Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
April 13, 2024 2024-05-17 11:53Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
Автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт

Мудири кафедра: номзади илмҳои техникиӣ, дотсент, Салимов Икром Исломович
Маълумот барои тамос бо кафедра:
Почтаи электронӣ: kbni@polytech.tj (бояд аз IT муайян карда шавад)
Суроға: ш. Хуҷанд, кучаи И. Сомони (Ленина) 226, бинои С
Сомона: https://polytech.tj/fakultetho/sokhtmon-va-naqliyot/kafedrai-avtomobilho-va-idorakunii-naqliet (кӯҳнааш)
Аз таърихи кафедра
Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт дар заминаи кафедраи механикаи филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ 1 сентябри соли 2010, баъди якҷояшавӣ бо Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва таъсиси Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, таъсис дода шудааст. Кафедра муттахассисонро дар се зинаи таҳсилот аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамояд:
1-370107 – Хизматрасонии автомобилӣ ва 1-440101 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ, (зиннаи бакалавр ва магистратура) ва 6D090100 – Ташкили ҳамлу нақл, ҳаракат ва истифодабарии нақлиёт (зинаи доктарантура аз рӯи ихтисос).
Барои ташкил ва рушди кафедра фаъолияти кормандони пуртаҷриба Аминов Ф.А., Фатҳиддинов Б.Р., Акрамов А.А., Башиков И.Т., Мансуров Ш.Р., Алибоев Н. А., Раҳматов А. ва дигарон назаррас аст.
Аз ташаккули кафедра (сентябри соли 2010) то ҳол роҳбарии кафедраро устодони зерин ба ӯҳда доштанд: Акрамов А. (2010-2015); Алиев Ш.С. (2015-22021); Тоҳиров Т.И. (2021-2022). Аз соли 2022 роҳбарии кафедраро Салимов И.И. ба ӯҳда дорад.
Дар назди кафедра стансияи хизматрасонии автомобилӣ бо таҷҳизотҳои наву замонавӣ ҷиҳозонида шудааст, ки дар он корҳои амалӣ, амалӣ – лабораторӣ ва лаборатории аз фанҳои ихтисосҳои кафедра гузаронида мешавад.
Дар тӯъли фаъолияти кафедра аз тарафи устодони кафедра зиёда аз 20 адад васоити таълим ва китобҳои дарсӣ, супориш ва дастури методи зиёда аз 40 адад, мақолаҳои илмӣ зиёда аз 232 адад ва 16 адад дастури методӣ барои иҷроиши корҳои амалӣ лабораторӣ ва лабораторӣ аз чоп баромадааст.
Дар СХТА назди кафедра се озмоишгоҳ ба истифода дода шуд, ки дар он корҳои ташхисӣ автомобил, нигоҳубини техникӣ ва таъмири таҷҳизотҳои барқии автомобил, инчунин таъмири муҳаррикҳои автомобилҳои сабукрав ва агрегатҳои он гузаронида мешавад.
Фаъолияти асосии кафедра
Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт яке аз ҷузҳои асосии сохтори таълимӣ ва илмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ буда, оид ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 1-370107 – Хизматрасонии автомобилӣ ва 1-440101 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ, (зиннаи бакалавр ва магистратура) ва 6D090100 – Ташкили ҳамлу нақл, ҳаракат ва истифодабарии нақлиёт (зинаи доктарантура аз рӯи ихтисос) кафедраи асосӣ мебошад.
Кафедра фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ барои равия ва фанҳои тахассусии ин самт ва ихтисосҳо, ташкили курсҳои такмили ихтисос ва кӯтоҳмуддат оид ба технологияҳои ин соҳаҳо ба эҳтиёҷмандон аз рӯи шартнома хизмат мерасонанд, ба роҳ мондааст.
Кафедра фаъолияташро дар самти тайёр намудани бакалаврҳо, магистрҳо, мутахассисон, докторҳои фалсафа (PhD), докторҳо аз рӯи ихтисос, номзад ва докторҳои илм, ки дорои дониш ва маҳорату малакаи баланди касбии барои бомуваффақият фаъолият намудани онҳо зарур, ҳамчунин рушди қобилияти эҷодии донишҷӯ, қобилияти илмии докторант аз рӯи ихтисос, докторант ва ташаккули мавқеи шаҳрвандии онҳо ба роҳ монда шудааст.
Кормандони кафедра
Маълумоти мухтасари статистикӣ. Дар охир истинод / ссылка (бо номи “муфассалтар”) ба саҳифаи алоҳида бо рӯйхати кормандон бо вазифа, фанҳои дарсдиҳанда, корҳои нашршудаи асосии онҳо
Ҳайати устодони кафедра:
Салимов Икром Исломович – мудири кафедра, н.и.т., дотсент
Акрамов Абдуқодир – н.и.т., дотсент
Маҳмудова Фароғат Мирзонасриевна – н.и.т., омӯзгори калон
Башиков Ином Турсунович – омӯзгори калон
Тоҳиров Тоҳирчон Исломҷонович – омӯзгори калон
Бобоев Музаффар Муҳиддинович – омӯзгори калон
Ашӯров Сайёд Абдуқаюмович – омӯзгори калон
Башиков Зуфарҷон Иномович – ассистент
Нурматов Ҷахонгир – ассистент
Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ
Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра аз рӯи мавзӯъи “Рушди хизматрасонии нақлиётӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақа” иҷро шуда истодааст, ки самтҳои техникӣ ва иқтисодӣ дар бар мегирад.
Фаъолияти байналхалқии кафедра
Мухтасар оиди шарикон, лоиҳаҳо
Кафедра дар ҳамҷояги бо шӯъбаи робитаҳои байналмиллалии донишкада бо ташкилотҳои зерин ҳамкорӣ менамояд:
– Бонки ҷаҳонӣ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ (дар доираи лоиҳаи касби ман)
– GIZ (Deutsche Gesellschaft fur Internationale Zumsammenarbeit GmbH)
Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат
1-370107 – Хизматрасонии автомобилӣ
Баъди хатм ва аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ихтисоси “1-37 01 07 – Хизматрасонии автомобилӣ”, дар шакли таҳсили рӯзона ва ё фосилавӣ, ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:
- тахассуси касбӣ – муҳандис-механик;
- дараҷаи касбӣ – бакалаври техника ва технологияҳо аз рӯйи ихтисоси “1-37 01 07 – Хизматрасонии автомобилӣ”.
Хатмкунандаи ихтисоси “1-37 01 07 –Хизматрасонии автомобилӣ” барои фаъолият дар системаҳои хизматрасонии техникӣ, ташхис ва таъмири автомобилҳо; муассисаҳо ва ташкилоти нақлиёти автомобилии дорои шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, ташкилоти лоиҳакаши-технологӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои автосервисӣ, марказҳои фирмавӣ ва диллерии наклиёти автомобилӣ, хизмарасонии маркетингӣ ва нақлиётию экспедитсионӣ, системаи таъминоти маводҳои техникӣ, хизматрасонии фуруши яклухт ва чаканаи нақлиёти автомобилӣ омода карда мешавад. Намудҳои фаъолияти касбие, ки аз рӯи онҳо хатмкунанда пас азхуд кардани барномаи бакалавриат, омодагӣ мебинад, чунинанд:
– илмӣ-истеҳсолӣ;
– технологӣ;
– ташкилӣ-идоракунӣ;
– таъмирӣ-истифодабарӣ;
-таълимӣ-истеҳсолӣ.
- 1-440101 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ
Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “1-44 01 01 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ” дар шакли таҳсили рӯзона ва ё фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:
- тахассуси касбӣ – муҳандис-менеҷер;
- дараҷаи касбӣ – бакалаври техника ва технологияҳо аз рӯи ихтисоси “1-44 01 01 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ”.
Хатмкунандаи ихтисоси “1-44 01 01 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ” метавонад фаъолият намояд: муассисаҳо ва ташкилоти комплекси нақлиётии дорои шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, ташкилоти лоиҳакашӣ-технологӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ, марказҳои фирмавӣ ва дилерӣ, кассаҳои фурӯши чиптаҳои ҳамлу нақлӣ, мақомоти бехатарии ҳаракат дар роҳ, муассисаҳо ва ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионӣ, мақомотҳои минтақавии идоракунии инспексияи нақлиётӣ ва инспексияи нақлиётии давлатӣ, системаҳои минтақавии интиқоли бор ва мусофиркашонӣ, муассисаҳо ва ташкилоти таъминоти иттилоотии системаҳои истеҳсолӣ – технологӣ, органҳои идораи минтақавии нақлиёт ва хадамоти давлатии нақлиётӣ, фаъолияти маркетингӣ ва қисматҳои омӯзиши таъминот дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ, тартиби истеҳсолот ва савдо, ташкилот ва корхонаҳое, ки системаи иттилоотии истеҳсолӣ ва нақлиётиро таъмин мекунад, хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ташкили кори терминалҳои боркашон, мусофирбар, марказҳои логистикӣ анборҳои тиҷоратиро дарбар мегирад. Намудҳои фаъолияти касбие, ки аз рӯи онҳо хатмкунанда пас азхуд кардани барномаи бакалавриат, омодагӣ мебинад, чунинанд:
- илмӣ-истеҳсолӣ;
- ташкилотчигӣ-идоракунӣ,
- лоиҳакашӣ-конструкторӣ;
- истеҳсолӣ-технологӣ.
Барномаҳои таҳсилотии магистратура
1-370107 – Хизматрасонии автомобилӣ
Магистрони хизматрасонии автомобилӣ барои фаъолият дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди милли кишвар, ташкилоту корхонаҳои шакли ҳуқуқиашон гуногун тайёр карда мешавад.
Фаъолияти мутахассисони ихтисоси хизматрасонии автомобилӣ ба таҳияву татбиқи қарорҳои ташкилию технологӣ ва хоҷагидорӣ дар ҳамаи мақомотҳои соҳавӣ ва корхонаву ташкилотҳои хоҷагидорӣ равона карда шудааст. Намудҳои фаъолияти касбие, ки аз рӯи онҳо хатмкунанда пас аз азхуд кардани барномаи магистратура, омодагӣ мебинад, чунинанд:
- фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-муҳаққиқӣ;
- фаъолияти истеҳсолӣ-технологӣ;
- фаъолияти ташкилотчигӣ-идоракунӣ, лоиҳакашӣ-тарҳрезӣ;
- фаъолияти таълимӣ.
- 1-440101 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ
Магистрони ихтисоси ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ барои фаъолият дар муассисаҳо ва ташкилоти комплекси нақлиётии дорои шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, ташкилоти лоиҳакашӣ-технологӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ, марказҳои фирмавӣ ва дилерӣ, кассаҳои фурӯши чиптаҳои ҳамлу нақлӣ, мақомоти бехатарии ҳаракат дар роҳ, муассисаҳо ва ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионӣ, мақомотҳои минтақавии идоракунии инспексияи нақлиётӣ ва инспексияи нақлиётии давлатӣ, системаҳои минтақавии интиқоли бор ва мусофиркашонӣ, муассисаҳо ва ташкилоти таъминоти иттилоотии системаҳои истеҳсолӣ – технологӣ, органҳои идораи минтақавии нақлиёт ва хадамоти давлатии нақлиётӣ, фаъолияти маркетингӣ ва қисматҳои омӯзиши таъминот дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ, тартиби истеҳсолот ва савдо, ташкилот ва корхонаҳое, ки системаи иттилоотии истеҳсолӣ ва нақлиётиро таъмин мекунад, хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ташкили кори терминалҳои боркашон, мусофирбар, марказҳои логистикӣ анборҳои тиҷоратиро дарбар мегирад. шакли њуќиашон гуногун тайёр карда мешавад. Намудҳои фаъолияти касбие, ки аз рӯи онҳо хатмкунанда пас аз худ кардани барномаи магистратура, омодагӣ мебинад, чунинанд:
- фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-муҳаққиқӣ;
- фаъолияти истеҳсолӣ-технологӣ;
- фаъолияти ташкилотчигӣ-идоракунӣ, лоиҳакашӣ-тарҳрезӣ;
- фаъолияти таълимӣ.
Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD)
6D090100 – Ташкили ҳамлу нақл, ҳаракат ва истифодабарии нақлиёт
Дар докторантура аз рўйи ихтисоси ташкили ҳамлу нақл, ҳаракат ва истифодабарии нақлиёт тайёр намудани кадрҳои илмӣ бо додани дараҷаи олии академии “доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўйи ихтисоси – Ташкили ҳамлу нақл, ҳаракат ва истифодабарии нақлиёт” амалӣ карда мешавад. Барномаи таълимии тайёр намудани доктори фалсафа (РhD) самти илмӣ-педагогӣ дошта, омўзиши бунёдӣ, таълимӣ, методологӣ, таҳқиқотӣ ва таҳсили амиқи фанҳоро аз рўйи самтҳои дахлдори илм барои низоми таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва соҳаи илмию таҳқиқотӣ пешбинӣ менамояд. Дараҷаи таълими қаблии шахсоне, ки хоҳиши аз худ кардани барномаи таълимии докторантура аз рўйи ихтисосро доранд – магистратураро хатм намудаанд.
- Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
- Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
- Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
- Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ
- Кафедраи забонҳо
- Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
- Кафедраи иқтисоди рақамӣ
- Кафедраи математикаи олӣ ва физика
- Кафедраи меъморӣ
- Кафедраи молия ва қарз
- Кафедраи сохтмон
- Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока
- Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
- Кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика