Кафедраи иқтисоди рақамӣ
April 15, 2024 2024-05-17 11:53Кафедраи иқтисоди рақамӣ
Иқтисоди рақамӣ

Мудири кафедра: муаллими калон, \номзади илмҳои педагогӣ, Усмонова Маҳина Рустамовна
Маълумот барои тамос бо кафедра:
Почтаи электронӣ: нест
Суроға: 30 мкр, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ
Сомона: нест
Аз таърихи кафедра
Кафедраи Иқтисоди рақамӣ соли 2020 дар ҳайати факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Кафедра аз соли таъсисёбӣ 3 ихтисоси зинаи бакалавр (1-26 03 01 – Идораи захираҳои иттилоотӣ, 1-40 01 02-02 – Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт), 1-40 03 01 – Зеҳни сунъӣ), 2 ихтисоси зинаи магистратура (1-400102-Низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо (аз рӯи самтҳо), 1-40 03 01 – Зеҳни сунъӣ) ва 2 ихтисоси зинаи докторантура (6D-070300 – Системаҳои иттилоотӣ, 6D-070400 – Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ)-ро доро аст. Аксарияти устодони кафедра хатмкунандагони донишкадаи мазкур ба шумор рафта дар кафедраи Барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ донишу малака гирифтанд.
Мақсади кафедра ин тайёр кардани кадрхои баландихтисос дар сохаи низомҳо ва зихираҳои иттилоотӣ, тахлили система, зеҳни сунъӣ, идоракунии инноватсионй дар фаъолияти иктисодии дохилӣ ва берунӣ, иштироки фаъолона дар ташаккули сиёсати илмию техникӣ ва истехсолии кишвар.
Вазифаҳои кафедра:
- омода намудани мутахассисони баландихтисос оид ба низомҳо ва захираҳои иттилоотӣ, таҳлили системавии равандҳои иқтисодӣ ва технологияҳои тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисодиёт, системаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ дар соҳаи мухталиф;
- гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи рушди инноватсионии системаҳои иқтисодӣ, амнияти иқтисодӣ ва қабули қарорҳо дар шароити номуайянӣ;
- ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдори дохилӣ ва берунӣ. ҳалли муштараки масъалаҳои марбут ба татбиқи стратегияии рушди ДПДТТХ ба номи М.Осимӣ;
- фароҳам овардани шароит барои тайёр кардан, ҷалб ва нигоҳ доштани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи низом ва технологияҳои иттилоотӣ, иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ;
тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, фароҳам овардани шароити мусоид барои кормандон, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сифати таълим.
Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ
- Истифода ва татбиқи алгоритмҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталиф
Фаъолияти байналхалқии кафедра
Лоиҳа дар мавзӯи “DigEco – Рақамигардонии иқтисод ҳамчун омили рушди устувори Украина ва Тоҷикистон”
Иштирокчиён аз кафедра: Низомитдинов А.И., Усмонова М.Р., Иномов Б.Б. ва Мирзозода Ф.Э.
Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат
- 1-26 03 01 – Идораи захиращои иттилоотӣ
- Хатмкунандагони ихтисос дониш ва малака дар соҳаҳои менеҷмент, иқтисод ва ТИ мегиранд, ба ҳайси таҳлилгари молиявӣ, системавӣ, бизнес-таҳлилгар, менеҷерони татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва системаҳо, менеҷери IT лоиҳаҳо, маъмури система фаъолият мебаранд.
- 1 40 01 02 – 02 – Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)
- Хатмкунанда ҳамчун барномасоз-иқтисодчӣ, менеҷери низомҳои иттилоотӣ, таҳлилгари рақамии иттилоот, веб-дизайнер, администратори базаи маълумот, эксперти қарзӣ, маркетолог, PR-менеҷер, веб-барномасоз, администратори системавӣ, таҳиягари веб-замимаҳо ва танзимгари барномаҳои компютерӣ фаъолият мебарад.
- 1-40 03 01 – Зеҳни сунъӣ
- Хатмкунандаи ихтисоси зерин ҳамчун таҳлилгари додаҳо, барномасоз дар муҳити коркарди зеҳни сунъӣ, менеҷер-таҳлилгари захираҳои иттилоотӣ, идоракунандаи маълумоти беҳад зиёд, администратори базаи маълумот, мутахассис–таҳлилгари соҳаи бонк, телекоммуникатсия, ширкатҳои мобилӣ ва дигар соҳаҳое, ки манбаи маълумоти беҳад зиёд барои коркард доранд, фаъолият бурда метавонад.
Барномаҳои таҳсилотии магистратура
- 1-400102-Низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо (аз рӯи самтҳо)
- Хатмкунандагони ихтисос дар соҳаи тарҳрезӣ ва татбиқи системаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисӣ ва таҳлили интеллектуалии додаҳои калон барои ҳалли масъалаҳои табдилдиҳии рақамии фаъолияти ташкилотҳо ва корхонаҳо
- 1-40 03 01 – Зеҳни сунъӣ
- Хатмкунандагони ихтисос қодиранд, ки вазифаҳои мураккаби иттилоотикунонии корхонаҳои калонро иҷро кунанд ва ғояҳои инноватсиониро ба истифодаи тиҷоратӣ расонанд. Онҳо инчунин метавонанд дар ширкатҳои истеҳсолкунандаи воситаҳои барномавӣ дар таҳия ва татбиқи алгоритмҳои зеҳни сунъӣ барои таҳлили ҳаҷми бузурги додаҳо ва идоракунии системаҳои техникӣ кор кунанд.
Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD)
- 6D-070300 – Системаҳои иттилоотӣ
- Хатмкунандагони самт ба намудҳои зерини фаъолияти касбӣ омодагӣ мебинад: фаъолияти касбӣ дар истеҳсолот ва ташкилотҳои тадқиқотии давлатӣ, дар IT ширкатҳо, ширкатҳои истеҳсолӣ ва вазифаҳое, ки бо технологияҳо ва низомҳои иттилоотӣ вобаста ҳастанд
6D-070400 – Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ
Кормандони кафедра
Ҳайати профессорон ва устодони кафедра:
- доктори илм, профессор – нест;
- номзади илм, дотсент – 1 нафар;
- номзади илм, омӯзгори калон – 3 нафар;
- омӯзгори калон -2 нафар;
- ассистент – 5 нафар;
- лаборанти калон – 1 нафар;
- котиб-коргузор – 1 нафар.
Ҷадвали 1. Маълумоти муфассали кормандони кафедраи Иқтисоди рақамӣ
№ | Ному насаб | Вазифа | Соли таваллуд | Ихтисос | Дараҷа ва унвони илмӣ |
1. | Мақсудов Хуршед Темурович | дотсент | 1958 | Математикаи амалӣ | Номзади илмҳои физика ва математика, дотсент |
2. | Довудов Гулшан Мирбаҳоевич | омӯзгори калон | 1981 | 220400- Таъминоти барномавӣ ТҲ ва СА | Номзади илмҳои техникӣ |
3. | Усмонова Маҳина Рустамовна | Н.и, омӯзгори калон | 1981 | 220400- Таъминоти барномавӣ ТҲ ва СА | Номзади илмҳои педагогӣ |
4. | Низомитдинов Аҳлитдин Илёситдинович | омӯзгори калон | 1983 | 220400- Таъминоти барномавӣ ТҲ ва СА | Доктори фалсафа (PhD) |
5. | Мирзозода Фарзонаи Эраҷ | Омӯзгори калон | 1991 | 40.01.02 – Муҳандис барномасоз иқтисодчӣ |
|
6. | Қосимов Фирӯз Фаррухҷонович | Ассистент | 1994 | 40.01.01- таъмини барномави технологияҳои иттилоотӣ |
|
7. | Иномов Беҳрӯз Бурҳонович | омӯзгори калон | 1992 | 40.01.01- таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ |
|
8. | Усмонов Азамҷон Акрамҷонович | Ассистент | 1992 | Мухандис-иқтисодчӣ |
|
9. | Нумонова Нигора Рустмовна | Ассистент | 1993 | 40.01.02 – Муҳандис-барномасоз- иқтисодчӣ |
|
10. | Қаюмова Дилафрӯз Дониёровна | Ассистент | 1993 | 09.04.01-информатика ва техникаи ҳисоббарор |
|
11. | Рустамова Шаҳноза Абдушарифовна | Ассистент | 1993 | 40.01.02 – Муҳандис барномасоз иқтисодчӣ |
|
12. | Рашидова Фирӯзахон | муаллим коромӯз | 1989 | 0719- Низомҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт |
|
13. | Олимов Насимҷон | Лаборанти калон | 1998 | 26.03.01-Идораи захираҳои иттилоотӣ |
|
14. | Исломова Зебинисо Ашурбоевна | Котиб-коргузор | 1969 | 0568-мошин ва аппаратҳои саноати бофандаги |
|
- Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
- Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
- Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
- Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ
- Кафедраи забонҳо
- Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
- Кафедраи иқтисоди рақамӣ
- Кафедраи математикаи олӣ ва физика
- Кафедраи меъморӣ
- Кафедраи молия ва қарз
- Кафедраи сохтмон
- Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока
- Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
- Кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика