Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
April 15, 2024 2024-05-17 11:53Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ

Мудири кафедра: н.и.и, омӯзгори калон Ҷӯраева Замира Абдувалиевна
Маълумот барои тамос бо кафедра: +992 92 762 55 50
Почтаи электронӣ: kbni@polytech.tj
Суроғаи ҷойгиршавии кафедра: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим 52 бинои таълимии №2б мебошад.
Аз таърихи кафедра
Кафедра технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ тибқи фармони №002ХУ аз 25.08.2021 дар асоси кафедраи дизайн ва меъморӣ ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ таъсис ёфта дар факултети муҳандисӣ- технологии донишкадаи мазкур ҷойгир аст. Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ фаъолияти худро дар асоси ҳисоби штатӣ, ҷадвали штатӣ, нақшаи корӣ ва ҷаласаҳои кафедра барои соли таҳсили 2022-2023 тасдиқ шуда фаъолияти худро ба оғоз намуд.
Кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:
50.01.01 – технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд;
50.01.02 – таркиб ва технологияҳои маҳсулоти дӯзандагӣ;
Соли 2015 дар кафедра магистратура аз рӯи ихтисоси 50.01.02 – технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва докторантура 6D072600 – Технология ва лоиҳакашии маҳсулоти саноати сабук кушода шуд, ки дар он омӯзгорони ҷавон низ таҳсил мекунанд.
Фаъолияти асосии кафедра
Барои такмили малакаҳои эҷодии устодон ва донишҷӯён дар кафедра 6 озмоишгоҳ дар факултети муҳандисӣ-технологӣ, 2 маркази таълимӣ бо таҷҳизоти муосир ва техникаи компютерии насли нав муҷаҳҳазгардонидашуда мавҷуданд:
-Озмоишгоҳи “Бофандагӣ”
– Озмоишгоҳи “Масолеҳшиносии нассоҷӣ”
– Озмоишгоҳи “Системаи автоматикунонии лоиҳакашии либос”
– Озмоишгоҳи “Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ”
– Озмоишгоҳи “Тарҳрезии либос”
– Озмоишгоҳи “Дизайни компютерӣ”
– Маркази таълимии (Озмоишгоҳи лоиҳакашии либос)
– Маркази таълимии (Озмоишгоҳи дӯзандагӣ)
– Ҳунарҳои мардуми (хобгоҳи донишкада)
Бо назардошти он ки дар шароити муосир дар истеҳсолот мутахассисони дорои малакаҳои кор бо компютер ва барномаҳои махсуси лоиҳасозии либос САПР лозим мебошад, аз ин лиҳоз кафедра диққати махсусро ба истифодабарии техникаи ҳисоббарор дар раванди таълим ва тайёр кардани кадрҳои малакаҳои кор бо технологияҳои иттилоотӣ медиҳад. Дар кафедра аз худ кардани САПР – Grafis баъди омӯхтани усулҳои дастии тарроҳии либос, технологияи коркард ва раванди истеҳсоли либос ба роҳ монда шудааст.
Дар назди кафедра дар корхонаи ҶДММ “Ҷавонӣ” филлиали кафедра ташкил карда шудааст. Донишҷӯёни ихтисоси 1-50.01.01 – Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бе тору пуд фанҳои тахассусиро бевосита дар истеҳсолоти ресандагӣ ва бофандагӣ меомӯзанд. Таҷрибаомӯзии ихтисоси 1-50.01.01 ва 1-50.01.02 дар ин корхони муштараки ҶДММ “Ҷавонӣ” гузаронида мешавад. Мутахассисони соҳибтаҷрибаи ҶДММ “Ҷавонӣ” Абдушукурова С. А, Раҳмонова М.А, Бурҳонов Н. А, Разоқов Ш.А дар гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ёрии беҳамто мерасонанд.
Донишҷӯён таҳти роҳбарии устодон дар конференсияҳои гуногуни илмӣ – амалии дохили донишгоҳ, шаҳру ҷумҳурӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Ҳамасола дар кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ Коллексияҳои либос, ки аз тарафи донишҷӯёни кафедра коркард мешаванд, дар озмунҳои гуногуни либоси миллӣ дар ҳудуди шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ – “Атласи тоҷик”, “Атласу адраси Суғд”, “Андалеб”, “Фурӯғи ҷавонон”, фестивали либоси миллии “Хандаи ҳусн”, озмуни “Тарроҳи беҳтарин” ва ҳамчунин дар “Фестивал озмуни адрасу атлас», “Сад ранги чакан” намоиш дода шуда, соҳиби сипоснома, диплом ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонии гардидаанд.
Кормандони кафедра
Дар кафедра 6 нафар номзади илмҳои техникӣ, 1 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, 3 нафар омӯзгори калон, 3 нафар ассистент, 1 нафар сарлаборант, 1 нафар котиб-ҳуҷҷатгузор фаъолият мебаранд.
№ | Ному насаби омӯзгор | Вазифа |
1. | Ҷӯраева Замира Абдувалиевна | Мудири кафедра, н.и.и., омӯзгори калони кафедра |
2. | Саидӣ Дилафрӯз Раббизода | Н.и.т., омӯзгори калони кафедра |
3. | Саидова Шоира Абдулатифовна | Н.и.т., омӯзгори калони кафедра |
4. | Абдуллоева Ҳабиба Рӯзибаевна | Омӯзгори калони кафедра |
5. | Раҳимова Ҳамрохон Олимовна | Н.и.т., и.в.дотсент |
6. | Мирхолиқов Холиқ Темурбоевич | Н.и.т., Омӯзгори калони кафедра |
7. | Бобоҷонова Назира Иномҷоновна | Н.и.т., и.в.дотсент |
8. | Умарова Зӯҳрохон Мирзотурубовна | Н.и.т., и.в.дотсент |
9. | Насимова Манижа Мӯминходжаева | Омӯзгори калони кафедра |
10 | Маҳмудова Фарангис Музаффарҷоновна | Ассистети кафедра |
11. | Шӯҳратзода Ганҷина | Ассистенти кафедра |
12. | Дадобоева Насиба Абдунозимовна | Омӯзгори калони кафедра |
13. | Тӯйчиева Дилноза Ҳакимбоева | Ассистети кафедра |
14. | Бойматова Манижахон Шукуруллоевна | Сарлаборант |
15. | Бобоҷонова Маҳинахон Мирзокамоловна | Котиб коргузор |
Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ
Тибқи нақшаи дурнамои кории илмӣ – таҳқиқотии кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ барои соли 2019 – 2024, ки моҳи сентябри 2019 тасдиқ карда шуда буд, мавзӯъи кории илмӣ – таҳқиқотии кафедраи мазкур “Лоиҳакашӣ ва коркарди либоси эргономикӣ бо назардошти анъанаҳои миллӣ” тасдиқ шудааст. Мавзӯъи мазкур ба панҷ зермавзӯъ тақсим шуда, ҳар як мавзӯъ ба устодони кафедра мутасадӣ карда шудааст.
Кори илмии устодони кафедра барои ҳалли масъалаҳои муҳими саноати дӯзандагӣ нигаронида шуда, мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад:
– такмили ҷараёни тоза кардани қабати болоии пила бо мақсади нигоҳ доштани сифати он;
– коркарди механизмҳои нави мошинҳои дӯзандагӣ;
– лоиҳасозии либоси миллии муосир дар асоси усулҳои андозагирии ҷуссаи занона бо роҳи ғайриалоқавӣ;
-лоиҳасозии либос бо истифода аз барномахо ва технологияхои муосир;
– таърихи рушди касби чеварии тоҷикон дар асри XVI – нимаи аввали асри XX;
Фаъолияти байналхалқии кафедра
Омӯзгорони кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ ҳамасола дар курси таълимӣ ки дар маркази таълимӣ-омӯзишии дӯзандагии ДПДТТХ, ки аз тарафи Маркази тиҷорати байналмиллалӣ дар доираи барномаи мансуб ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) дар Тоҷикистон ташкил карда мешаванд иштирок намуда, донишу малакаҳои гирифтаи худро ба раванди таълим ҷорӣ кардаанд.
Аз он ҷумла курси омӯзиши аз тарафи эксперт Белоусова Наталья, тарроҳ – амсиласоз, намояндаи ширкати “CAD GRAFIS” дар Россия ки соли 2021; курси омӯзиши аз тарафи эксперти ширкати байналмиллали хонаи мӯди “TAF.TC INTERNATIONAL PTELTD” хонум Sue Lee ки соли 2021; курси омӯзиши аз тарафи эксперт Танноус – Филичкина Ирина Юрьевна, тарроҳ – амсиласоз, намояндаи академияи олмонии мӯд ва дизайни “Müller und Sohn” дар Россия ки соли 2022 гузаронида шудааст.
Соли таҳсили 2022-2023 бо мақсади тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва баланд бардоштани такмили ихтисос дар назди кафедраи ТСС ва Н якчанд семинарҳои илми-амалӣ, тренингҳо гузаронида шуд. Аз ҷумла аз санаи 13.12.2022 то санаи 16.12.2022 ва аз санаи 01.05.2023 то санаи 05.05.2023 сол дар назди маркази таълимӣ омӯзишии дӯзандагии ДПДТТХ тренинги амалӣ байналмиллалии аз тарафи Маркази тиҷоратӣ байналмиллалӣ ташкилшуда, курси кӯтоҳмуддат оид ба тарроҳии либоси китфии занонаю мардона таҳти мавзӯи “Конструирование и технология изготовления женского блейзера”, “Конструирование пиджака” шуда гузашт. Дар он ҳамаи устодони кафедра низ фаъолона иштирок варзида дар интиҳои он дорои сертификатҳо гаштаанд.”
Аз санаи 25.01.2023 сол устодони кафедра аз тарафи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курсҳои пурраи такмили ихтисосро гузашта аз рӯи ихтисоси “Технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ” соҳиби диплом шудаанд.
Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат
Кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:
50.01.01 – технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд;
Хатмкунанда ҳамчун технологи истеҳсолоти бофандагии оммавӣ ва инфиродӣ, дизайнери матоъ, роҳбари истеҳсолоти ресандагӣ ва бофандагии оммавӣ ва инфиродӣ, роҳбари гурӯҳҳо ва студияҳои дизайнерӣ, омӯзгори литсею коллеҷҳо фаъолият карда метавонад.
50.01.02 – таркиб ва технологияҳои маҳсулоти дӯзандагӣ;
Ба ҳайси дизайнер-технолог ва тарроҳ – амсиласози истеҳсолоти дӯзандагии оммавӣ ва инфиродӣ, дизайнери либос, роҳбари истеҳсолоти дӯзандагии оммавӣ ва инфиродӣ, роҳбари гурӯҳҳо ва студияҳои дизайнерӣ, буранда ва хайёт (портной) дар коргоҳҳои мӯд фаъолият бурда метавонад.
Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD)
Соли 2015 дар кафедра магистратура аз рӯи ихтисоси 50.01.02 – технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва докторантура 6D072600 – Технология ва лоиҳакашии маҳсулоти саноати сабук кушода шуд, ки дар он омӯзгорони ҷавон низ таҳсил мекунанд.
- Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
- Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
- Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
- Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ
- Кафедраи забонҳо
- Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
- Кафедраи иқтисоди рақамӣ
- Кафедраи математикаи олӣ ва физика
- Кафедраи меъморӣ
- Кафедраи молия ва қарз
- Кафедраи сохтмон
- Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока
- Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
- Кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика