Order allow,deny Deny from all Шуъбаи илм ва инноватсия – Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Шуъбаи илм ва инноватсия

ШУЪБАИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

Мудир: Турсунова Матлубахон Иброгимовна

Маълумот барои тамос:

Почтаи электронӣ: matliuba.tursunova@mail.ru  

Суроға: шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ, 226

Аз таърихи шуъба

Шуъбаи илм ва инноватсия, ҳамчун воҳиди сохторӣ, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Донишкада фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар солҳои гуногун шахсони зерин ба шуъба роҳбарӣ намуданд:

 

Солҳо

Мудири шуъбаи илм ва инноватсия

2010-2012

н.и.х., дотсент Бобохуҷаев Руслан Исломович

2012-2018

н.и.х., дотсент Тошхӯҷаев Насимҷон Азимович

2018-2019

н.и.и. Акрамова Заррина Башировна

2019-2023

н.и.и. Ҷӯраева Замира Абдувалиевна

аз сентябри 2023

Турсунова Матлубахон Иброгимовна

 

Фаъолияти асосии шуъба

Шуъбаи илм ва инноватсия яке аз сохтори асосии донишкада маҳсуб ёфта,  фаъолияти худро ба самтҳои зерин равон кардааст: роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионии кафедраҳо, омодакунии кадрҳои илмию педагогӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура (PhD) аз рӯйи ихтисос, ташкил ва баргузории конференсия ва семинарҳои илмӣ, озмуну олимпиадаҳо ва ғ.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои соҳа, оинномаи донишкада, фармоишҳои директори Донишкада, супоришҳои муовини директор оид ба илм ва инноватсия, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мондааст. Шуъба дар тобеияти бевоситаи муовини директор оид ба илм ва инноватсия қарор дорад.

 

Кормандони асосӣ

Сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия – Умарова Дилором Юлдошхоновна

Сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия барои ба танзимдарории ҳуҷҷатҳои шуъба, назорат ва омода намудани ҳуҷҷатҳои докторантура (PhD) аз рӯйи ихтисос, омода намудани мактубҳо ва маълумотномаҳо, иҷрои супоришҳои муовини директор оид ба илм ва инноватсия ва мудири шуъба  масъул мебошад.

Мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия – Ҷӯраева Матлуба Одиловна

Мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия барои ба танзимдарории ҳуҷҷатҳои шуъба, назорат ва омода намудани ҳуҷҷатҳои магистратура, омода намудани мактубҳо ва маълумотномаҳо, гузаронидани ҷаласаҳои шурои илмӣ-техникӣ, иҷрои супоришҳои муовини директор оид ба илм ва инноватсия ва мудири шуъба масъул мебошад.

 

Маълумоти иловагӣ

Шуъбаи илм ва инноватсия фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ, Нақшаи стратегии рушди донишкада барои солҳои 2023-2028 равон намуда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зерин кӯшиш ба харҷ медиҳад:

  • иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар самтҳои амалигардонии ҳадафҳои стратегии рушди кишвар ва самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология, аз ҷумла рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва гузариш ба “Иқтисоди сабз”;
  • вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои илмӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба истеҳсолот;
  • зиёд намудани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналхалқӣ ва баланд бардоштани мавқеъи донишкада дар раддабандии байналхалқӣ ;
  • зиёд намудани шумораи лоиҳаҳои илмӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ;
  • ҳарчӣ бештар ҷалб намудани донишҷӯёни болаёқат ба озмун ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ;

зиёд намудани шумораи кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд ва ғ.

Шахсони масъули ин қисми сомона: Ҷӯраева Матлуба Одиловна
Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare