Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
April 15, 2024 2024-05-17 11:53Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
КАФЕДРАИ АГРОТЕХНОЛОГИЯ ВА ЭКОЛОГИЯИ САНОАТ

Мудири кафедра: профессор, д.и.к., Рашидов Наим Ҷалолович
Маълумот барои тамос бо кафедра:
Почтаи электронӣ: naimrashidov-tj@mail.ru
Суроға: ш. Хуҷанд, кӯч. Ҳаким Карим 52, ДПДТТ, ФМТ, каб. Т 215
Сомона:
Аз таърихи кафедра
Кафедраи огратехнология ва экологияи саноат бевосита бо ташаббуси собиқ мудири он н.и.т. Сайфуллоев Т.Х. соли 1.09.1998 дар назди филиали донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчу кафедраи агротехнология ташкил карда шудааст. Дар соли 2010 кафедраи агротехнология пас аз ҳамроҳ шудани ду филиалҳо – Филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба таркиби Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дохил гардид, соли 2016 бо кафедраи технологияи хӯрока ҳамроҳ шуда, кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология ном гирифт, соли 2022 пас аз таҷдид гардидани кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, ду ихтисосро дарбар гирифта ба кафедраи агротехнология ва экологияи саноат таъсис гашт.
- Ихтисоси 1-57 01 01 01 – Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ соли 2019 дар назди кафедра ихтисоси таъсис гашт ва соли 2023 якумин хатмкунандагон ин ихтисосро хатм намуданд.
- Ихтисоси 1-74.02.06 – Истеҳсол, нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ (бакалавриат ва магистратура) аз соли 1998 фаъолият мебарад. Ин ихтисос дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ дар вилояти Суғд яккаву ягона мебошад. Барои омода сохтани мутахасисони баландпоя ба донишҷӯён устодони пуртаҷриба, номзадони илм аз рӯи ихтисос дарс мегуянд.
Фаъолияти асосии кафедра
Ҳадафи кафедра омодасозии ҳамаҷониба ва босифати хатмкунандагони соҳибихтисос ва рақобатпазир аст, ки бо истифода аз усулҳои муосир ва талаботҳои имрӯза дорои маҷмӯи салоҳиятҳо ва омода, барои ҳалли мушкилоти фаъолияти касбӣ дар соҳаи экологияи саноат ва истифодаи оқилони захираҳои табиӣ, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ мебошанд.
Кормандони кафедра
Маълумоти мухтасари статистикӣ. Дар охир истинод / ссылка (бо номи “муфассалтар”) ба саҳифаи алоҳида бо рӯйхати кормандон бо вазифа, фанҳои дарсдиҳанда, корҳои нашршудаи асосии онҳо
Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ
- Ихтисоси 1-57 01 01 01 – Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ барои ҳалли масъалаҳои зерини касбӣ омода мебошад:
- таҳқиқи манбаъҳои ифлосшавии муҳити зист (ифлосшавии атмосфера, объектҳои об, хок);
- таҳияи усулҳои мониторинги ифлосшавии муҳити зист;
- кам ва барҳам додани объектҳои технологии ифлосшавӣ;
- арзёбии таъсири партовҳои атмосфера аз корхонаҳои саноатӣ ба муҳити табиӣ (атмосфера, хок, об);
- назорати риояи қонунҳо ва қоидаҳои ҳифзи муҳити зист аз ҷониби ташкилотҳо;
- кор оид ба тоза кардани обҳои саноатӣ ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист;
- ташкил ва банақшагирии истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ дар корхона ва минтақа;
- баҳодиҳии зарари иқтисодӣ аз ифлосшавии муҳити зист;
- ташкили чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист;
- иштирок дар санҷиши ҳолати техникии таҷҳизот ба талаботи ҳифзи муҳити зист;
- татбиқи чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани технологияи нав, бо назардошти талаботи экологӣ;
- таҳияи роҳҳои баромадан аз бӯҳрони экологӣ.
- Ихтисоси 1 – 74 02 06 – Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ барои ҳалли масъалаҳои зерини касбӣ омода мебошад:
- ба роҳ мондани агротехникаи парвариши муосири маҳсулоти растанипарварӣ вобаста ба шароити тағйирёбии иқлим;
- ҷорӣ кардани технологияи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти тозаи экологӣ;
- назорати риояи низоми технологӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулот;
- ташкил ва танзими реҷаҳои оптималии нигоҳдории маҳсулот;
- ташкили таъминоти метрологии равандҳои технологӣ, истифодабарии усулҳои намунавии назорати сифати маҳсулот;
- назорати риояи бехатарии экологии иҷрои корҳо;
- гузаронидани таҷрибаҳо аз рӯи методикаҳои додашуда, коркард ва таҳлили натиҷаҳо;
- ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳо бо истифодаи усулҳои муосири таҳлили иттилоот ва техникаи ҳисоббарор.
- қабули қарорҳои идоракунӣ дар ташкили истеҳсолоти маҳсулоти растанипарварӣ дар шароити гуногуни хоҷагидорӣ;
- муайян кардани самаранокии энергетикӣ ва иқтисодии истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ;
- таҳлил ва баҳодиҳии хароҷоти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ баҳри таъмини сифати маҳсулот, таҳлил намудани натиҷаи фаъолияти зерсохторҳои истеҳсолӣ;
- гузаронидани тадқиқоти маркетингии маҳсулоти муайяни кишоварзӣ ва муқоисаи бозори яклухт ва чакана;
- иҷрои корҳо оид ба стандартизатсия, тайёрии техникӣ ба сертификатсияи мошинҳо, ҳаракатоварҳо, маҷмааҳои гуногун, васоити техникӣ, равандҳо, таҷҳизот ва масолеҳ;
- банақшагирии кори ҳайати коргарон ва фонди музди меҳнат:
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои ташкили системаи идоракунии сифат дар корхона;
- назорати сифати маҳсулоти тайёр, усулҳои маълум намудани сифати маҳсулот, нуқсонҳои маҳсулот, сабабҳои пайдоиши онҳо, қоидаҳои баҳодиҳӣ намудҳои ҳисоби ҳуҷҷатгузорӣ.
Фаъолияти байналхалқии кафедра
Кафедра бо донишгоҳову корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар робитаи зич дорад (Донишгоҳи Технологии Таҷикистон; Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур; Донишкадаи мевапарварӣ ва сабзавотпарварии Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон; донишкадаи илми-тадқиқотии чорводорӣ; лабораторияи тадқиқотии вилояти Суғд (микробиологии, ветеринари и др.); стансияи тухмчигии вилоят; стансияи минтақави-таҷрибавии «Зироаткорӣ»; Маркази стандарти Давлатии вилояти Суғд; Ташкилотҳои байнатхалқии ГИЗ (GIZ) (Олмон); ташкилотҳои ҷамиятии Саодат, Сароб, Зан ва ҷомеаъ, Муносибатҳои иқтисодии миёнмарзӣ дар вилояти Суғд ва ғайра..
Донишҷӯён ҳар сол дар доираи барномаҳои гуногун ба монанди «Еразмус-мундус»,«Темпос», “Ванштейфани” иштирок намуда таҳсили худро дар донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо давом медиҳанд, ва инчунин таҷрибаомузии истеҳсолии худро бисёртар дар Германия, Русия ва дигар давлатҳои хориҷ мегузаронанд.
Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат
- Барномаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси 1-57 01 01 01 – Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ тибқи Шаҳодатномаи Т-АД № 0000243, аз 09.07.2021 аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудааст.
Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-57 01 01 01 – Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ дар шакли таҳсили рӯзона, баъд аз хатм ба хатмкунанда дода мешавад касбият ва тахассуси касбии: муҳандис – химик – эколог.
Хатмкунандаи ихтисоси метавонад фаъолият барад, ҳамчу мутахассис: тамоми корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ (хоҷагии камуналӣ, кимиё, энергетика, истихроҷи маъдан, сарраёсати кишоварзӣ, ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ ва ғ.), шӯъба ва ташкилотҳои ҳифзи муҳити зист (экология), хадамоти фаврии экологии шаҳру вилояту ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои илми – тадқиқотӣ, таҳсилотии олӣ ва миёна, академияи экологӣ, Фонди ҳифзи муҳити зист, мамнӯъгоҳҳо ва ғайра. Ба доираи фаъолияти касбии онҳо ҷамъ намудани маълумот, таҳлил ва манитороинги ҳолати муҳити зист ва атроф дохил мешавад.
Ихтисоси 1-74 02 06 – “Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ тибқи Шаҳодатномаи Т-АД №0000243, аз 09.07.2021 аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудааст.
Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилоти, аз рӯи ихтисоси 1-74 02 06 – “Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ дар шакли таҳсили рӯзона, баъд аз хатм ба хатмкунанда дода мешавад касбият ва тахассуси касбии: муҳандис-технолог.
Хатмкунандаи ихтисос метавонад фаъолият барад, ҳамчу мутахссиси соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи сарраёсатҳои кишоварзии ноҳия, вилоят ва ҷумҳуриявӣ, ҳукумати ноҳия ва вилоят, кумитаи замин, маслиҳатчии бонк барои қарзҳои кишоварзӣ, корхонаҳои хизматрасонии ҳифзи растанӣ ва карантинӣ, экология, ташкилотҳои стандарти давлатӣ, муассисаҳои илми – тадқиқотӣ, таҳсилотии олӣ ва миёна, технолог дар корхонаҳои ордбарорӣ, консервабарорӣ, равғанбарорӣ, пахтатозакунӣ, инчунин дар ташкилотҳои ҷамиятиву байналхалқӣ, гумрук барои назорати воридот ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ.
Барномаҳои таҳсилотии магистратура
- 1 – 74 02 06 – Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ (зинаи магистратура)
Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ, салоҳиятӣ масъалаҳои илмӣ асоснок намудани технологияҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ, методикаи гузаронидани тадқиқот дар раванди онҳо, таҳлил ва ҳисоби натиҷаҳои ба дастоварда аз рӯи дастурамалӣ олимонӣ соҳа, иҷрои босифати раванди технологӣ ва муайян намудани параметрҳои иҷро намуда ва ба даст оварда, баланд бардоштани истифода ва маҳсулнокии воситаҳои технико-технологӣ бо назардошти хусусиятҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, муайян намудани самараноки истеҳсолии корҳои иҷрошуда, баланд намудани сифати он ва беҳтар намудани шароити меҳнат, муайян кардани сифати маҳсулот ва нигоҳдории он, ташхисҳо мувофиқи СДТ гузаронидан ва ба сифати он хулоса дода тавонистан, аз рӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муайян карда онҳоро таҳлил намудан ва истеҳсолот реҷаҳои оптималии истифодаи усулҳои агротехникӣ ва коркарди онҳоро тавсия намудан, дохил мешавад.
Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD)
- 6D080600- Техника ва технология аграрӣ (Phd докторантура);
Техника ва технологияи аграрӣ – соҳаии илм ва техника мебошад, ки самтҳои зерин дохил мешавад: технологияҳо ва воситаҳои механиконии соҳаи кишоварзӣ, технологияҳои хизматрасонии техникӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таъсири он ба объектҳои истеҳсоли кишоварзӣ (хок, растанӣ, консерва, чорво, шир, гӯшт ва ғайра.). Ҳалли масъалаҳои илми техникии ин ихтисос ба иҷрои босифати раванди технологӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии воситаҳои техникӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат, коҳиш додани сарфи энергетикӣ ва захираи материалҳо ба як воҳиди маҳсулот, баланд намудани сифати он, кам намудани сарфа, коркарда баромадани равандҳои механиконӣ, воситаҳои техникӣ, олотҳои кории мошинҳо барои соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, мелиоративӣ, корарди авалияи маҳсулот, инчунин коркарди партовҳои истеҳсолоти кишоварзӣ равона буда, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, эътимоднокии техникаи кишоварзӣ, энергия ва захирасарфкунӣ бо назардошти талаботи бехатарии экологиро таъмин менамояд.
- Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
- Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
- Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
- Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ
- Кафедраи забонҳо
- Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
- Кафедраи иқтисоди рақамӣ
- Кафедраи математикаи олӣ ва физика
- Кафедраи меъморӣ
- Кафедраи молия ва қарз
- Кафедраи сохтмон
- Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока
- Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
- Кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика