Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
April 15, 2024 2024-05-17 11:53Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
БАРНОМАРЕЗӢ ВА НИЗОМҲОИ ИТТИЛООТӢ

Мудири кафедра: номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, Худойбердиев Хуршед Атохонович, tajlingvo@gmail.com
Маълумот барои тамос бо кафедра:
Почтаи электронӣ: kbni@polytech.tj
Суроға: шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226, бинои Э
Сомона: агар бошад
Аз таърихи кафедра
Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ соли 2010 дар асоси кафедраи таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотии ФХДТТ ташкил ёфтааст. Аз соли 2014 ба ҳайати факултети информатика ва энергетика ДПДТТХ дохил мешавад.
Кафедра дар самти гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият як қатор корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида шуда, дастовардҳои хеле назаррас ба даст овардааст, аз ҷумла дар равияҳои автоматикунонии раванди таълим дар МТОК ва соҳаҳои иқтисодиёт, лингвистикаи компютерӣ ва ғ. Хусусан, муваффақиятҳои илмие, ки таҳти роҳбарии академики Академияи миллии илмии ҶТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Усмонов З.Ҷ. ба даст оварда шудаанд. Аз тарафи шогирдони ӯ аввалин маротиба ҷойгиршавии оптималии ҳарфҳои забони тоҷикӣ дар клавиатура таҳлил карда шуда, онҳо дар ҷорӣ намудани забони тоҷикӣ дар системаи оператсионии Windows иштирок карданд, дар ҳамкорӣ бо ширкати умумиҷаҳонии MicroSoft пакети барномаҳоро барои тафтиши автоматии имлои забони тоҷикӣ, тезаурус ва аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо барои барномаи MS Office коркард намудаанд. Илова бар ин, барномаҳоро барои синтез ва шинохтани овоз, тарҷумаи автоматии матн, шинохти муаллиф аз рӯи матн коркард шудааст. Барои натиҷаҳои назаррас дар рушди лингвистикаи компютерӣ дар соли 2017 н.и.ф.м. Солиев О.М. ва н.и.ф.м. Худойбердиев Х.А. ба ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С.Умаров дар соҳаи илм ва техника сазовор гаштанд. Натиҷаи тадқиқоти илмии устодони кафедра дар истеҳсолот ва ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон васеъ истифода мешаванд, масалан, системаи қабули пардохтҳо тавассути терминалҳои худхизматрасон (Express Pay), системҳои автоматигардонидашудаи хизматрасониҳои коммуналӣ ва пардохти ғайринақдӣ дар нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе ва ғ. Дар ин самт дар давоми 10 соли охир 4 рисолаҳои номзадӣ ҳимоя шуда, 10 монографияҳо ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ нашр шудаанд. Зиёда аз 40 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ ба даст оварда шудааст. Натиҷаҳои илмӣ дар конференсияҳои байналхалқӣ, ки дар мавзуи “Системаҳои иттилоотии амалӣ: масъалаҳои моделиронӣ, коркард ва истифодаи он дар мамлакатҳои тараққикардаистода” (солҳои 2012, 2017, 2022), мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
Фаъолияти асосии кафедра
Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ (КБваНИ) яке аз ҷузъҳои асосии сохтори таълимӣ ва илмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (ДПДТТХ) буда, барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои “1-400101 – Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ” (зинаи бакалавриат), “1-450101 – Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо” (зинаи бакалавриат) ва ихтисоси докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) “6D070400 – Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ” фаъолият мебарад. Инчунин дар назди кафедра курси кӯтоҳмуддати “Технологияи иттилоотӣ” фаъолият мебарад.
Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ
- Коркарди таъминоти барномавии автоматикунонии истифодаи забони тоҷикӣ.
- Усулҳои коркарди симои рақамии забони тоҷикӣ.
- Модели математикии омори забони тоҷикӣ.
- Модели компютерии транслитератсия матн аз алифбои кириллии тоҷикӣ ба алифбоҳои кириллии русӣ ва лотинии англисӣ.
- Сохтори мантиқии корпуси овозии забони тоҷикӣ.
- Алгоритмҳои таҳлили хатогиҳои грамматикӣ дар забони тоҷикӣ.
- Корпуси забони тоҷикӣ дар асоси матнҳои ашъори классикии бачагона.
- Усулҳо, тарҳи компютерӣ ва модулҳои барномаҳои компютерӣ барои тарҷумони мошинии тоҷикӣ.
- Коркарди низомҳои иттилоотӣ барои пешбарии раванди корӣ дар соҳаҳои гуногун
- Раванди таълим дар МТОК
- Мактаби электронии Тоҷикистон
- Китобхонаи рақамӣ
- Тандурустӣ ва тиб
- Ҳуқуқшиносӣ
- 1С-Муҳосибот
- Тарҳрезӣ, сохтан ва баамалдарории шабакаҳои локалӣ-ҳисобӣ дар ташкилот ва корхонаҳо
Фаъолияти байналхалқии кафедра
- Институт математикаи ба номи А.Ҷӯраев, Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон
- Маркази илмии Хуҷанд, Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон
- Кафедраи информатикаи факултети механикӣ-математикаи Дониишгоҳи миллии Тоҷикистон.
- Факултети технологияи информатсионӣ ва математикаи Донишгоҳи давлатии Нижневартовск, шаҳри Нижневартовск, округи автономӣ Ханты-Мансийский, Федератсияи Россия
- ТУСУР
- Донишгоҳи давлатии радиотехникии Рязан ба номи В.Ф. Уткина.
- Маркази илмӣ-инноватсионии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошкент ба номи М. ал-Хоразмӣ
Кормандони кафедра
Дар кафедра ду нафар номзадони илм, се нафар омӯзгори калон, ду нафар ассистент ва як нафар лаборанти калон фаъолият мебаранд.
- Худойбердиев Хуршед Атохонович, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент
- Левандовский Богдан Игоревич, номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калон
- Назаров Абдусамад, омӯзгори калон
- Ашӯрова Шабнам, омӯзгори калон
- Сафаров Ғаниҷон, омӯзгори калон
- Етмишбоева Шаҳноза, ассистент
- Солиева Меҳрангез, ассистент
Бобоҷонов Камол, лаборант
- Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
- Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
- Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
- Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ
- Кафедраи забонҳо
- Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
- Кафедраи иқтисоди рақамӣ
- Кафедраи математикаи олӣ ва физика
- Кафедраи меъморӣ
- Кафедраи молия ва қарз
- Кафедраи сохтмон
- Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока
- Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
- Кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика