Шурои олимон
January 12, 2024 2024-05-01 7:43Шурои олимон
Шурои олимони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун мақоми олии идоракунии донишкада маҳсуб меёбад ва бо мақсади ҳалли масъалаҳои асосии фаъолият таъсис дода шудааст. Шурои олимон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тибқи Оинномаи донишкада фаъолият менамояд.
Шурои олимон бо мақсади баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои асосии раванди таҳсилот, корҳои тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, созандагӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, фаъолияти молиявию хоҷагидории донишкада таъсис дода шудааст.
Шурои олимони Донишкада дар ҳайати раис (директор), муовинони директор, декани факултетҳо, директорони воҳидҳои таркибӣ, мудирони воҳидҳои асосӣ ва кормандони дигари илмию омӯзгорӣ ташкил карда мешавад. Раиси шурои олимон, директори донишкада – номзади илмҳои техникӣ, дотсент Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ, вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ҳайат ва миқдори аъзои шурои олимонро тағйир диҳад. Ташкили бевоситаи фаъолияти шурои олимони Донишкада ба зиммаи котиби илмии он гузошта мешавад. Директори Донишкада котиби илмии шурои олимони Донишкадаро аз ҷумлаи аъзои шурои олимон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намояд. Шакли асосии фаъолияти шурои олимон ҷаласа ба ҳисоб меравад, дар давоми соли таҳсил 11 ҷаласаи шурои олимон дар асоси нақшаи корӣ, ки аз 29 августи соли 2023, суратҷаласаи №1 тасдиқ шудааст, сурат мегирад.
Шурои олимони донишкада дорои чунин салоҳиятҳо мебошад:
-назорати умумии ҳайати кормандону донишҷӯёни донишкада мутобиқи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи донишкада;
– шунидани ҳисоботи директор, муовинони директор, сардорони шуъбаҳо
ва тасдиқи онҳо;
– баррасии масъалаҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Донишкада;
– пешниҳоди олимон барои дарёфти унвонҳои фахрӣ, мукофоту ҷоизаҳои
давлатӣ;
– тасдиқи низомнома оид ба ишғоли вазифаҳои холии ҳайати профессорону омӯзгорон;
– масъалаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти он мансуб намудааст.