Кафедраи меъморӣ
April 15, 2024 2024-05-17 11:53Кафедраи меъморӣ
КАФЕДРАИ МЕЪМОРӢ

Мудири кафедра: номзади илмҳои таърих, дотсент Бобоҷонова Назира Иномҷоновна
Маълумот барои тамос бо кафедра:
Почтаи электронӣ: km@polytech.tj
Суроға: шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ 226, бинои Д, кабинети 103
Сомона: нест
Аз таърихи кафедра
Кафедраи меъморӣ соли 2009 таҳти роҳбарии профессор Ҳакимов Ҳ.Ҳ. назди факултети сохтмон ва нақлиёти Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикстон ба номи М.Осимӣ таъсис ёфта, то соли 2011 фаъолият бурд. Соли 2011 кафедра ба ҳайати кафедраи сохтмони факултети мазкур ҳамроҳ гардида, то соли соли 2015 бо номи кафедраи сохтмон ва меъморӣ амал кард. Соли 2016 ҳайати устодони кафедра ба факултети муҳандисӣ-технологӣ ҳамроҳ гардида, ҳамчун кафедраи дизайн ва меъморӣ кору фаъолият бурданд. Аз соли 2020 то ин ҷониб кафедраи меъморӣ дар назди факултети сохтмон ва нақлиёти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун кафедраи мустақил фаъолият бурда истодааст. Устодони кафедра дар тӯли фаъолияти худ зиёда аз 400 нафар меъморони болаёқату эҷодкор тарбия намуда, шогирдони онҳо дар тамоми соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият бурда истодаанд.
Фаъолияти асосии кафедра
Кафедраи меъморӣ яке аз ҷузъҳои асосии сохтори таълимӣ ва илмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба ҳисоб рафта, дар самти тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои 1-690101–Меъморӣ (зинаи бакалавр) ва 1-69010105– Таъмири ёдгориҳои меъморӣ (зинаи магистратура) кафедраи асосӣ мебошад.
Кафедра дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ дар соҳаи меъморӣ фаъолият бурда истодааст. Устодони кафедра малаки калони таҷрибавӣ дошта, шогирдони худро ҳамасола барои иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, дохилидонишкадавӣ ва намоишгоҳҳо дар самти меъморӣ ва шаҳрсозӣ тайёр менамоянд ва ба ҷойҳои намунавӣ сазовор мегарданд. Устодон Юсупов Ф.Г. ва Зокиров Р.Ш. аъзои Иттифоқи меъморонӣ Тоҷикистон буда, Юсупов Ф.Ғ. барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи меъморӣ бо медали тиллои аз тарафи Иттифоқи меъморонӣ Тоҷикистон (соли 2018) сарфароз гардидаанд.
Кормандони кафедра
- Ваҳобов Амиртимир Манонович – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;
- Мухамедов Ӯктам Султонович – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;
- Усмонов Шӯҳрат Заурович – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;
- Юсупов Фирӯз Ганиджанович – омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;
- Зокиров Раҳимҷон Шарипович – омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;
- Маҳкамов Тоҳир Раҳматҷонович – омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;
- Саидова Светлана Анваровна – омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;
- Ваҳобов Исроилхӯҷа Самиевич – ассистенти кафедра;
- Низомадинова Раҳатҷон Аминовна – ассистенти кафедра;
- Шарипов Фирӯз Фурқатҷонович – ассистенти кафедра;
- Рофиев Исфандиёр Бахтиёрович – ассистенти кафедра.
Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ ва созандагӣ
Самти асосии тадқиқоти илмӣ ва созандагии кафедра ба такмили лоиҳакашии бино ва иншооти шаҳрвандӣ бо назардошти хусусияти минтақаҳои шимолии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Аз ҷумла, устодони кафедра ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи меъморӣ зиёда аз 200 биною иншооти соҳаи иҷтимоӣ лоиҳакашӣ намудаанд, таҷдид карданд ва сохтанд. Ба амсоли таваллудхонаи нави вилоятӣ барои 130 кат дар шаҳри Хуҷанд, маркази беморхонаи дил ва ҷарроҳии рагҳои хунгард ба номи А.Орифов барои 120 нафар одамон дар вилояти Суғд, корпуси бахши раделогии назди диспансери саратоншиносии вилояти Суғд, биноҳои истиқоматии дорои 5,9,12,18 ошёна барои 12, 18,45, 97 оила бо маркази савдо ва таваққуфгоҳ ва маркази савдо дар шаҳри Хуҷанд, маркази саратоншиносии вилоятӣ, корпуси муолиҷавӣ барои 50 нафар назди маркази вилоятии эндокринологӣ, хонаҳои истиқоматии шахсӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфара, ду мактаби таҳсилоти миёна дар ҷамоати Ғозиён барои 240 нафар талаба, меҳмонхонаи дараҷаи олӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и вилояти Суғд.
Фаъолияти байналхалқии кафедра
Устодони кафедра дар лоиҳаи байналхалқӣ таҳти мавзуи “Арзёбии хатарҳои экологӣ ва кам кардани оқибатҳои онҳо ба ҷойҳои меросии фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ” (ERAMCA) иштирок мекунанд. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур ин дарки ниёзҳои маҳаллӣ, таҳия ва татбиқи барномаи магистрӣ ва китобхонаи рақамӣ бо маводҳои гуногуни таълимӣ, омӯзонидани омӯзгорон ва техникаҳои маҳаллӣ оид ба муносибатҳои байнисоҳавӣ мебошад.
Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат
- 1_690101 Меъморӣ
Хатмкунандагони зинаи бакалавриати ихтисоси мазкур ба салоҳияти касбии зерин ноил мегарданд:- таҳияи консепсияи биноҳо, иншоот ва намои дохилии онҳо;- тавассути барномаҳои графикии муосир ва дастӣ тасвир кардани лоиҳаҳо, эскизҳо ва нақшаҳо; – сохтани макет ва албомҳои графикӣ; – ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои омодашуда бо мақомоти танзимкунанда;- гузаронидани ҳисобҳои техникии лоиҳаҳо; – назорат кардани раванди сохтмон;- муошират кардан бо фармоишгарон, пудратчиён ва таъминкунандагони масолеҳҳои сохтмонӣ.
Хатмкунандагони ихтисоси 1_690101-Меъморӣ ба ҳайси меъмор, дизайнер, сохтмончӣ, мутахассиси донишкадаҳои лоиҳавӣ-таҷрибавӣ, мутахассиси ташкилоти лоиҳакашӣ ва сохтмон, меъмор дар корхонаҳои сохтмонӣ, меъмори лоиҳаҳои маҳаллаҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, дизайнери мавзеъҳо, бино ва иншоот, таҷдидгари бино ва иншооти таърихӣ фаъолият бурда метавонанд.
Барномаҳои таҳсилоти магистратура
- 69010105 – Таъмири ёдгориҳои меъморӣ
Хатмкардагони зинаи магистратураи ихтисоси мазкур ба барқарорсозии муҳити таърихии меъморӣ машғул мешаванд, аз ҷумла лоиҳаҳои биноҳо ва иншооти таърихиро барои мувофиқ шудани онҳо ба талаботи замонавӣ таҷдид мекунанд. Онҳо аҳамияти биноҳои таърихиро дар мероси таърихию фарҳангии ҷомеа муайян менамоянд, натиҷаҳои корҳои барқароршавиро назорат ва баҳо медиҳанд.
Хатмкунандагони ихтисоси 1_69010105 – Таъмири ёдгориҳои меъморӣ фаъолияти касбии зерин бурда метавонанд:
- илмӣ-таҳқиқотӣ;
- илмӣ-муҳаққиқӣ;
- истеҳсолӣ-технологӣ;
- ташкилотчигӣ-идоракунӣ;
- лоиҳакашӣ-тарҳрезӣ;
- таълимӣ.
- Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
- Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
- Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
- Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ
- Кафедраи забонҳо
- Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
- Кафедраи иқтисоди рақамӣ
- Кафедраи математикаи олӣ ва физика
- Кафедраи меъморӣ
- Кафедраи молия ва қарз
- Кафедраи сохтмон
- Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока
- Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
- Кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика