Кафедраи забонҳо
April 15, 2024 2024-05-17 11:53Кафедраи забонҳо
Кафедраи забонҳо

Мудири кафедра: номзади илмҳои филологӣ, Исломова Парвина Наимовна
Маълумот барои тамос бо кафедра:
Почтаи электронӣ: kbni@polytech.tj
Суроға: ш. Хуҷанд, микроноҳияи 30 минтақаи шимолу шарқӣ, факултети муҳандисӣ–иқтисодӣ, кабинет И 303
Аз таърихи кафедра
Кафедраи забонҳои хориҷӣ дар заминаи кафедраи забонҳои Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ баъди якҷояшавӣ бо Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва таъсиси Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, бо фармони таҳти рақами 009- ХУ аз 8 -уми сентябри 2010 таъсис дода шудааст. Аз оғози ташакилшавии кафедра то ҳол роҳбарии кафедраро устодони зерин ба ӯҳда доштанд: Ғайбуллоева М.Ғ., Каримбоева Ҳ.Қ., Хусаинова Ф.Х., Солиев З.Т ва аз соли 2022 роҳбарии кафедраро Исломова П.Н. ба ӯҳда дорад. Барои ташкили ва рушди кафедра фаъолияти кормандони пуртаҷриба Ғайбуллоева М.Ғ., Каримбоева Ҳ.Қ., Солиев З.Т, Фузайлов К,Ф., Икромова А.М., Акбаров А.А., Ахмедова Н.К., Содиқова Т.А. ва дигарон назаррас аст.
Фаъолияти асосии кафедра.
Кафедра фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ аз татбиқи самараноки санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба забонҳои русӣ ва англисӣ иборат буда, барои ҳамаи самтҳо ва ихтисосҳо оид ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат хизмат мерасонанд, ба роҳ мондааст. Кафедраи забонҳо маркази омӯзиши академии забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад, ки дар он донишҷӯён имконият доранд, ки малакаҳои забонии худро васеъ намоянд ва ҷанбаҳои фарҳангии ҳарду забонро амиқтар фаҳманд. Кафедра ба муттахассисон дар се зинаи таҳсилот ба фанҳои забони русӣ ва англисӣ таълим медиҳад. Омӯзгрони кафедра барои татбиқ кардан бо барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ пайваста кор мебаранд.
Дар тӯъли фаъолияти кафедра аз тарафи устодони кафедра мақолаҳои илмӣ, монографияҳо, васоити таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, супориш ва дастури методӣ, барои иҷроиши корҳои амалӣ аз чоп баромадааст.
Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ
- Корҳои илмӣ- тадқиқотӣ кафедра дар самти “Баланд бардоштани сифати таълими забонҳои русӣ ва хориҷӣ дар замони муосир” мебошад, ки усулҳои гуногуни таълими забонҳои хориҷӣ ва русӣ таҳлили самаранокии истифодаи усулҳои гуногуни интерактивӣ дар раванди таълимро дар бар мегирад.
Фаъолияти байналхалқии кафедра
Мухтасар оиди шарикон, лоиҳаҳо
Устодони кафедра барои такмили ихтисос дар барномаи МЕНТОР, ФУЛБРАЙТ ки аз тарафи Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад ва бо ташкилоти EWB фаъолона ширкат меварзанд.
Кафедра дар ҳамҷояги бо шӯъбаи робитаҳои байналмиллалии донишкада ҳамкорӣ менамояд.
Кормандони кафедра
Кафедра дар айни замон аз 13 нафар аъзо иборат мебошад, ки инҳо 12 нафар омӯзгор ва 1 нафар котиб-коргузор аст.
№ | Ном ва насаб | Вазифа | Дараҷа ва унвони илмӣ |
1. | Исломова П.Н. | мудири кафедра | н.и.ф. |
2. | Солиев З.Т.
| Дотсент | н.и.ф, дотсент |
3. | Ахмедова Н.К. | Дотсент | н.и.ф., дотсент |
4. | Ҳамидова Н.Ш. | омӯзгори калон | н.и.ф. |
5. | Аминҷонова Р.Ҳ. | омӯзгори калон | н.и.ф. |
6. | Абдусаломова М.А. | омӯзгори калон | н.и.ф |
7. | Атаева Т.Х. | омӯзгори калон | н.и.ф |
8. | Окилова М.А. | омӯзгори калон | – |
9. | Машарипова М.Э. | омӯзгори калон |
|
10. | Шарипова М.А. | омӯзгори калон | – |
11. | Бахтиёрзода Муҳаббат | ассистент | – |
12. | Махкамова З.М. | ассистент | – |
13. | Исломова Н.Н. | котиб-ҳуҷҷатгузор | – |
- Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
- Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
- Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
- Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ
- Кафедраи забонҳо
- Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
- Кафедраи иқтисоди рақамӣ
- Кафедраи математикаи олӣ ва физика
- Кафедраи меъморӣ
- Кафедраи молия ва қарз
- Кафедраи сохтмон
- Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока
- Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
- Кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика