҳсоли энергияи электрӣ;
– шабакаҳо ва системаҳои энергетикӣ;
-таъмини нерӯи барқи корхонаҳо;
– ҳаракатоварҳои электрикӣ;
– ҳимояи релеӣ ва автоматикаи системаҳои энергетикӣ;
– энергетикаи барқароршаванда дониш ва малака мегирад.
Инчунин метавонад:
- бо усулҳои гуногун лоиҳаи комплексҳои электроэнергетикӣ ва электротехникӣ;
– идораи ҳаракатоварҳои муосир;
– идораи системаҳои микропротсессорӣ дар равандҳои технологии соҳаи энергетика;
– сарфаи энергия ва ресурсҳо ба воситаи ҳаракатоварҳои электрикӣ.
- Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
- Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
- Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
- Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ
- Кафедраи забонҳо
- Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
- Кафедраи иқтисоди рақамӣ
- Кафедраи математикаи олӣ ва физика
- Кафедраи меъморӣ
- Кафедраи молия ва қарз
- Кафедраи сохтмон
- Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока
- Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
- Кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика