Кафедраи математикаи олӣ ва физика
April 15, 2024 2024-05-17 11:53Кафедраи математикаи олӣ ва физика
КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ФИЗИКА

Мудири кафедра: номзади илмҳои педагогӣ, и.в.дотсент – Раҳимов Амон Акпарович
Маълумот барои тамос бо кафедра:
Почтаи электронӣ: amon_rahimov@ mail.ru
Суроға: факултети информатика ва энергетика
Сомона: –
Аз таърихи кафедра
Кафедраи математикаи олӣ ва физика дар натиҷаи муттаҳидшавии кафедраҳои физика ва химия, математикаи олӣ ва информатика бо қарори Шӯрои олимони Донишкада, фармоиш 054 ХУ аз 24 августи соли 2022 таъсис ёфтааст. Дар кафедра олимони варзида ва пешқадам ба монанди Мақсудов Анвар Темурович-н.и.ф-м; Раҷабов Ғайрат Ашӯрович – н.и.ф-м, дотсент; Бӯриев Абдуқаҳор Бӯриевич – н.и.ф-м, дотсент; Ҳаитова Ӯғулой Ҳаитовна – н.и.ф-м, дотсент; Осимов Акмал Зайниддинович – н.и.ф-м, дотсент; Алиев Сангин Алиевич – н.и.ф-м, дотсент; Раҳимов Соҳибназар Шарипович- н.и.ф-м, дотсент; Усмонова Умеда Хуршедовна- н.и.х., омӯзгори калон кор ва фаъолият бурданд. Дар айни замон мудири кафедраро н.и.п., и.в.дотсенти кафедра Раҳимов Амон Акпарович ба ӯҳда доранд.
Саҳми кафедра дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ хеле баланд мебошад, зеро бо роҳбарии собиқ кстоди Раҷабов Ғайрат Ашӯрович соли 2020 устоди кафедра Раҳимов Амон Акпарович дар мавзуи “Фардигардонии корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз фанни математика дар низоми кредитии таълимӣ донишгоҳҳои олӣ техникӣ-” – дар сатҳи методикаи таълими математика бомуваффақият ҳимоя кард.
Аз рӯи мавзуи кафедра устодони зерин:
- Раҳматуллоева Марҳабо Маҳмудовна дар мавзуи “Такмили тайёрии математикии донишҷӯёни курси 1 дар низоми кредитии таълим” бо роҳбарии М. Нугмонов дар арафаи ҳимояанд.
- Ҳакимов Аъзамҷон Акрамҷонович -дар мавзуи “Асосҳои дидактикии инкишофи қобилияти эҷодкории омӯзгорони ояндаи фани технология”(дар мисоли фанни нақшакашӣ) роҳбари илмӣ Азизов А.А. доктори илмҳои педагогӣ – Донишкадаи давлатии Хуҷанд ба номаи академик Б.Ғафуров дар арафаи ҳимоя.
- Каюмова Мукаддхон Ганихоновна дар мавзуи “Таҳияи барномаи компютерӣ барои санҷиши дониш бо имкониятҳои ёридиҳанда” роҳбари илмӣ Мақсудӣ А.Т. – н.и.ф-м., дотсенти маркази илмии Хуҷанд АМИТ. Дар арафаи ҳимоя.
- Раҳматова Моҳинисо Абдумаҷидовна – ассистенти кафедра дар мавзуи “Татбиқи барномаҳои компютери дар таълими фанни таҳлили математики барои донишҷӯёни ихтисосҳои техникӣ” роҳбари илмӣ Раҳимов Амон Акпарович – н.и.п., и.в.дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва физикаи ДПДТТХ.
Фаъолияти асосии кафедра:
Кафедра аз рӯи фанҳои математикаи олӣ, математика дар иқтисодиёт, математика барои муҳандисон, алгебраи хаттӣ, алгебра ва геметрияи анаоитикӣ. математикаи ҳисоббарорӣ, назарияи эҳтимолият ва оморӣ математикӣ, омори математикӣ, таҳлили математикӣ, информатика, физика, биофизика, физикаи ҳодисаҳои электрикӣ ва магнитӣ, физикаи ҳодисаҳои электрикӣ ва нимноқилҳо, физикаи меъморӣ, физикаи муҳит ва конструксияҳои иҳотакунанда, экология, технологияи информатсионӣ аз рӯи самтҳо ба донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои рӯзона ва фосилавии зинаи бакалавриат дарс мегӯянд.
Дар зинаи магистратура бошад аз фанҳои зерин: моделсозии математикӣ дар таълими касбӣ, бобҳои иловагии анализи математикӣ, омори математикӣ, математики амалӣ ва информатика аз рӯи соҳаҳо дарс мегӯяд.
Дар курсҳои тайёрӣ дар назди кафедраи математикаи олӣ ва физика аз рӯи кластерҳои 1, 2, 3 ва 5 аз фанҳои физика ва математика машғулиятҳо гузаронида мешавад.
Дар назди кафедра 3 озмоишгоҳҳои таълимӣ, 1 озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, 1 синфхонаи компютерӣ амал мекунанд. Дар озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ мунтазам корҳои лабораторӣ аз тарафи донишҷӯён ва магистрантону докторантон, инчунин унвонҷӯёни соҳаҳои фанҳои ттабиӣ-риёзӣ ба амал оварда мешавад.
1.Кудузова М.А.- озмоишгоҳи “Механика, Физикаи молекулавӣ ва термодинамика (Э301)
- Шодиев Ш.Ш. озмоишгоҳи “Электродинамика” (Э302)
3.Каюмова М.Г. – озмоишгоҳи “Оптика” (Э304)
4. Шодиев Ш.Ш. – озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Спектометрия” (СН-101)
Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ
Кафедра аз рӯи се самт кори идмӣ-тадқиқотӣ мебарад, ки роҳбарои онҳо олимон:
- Ҷалилов Ф.- Мутақобилаи физикӣ – химиявии муҳити конденсӣ бо муҳити фаъол ва автоматикунонии ҷараёни таълим (дар мисоли нахи пахта);
- Тошхӯҷаев Н.А. – Пайвастагиҳои органикии гетросиклӣ (02.00.03
Химияи органикӣ);
- Ғуломнабиев С.Ғ. – Тамойилҳои муосири баланд бардоштани сифати таҳсилоти математикӣ ва технологияҳои информатсионӣ дар муассисаҳои таълимии олии техникӣ.
Кормандони кафедра
Маълумоти мухтасари статистикӣ. Дар охир истинод / ссылка (бо номи “муфассалтар”) ба саҳифаи алоҳида бо рӯйхати кормандон бо вазифа, фанҳои дарсдиҳанда, корҳои нашршудаи асосии онҳо
Раҳимов Амон Акпарович |
Ғуломнабиев Сардор Ғуломайдарович |
Ҷалилов Файзулло |
Исомаддинова Раънохон Мирзоҳамдамовна |
Азимов Наби Саидович |
Раҳматуллоева Марҳабо Маҳмудовна |
Ҳакимов Азамҷон Акрамҷонович |
Одилов Зуҳриддин Раҳимҷонович |
Раҳматова Моҳинисо Абдумаҷидовна |
Бобоҷонов Хуршед Аминҷонович |
Шодиев Шоҳмурод Шодибойевич |
Кудузова Мафтуна Абдуҷамиловна |
Каюмова Мукаддамхон Ганихоновна |
Раҳимов Амирҷон Акрамович |
Бобоҷонова Нилуфархон Одилхоҷаевна |
Исмоилова Савринисо Комилҷоновна |
Усмонова Фароғат Осимовна |
- Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
- Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
- Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
- Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ
- Кафедраи забонҳо
- Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
- Кафедраи иқтисоди рақамӣ
- Кафедраи математикаи олӣ ва физика
- Кафедраи меъморӣ
- Кафедраи молия ва қарз
- Кафедраи сохтмон
- Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока
- Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
- Кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика