Order allow,deny Deny from all Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ – Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ

ШУЪБАИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ

Мудир:

Корманди асосӣ

  • Мутахассис – Рофиев Исфандиёр Бахтиёрович

 Телефон барои тамос: +992929369336

Маълумот барои тамос:                           

Почтаи электронӣ: ir@polytech.tj

Суроға: хиёбони И. Сомонӣ 226

Фаъолияти асосии шуъба

 

Мақсади фаъолияти шуъбаи робитаҳои хориҷӣ – шуъба бо мақсади ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии ДПДТТХ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, ташкилотҳои таълимӣ дар самти фаъолияти таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва иҷтимоӣ таъсис ёфтааст. Мақсади шуъба амалӣ намудани фаъолияти байналмилалии ДПДТТХ ва таҳкими обрӯйи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи робитаҳои хориҷӣ:

  • шиносоии ДПДТТХ бо конференсияву семинарҳои илмии байналмиллалӣ ва давлатӣ, ташрифоварӣ ба макотиб, донишкадаву донишгоҳҳо, ҳамкорӣ ва раҳнамоӣ намудан барои мубодилаи донишҷӯён ва дигар намуди ҳамкориҳо;
  • банақшагирии дарозмуддати фаъолияти байналмилалиро амалӣ намудан, таҳияи нақшаҳо ва созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ бо донишкадаву донишгоҳҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ;
  • назорати ҳуҷҷатгузории донишҷӯёни хориҷии ҳамаи зинаи таҳсилот;
  • ҷустуҷӯи ҳамкорон дар байни муассисаҳои таълимии хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
  • дарёфт ва коркарди пешакии дархостҳо ва грантҳо;
  • ташкили банақшагирӣ ва назорат аз рӯи татбиқи лоиҳаҳо ва грантҳо аз тарафи факултетҳо, кафедраҳо ва дигар қисматҳои ДПДТТХ;

қабул кардани намояндагон ва ҳайатҳои донишгоҳҳои хориҷиро мутобиқи санадҳои меъёрӣ ва дастурамалҳои мавҷуда ташкил намудан, мукотиба бо потенсиали шарикони хориҷӣ ва кунуни корҳоро ба анҷом додан, имзои протоколҳо ва созишномаҳои ҳамкориҳои байналмилалиро таъмин намудан.

 

Вазифаҳои шуъбаи робитаҳои хориҷӣ:

  • ташкил ва ҳамоҳангсозии тамоми шаклҳои ҳамкории байналмилалии ДПДТТХ. Таҳияи барномаҳо, созишномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалии ДПДТТХ;
  • ҷустуҷӯ, ба роҳ мондан ва нигоҳ доштани робитаҳо бо шарикони хориҷӣ, ки барои баланд бардоштани сатҳи корҳои таълимӣ ва илмӣ, беҳбуди заминаи моддию техникӣ мусоидат намуда, барои баланд шудани нуфузи ДПДТТХ дар хориҷи кишвар мусоидат мекунад;
  • ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги фаъолияти шуъбаҳои ДПДТТХ дар таҳия ва татбиқи созишномаҳо, барномаҳо, лоиҳаҳо ва қарордодҳои байналмилалӣ, ки ДПДТТХ дар онҳо иштирок мекунад;
  • мусоидат ба кафедраҳо, кормандони ДПДТТХ дар ташаббусҳои онҳо оид ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ, дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки мутақобилан судманд бо шарикони хориҷӣ;
  • ташкил ва мониторинги иштироки донишҷӯён, аспирантҳо ва кормандони ДПДТТХ дар барномаҳои байналмилалии мубодилаи академӣ;
  • ташкили қабул ва будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки бо даъвати ДПДТТХ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд.
  • баҳисобгирӣ ва бақайдгирии донишҷӯёни хориҷӣ;
  • намояндагии манфиатҳои ДПДТТХ дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар;
  • дастгирии иттилоотӣ ва ташкилии фаъолияти байналмилалии ДПДТТХ;
  • дастгирии иттилоотӣ ва дастгирии лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалӣ;
  • ташаккул додани махзани маълумот оид ба фаъолияти ҳамкории байналмилалӣ;

 – гузаронидани мукотибаи байналмилалӣ бо мақсади вусъат додани робитаи ДПДТТХ бо ашхоси манфиатдор ва ташкилотҳо;

Шахсони масъули ин қисми сомона: Умарова Дилоромхон Юлдошхоновна
Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare