Факултети Информатика ва энергетика
April 13, 2024 2024-05-17 14:26Факултети Информатика ва энергетика
ФАКУЛТЕТИ ИНФОРМАТИКА ВА ЭНЕРГЕТИКА

Декан: номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент
Акрамова Заррина Башировна
Маълумот барои тамос бо садорати факултет: (+992 3422) 6-04-54
Почтаи электронӣ: fmi@polytech.tj
Суроға: хххххххх
Сомона: агар бошад
Аз таърихи факултет
Факултет 12 феврали соли 2010 ташкил шуда, дар давраи таъсисёбӣ “Факултети муҳандисӣ – энергетикӣ” ном дошт. Дар он давра факултет аз чор кафедра иборат буд: кафедраи таъминоти барқ ва автоматика; кафедраи забонҳои хориҷӣ, кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти саноати сабук; кафедраи физика ва илмҳои умумии муҳандисӣ. Солҳои 2010 – 2012 вазифаи декани факултетро н.и.т. Ҳоҷиев Анвар Абдуллоевич дар ӯҳда дошт. Солҳои 2012 – 2013 бошад, ин вазифаро Ашуров Ғайрат Ашурович иҷро кард. Солҳои 2013 – 2015 Ваҳобов Амиртимир Маннонович, аз соли 2015 то соли 2021 н.и.ф ва м. Солиев Одилходжа Махмудходжаевич ба ҳайси декан фаъолият бурд. Дар давраи фаъолияти Солиев О.М. номи факултет ба “Факултети информатика ва энергетика” иваз карда шуд. Вобаста ба он дар кафедраҳо низ дигаргунӣ ба амал омад. Ду кафедраи факултет – кафедраи забонҳои хориҷӣ, кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти саноати сабук ба факултетҳои дигари донишкада вобаста карда шуда, ду кафедраи дигар – барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент ташкил карда шуд. Номи кафедраи физика ва илмҳои умумии муҳандисӣ бошад, ба кафедраи физика ва химия иваз карда шуд. Аз соли 2022 ин ҷониб кафедраи мазкур “кафедраи математикаи олӣ ва физика” номгузорӣ карда шуд. Аз соли 2022 то имрӯз Акрамова З.Б. вазифаи декани факултетро ба ӯҳда дорад.
Дар факултет 4 кафедра фаъолият мебаранд: барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, таъмини барқ ва автоматика, иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, математикаи олӣ ва физика
Фаъолияти асосии факултет
Дар факултет таълим дар зинаи бакалавр аз рӯйи 10 самт, дар зинаи магистратура аз рӯйи 2 самт ва дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) аз рӯйи 3 самти ихтисос ба роҳ монда шудааст.
Зинаи бакалавриат (таҳсилоти рӯзона)
- 1-250107 – иқтисодиёт ва идора дар корхона;
- 1250110 – тиҷорат
- 1-26020323 – логистика
- 1-270101 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (аз рӯйи самтҳо)
- 1-380202 – дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ
- 1-400101 – таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ
- 1-430103 – таъмини барқ
- 1-450101 – низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо
- 1-530105 – ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ
- 1-530107 – технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ
Хатмкунанда-бакалавр метавонад таҳсилашро дар зинаи магистратура идома диҳад. Муҳлати хониш дар магистратура 2 сол буда, қабул ба магистратура дар асоси озмун ба роҳ монда шудааст.
Зинаи магистратура
- 1-250107m – иқтисодиёт ва идора дар корхона
- 1-430103m – таъмини барқ
Зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)
- 6D050700 – менеҷмент
- 6D070400 – техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ
- 6D071800 – энергетикаи электрикӣ
Ба донишҷӯёни ихтисосҳои 1-400101, 1-400102, 1-260103 ва 1-450101 маҷмӯи курсҳои васеъ, ки бо техникаҳои ҳисоббарор ва барномарезӣ вобастаанд, омӯзонида мешаванд.
Бо мақсади баланд бардоштани дониши мутахассисони оянда, дар факултет синфхонаҳои махсуси компютерӣ ташкил карда шуда, машғулиятҳо дар онҳо гузаронида мешаванд. Илова бар фанҳои тахуссусии ин соҳа (донишҷӯён то панҷ забони барномарезиро азхуд мекунанд), таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши фанҳои риёзӣ дода мешавад. Бо назардошти талаботи бозори меҳнат ба донишҷӯён технологияҳои мобилӣ, барномарезӣ ба таҷҳизот, моделиронӣ ва ташкили ҳимояи маълумот омӯзонида мешавад.
Ба донишҷӯёни ихтисосҳои 1-430103 ва 1-530105 маҷмӯи курсҳое, ки бо электротехника, таҷҳизотҳои барқӣ, таъмини барқ ва ҳаракатдиҳандаҳои барқӣ вобастаанд, хонда мешаванд.
Барои гузаронидани корҳои амалӣ ва лабораторӣ аз стендҳои муосири тахассусӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Бо мақсади татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия донишҷӯён таҷрибаомӯзии истеҳсолиашонро дар ташкилотҳои «Ҷавонӣ» ва Барқи Тоҷик гузаронида, раванди истифодаи таҷҳизотҳои барқии насбшудаи шиддаташон то 1000 В ва болоро меомӯзанд.
Диққати асосӣ ба математика, физика, назария ва электротехника, бахусус ба баландбардории малакаи хондан ва васли схемаҳои барқӣ, ҳимоя ва автоматигардонии таҷҳизотҳои барқӣ зоҳир карда мешавад.
Донишҷӯёни факултет фанҳои забони русӣ, англисӣ ва сикли фанҳои гуманитариро аз худ мекунанд.
Дар факултет фаъолияти таълими бо фаъолияти илмӣ алоқаи зич дорад. Донишҷӯён ҳатман барои тадқиқоти илмии кафедраҳо ё лабораторияҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.
Факултет бо техникаҳои ҳисоббарор пурра таъмин карда шудааст. Ҳамаи синфхонаҳо ба шабакаи локалии оптикӣ ва бо воситаи он ба Интернет пайваст мебошанд.
Факултет бо корхонаҳои азими соҳаи IT, ба монанди Google, Microsoft, Cisco, Samsung, Лабораторияи Касперски ва ташкилотҳои барқӣ, ба монанди Барқи Тоқик ва НБО-и Қайроқум ҳамкорӣ дорад.
Хатмкардагони факултет муаммои бо кор таъмин шуданро надоранд. Онҳо дар ҳамаи соҳаҳо, ки техникаҳои ҳисоббарор (асосан мутахассисони IT) ва таҷҳизоти барқии баландшиддат (энергетикҳо) истифода мешавад, кор карда метавонанд.
Тайёрии назариявии амиқ якҷоя бо корҳои амалӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ бо роҳбарии омӯзгорон ва кормандони илмӣ хатмкардагони факултетро дар бозори меҳнат рақобатпазир мегардонад.
Дар факултет зиёда аз 1000 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд.
Маълумот бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
Кормандони садорати факултет

муовини декан оид ба таълим ФИЭ,номзади илмҳои техникӣ омӯзгори калони КБваНИ-Левандовский Богдан Игоревич

муовини декан оид ба тарбия ФИЭ,омӯзгори калони КМОваФ-Раҳматуллоева Марҳабо Маҳмудовна
Танзимгари ФИЭ-Олимова Нодирабегим Омоновна
Кафедраҳо ва озмоишгоҳҳо
Мудири озмоишгоҳи ФИЭ: Шодиев Ш. Ш.
Озмоишгоҳҳои таълимӣ дар назди кафедраи Математикаи олӣ ва физика
- Озмоишгоҳи “Механика, физикаи молекулавӣ ва термодинамика” (Э301)
![]() | ![]() |
Озмоишгоҳи таълимии мазкур барои гузаронидани корҳои лабораторӣ аз қисмҳои Механика ва Физикаи молекулавӣ ва термодинамика пешбинӣ шудааст. Дар озмоишгоҳ гузаронидани зиёда аз 15 кори лабораторӣ, ки барои дар амал татбиқ намудани маълумотҳои назариявии азхуднамудаи донишҷӯёни ихтисосҳои Хизматрасонии автомобилӣ, Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ, Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва ғ. аҳамияти хело калон дорад, имконпазир аст.
- Озмоишгоҳи “Электродинамика” (Э302)
Озмоишгоҳи “Электродинамика” (Э302) дар назди кафедраи Математикаи олӣ ва физика амал карда, дар ин озмоишгоҳ барои гузаронидани корҳои лабораторӣ аз фанҳои “Физикаи ҳодисаҳои электрикӣ ва магнитӣ”, “Биофизика” ва ғ. зиёда аз 10 кори лабораторӣ ва демонстратсионӣ гузаронидан имконпазир аст. Корҳои лаборатории дар ин озмоишгоҳ гузаронидашаванда ба машғулиятҳои назариявии ҳамаи ихтисосҳои муҳандисӣ-техникӣ алоқаи зич дорад. Инчунин дар лабораторияи мазкур курси кӯтоҳмуддати “Электрикони ҷавон” гузаронида мешавад, ки ба он тамоми ҳавасмандони электргузаронию барқтаъминкунӣ ҷалб карда мешаванд.
- Озмоишгоҳи “Оптика, физикаи атом ва ядро” (Э304)
Озмоишгоҳи таълимии мазкур барои гузаронидани корҳои лабораторӣ аз фанҳои “Физикаи умумӣ”, “Биофизика” ва амсоли инҳо пешбинӣ шуда, дар он зиёда аз 10 корҳои лабораторӣ гузаронида мешавад. Дар озмоишгоҳи мазкур донишҷӯёни ихтисосҳои муҳандисӣ-технологӣ, таълими касбӣ (аз рӯи самтҳо) аз рӯи нақша ва барномаи таълим корҳои лабораторӣ мегузаронанд.
Озмоишгоҳҳои таълимӣ дар назди кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика
- Лабораторияи асосҳои назарияи электротехника ва электроника
Дар лабораторияи асосҳои назарияи электротехника ва электроника аз фанҳои асосҳои назарияи электротехника (модули 1 ва 2), назарияи занҷирҳои электрикӣ, асосҳои электротехника, асосҳои электротехника ва электроника, техникаи ченкунӣ-иттилоотӣ ва электроника, электроникаи энергетикӣ зиёда аз 30 дарсҳои лабораторӣ гузаронида мешаванд. Дар лабораторияи мазкур ҳамчунин корҳои илмӣ-тадқиқотии магистрантон гузаронида мешавад. Лабораторияи мазкур барои ихтисосҳои 1-430103 – Таъмини барқ; 1-530105 – Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ; 1-530107 – Технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ ва 1-380202 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар лабораторияи мазкур курси кӯтоҳмуддати васлу насби таҷҳизоти барқӣ амал мекунад.
- Лабораторияи манбаҳои барқароршавандаи энергия
Дар лабораторияи манбаҳои барқароршавандаи энергия аз фанҳои манбаҳои барқароршавандаи энергия, нерӯгоҳҳои барқӣ ва энергетикаи умумӣ зиёда аз 10 дарсҳои лабораторӣ гузаронида мешаванд. Барои гузаронидани корҳои лабораторӣ дастурҳои методӣ мавҷуданд. Ҳамчунин лабораторияи мазкур барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотии магистарантон ва докторантон истифода бурда мешавад. Лабораторияи мазкур барои ихтисосҳои 1-430103 – Таъмини барқ; 1-530105 – Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ; 1-530107 – Технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ пешбинӣ шудааст.
- Лабораторияи асосҳои электробехатарӣ
Лабораторияи асосҳои электробехатарӣ барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи энергетика зарурӣ буда, аз фанҳои бехатарии фаъолияти инсон, бехатарии электрикӣ, техникаи бехатарӣ дар электроэнергетика, асосҳои техникаи бехатарӣ дар дастгоҳҳои барқӣ беш аз 10 дарсҳои лабораторӣ гузаронида мешаванд. Корҳои лабораторӣ дар самти элеткробехатарӣ барои ихтисосҳои 1-430103 – Таъмини барқ; 1-530105 – Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ; 1-530107 – Технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ ва 1-380202 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ васеъ пешбинӣ шудааст.
- Лабораторияи мошинҳо ва ҳаракатоварҳои электрикӣ

Дар лабораторияи мошинҳо ва ҳаракатоварҳои электрикӣ аз фанҳои электромеханика, мошинҳои электрикӣ ва назарияи ҳаракатоварҳои электрикӣ зиёда аз 10 дарсҳои лабораторӣ гузаронида мешаванд. Лабораторияи мазкур барои омода намудани кадрҳои соҳаи автоматика, ҳаракатоварҳои барқӣ васеъ истифода мешавад. Дар ин самт корҳои лабораторӣ барои ихтисосҳои 1-430103 – Таъмини барқ; 1-530105 – Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ; 1-530107 – Технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ ва 1-380202 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ гузаронида мешавад.
- Лабораторияи равшаноии электрикӣ
Дар лабораторияи равшаноии электрикӣ ва таъминоти барқ дарсҳои лабораторӣ аз фанҳои равшаноии электрикӣ ва асосҳои системаи таъминоти барқ зиёда аз 5 кори лабораторӣ гузаронида мешаванд. Лабораторияи мазкур барои омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси 1-430103 – Таъмини барқ пешбинӣ шудааст.
- Лаборатория аппаратҳои электрикӣ ва ҳимояи релеӣ ва автоматика
Дар лабораторияи аппаратҳои электрикӣ ва ҳимояи релеӣ ва автоматика дарсҳои лабораторӣ аз фанҳои “аппаратҳои электрикӣ ва электронӣ” ва “ҳимояи релеӣ ва автоматика” зиёда аз 8 кори лабораторӣ барои ихтисосҳои 1-430103 – Таъмини барқ; 1-530105 – Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ гузаронида мешаванд.
Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат
Дар кафедраҳои факултет омода намудани мутахассисон дар зинаи бакалавриат аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
- 1400101-Таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ. Ҳамчун барномасоз (программист), администратори шабака, веб-дизайнер, муҳандиси шабака, веб-барномасоз, администратори системавӣ, администратори ҳимояи маълумот, устои таъмири компютер дар низоми иттилоотии бонкӣ, ташкили таъмини бехатарии маълумот, ташкили веб-замимаҳо (сомонаҳо) ва танзимгари барномаҳои компютерӣ фаъолият карда метавонад.

- 1450101-Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо. Ҳамчун муҳандиси шабака ва алоқаи мобилӣ, теле ва мултимедионӣ, алоқачӣ, муҳандис-таъминкунандаи алоқа (инженер связи), техник, мутахассиси соҳаи телекоммуникатсия, корманди почта, мутахассиси кори таҷҳизоти алоқа, корманди техникии телевизион ва радио, ширкатҳои мобилӣ фаъолият карда метавонад.
- 1380202 – Дастгоҳ ва низомҳои биотехникӣ тиббӣ бо додани тахассуси муҳандис-асбобсоз. Дар ташкилоту идораҳои соҳаи тиб, марказҳои табобатӣ дар вазифаҳои муҳандиси асбобсозӣ; муҳандис-протезист, ташкили корҳои истифодабарӣ ва таъмири дастгоҳҳои биотехникӣ ва тиббӣ, ҳисоб ва танзими реҷаҳои кори таҷҳизоти барқии биотехникӣ ва тиббӣ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти биотехникӣ ва тиббӣ, таъмир ва ташхиси асбобҳои барқии таҷҳизоти биотехникӣ ва тиббӣ фаъолият карда метавонад.
![]() | ![]() |
- 1530107 – Технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ бо додани тахассуси муҳандиси технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ. Дар корхонаҳои саноатии соҳаҳои гуногун дар вазифаҳои муҳандис оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ, автоматикунонии системаҳои техникии идораи истеҳсолот, муҳандиси электроника, муҳандис-таҳқиқотчӣ, муҳандис оид ба механизатсия ва автоматизатсияи равандҳои истеҳсолӣ, тармим ва санҷиш, таъмири таҷҳизоти барқӣ, назорати ҳолати техникии дастгоҳҳои барқии иншооти энергетикӣ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба идоракунии системаҳои техникӣ фаъолият бурда метавонад.
![]() | ![]() |
- 1530105 Ҳаракатдиҳандаи автоматии баркӣ бо додани тахассуси муҳандис-барқчӣ. Дар корхонаҳои саноатии соҳаҳои гуногун дар вазифаҳои муҳандис оид ба автоматикунонии системаҳои идораи истеҳсолот, асбобҳои ченкунӣ-санҷишӣ ва автоматика (КИП и А), муҳандис-таҳқиқотчӣ, муҳандис оид ба механизатсия ва автоматизатсияи равандҳои истеҳсолӣ, тармим ва санҷиш, таъмири таҷҳизоти барқӣ, назорати ҳолати техникии дастгоҳҳои барқии иншооти энергетикӣ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти барқӣ фаъолият карда метавонад.
![]() | ![]() |
- 1430103 – Таъмини барқ бо додани тахассуси муҳандис-энергетик. Хатмкардаи ин ихтисос ар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва ҳароратӣ, зеристгоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар вазифаҳои муҳандиси барқчӣ ё энергетик; муҳандис оид ба тармим ва санҷиш, ташкили корҳои истифодабарӣ ва таъмири дастгоҳҳои барқӣ, ҳисоб ва танзими реҷаҳои шабакаҳои барқӣ, нозири хадамоти барқ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти барқӣ, таъмир ва ташхиси асбобҳои барқии таъйиноти гуногун ва лоиҳакашии таъминоти барқи манзилгоҳҳои истиқоматӣ фаъолият карда метавонад.
![]() | ![]() |
1250107-Иқтисодиёт ва идора дар корхона. Хатмкунандаи ихтисоси мазкур дар вазифаҳои иқтисодчӣ, менеҷер, маркетолог, иқтисодчӣ-таҳлилгар, иқтисодчии соҳаи савдо, мутахассиси сармоягузорӣ, агенти савдо ва ғайраҳо фаъолият менамояд.
![]() | ![]() |
1270101-Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (аз рӯи самтҳо). Хатмкунандаи ихтисос дар вазифаҳои иқтисодчӣ-таҳлилгар, муҳандис-иқтисодчӣ, муҳандис-иқтисодчии шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, нозири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муҳандис-иқтисодчӣ дар соҳаи нақлиёт ва энергетика ва ғайраҳо фаъолияти худро ба роҳ монда метавонад.
![]() | ![]() |
1250110-Тиҷорат. Хатмкунанда пас аз хатм ҳамчун аналитик, мерчендайзер, молшинос, иқтисодчии соҳаи савдо, агенти савдо, маркетолог, тиҷорат дар корхонаҳои соҳаи саноат ва хизматрасонӣ фаъолият бурда метавонад.
![]() | ![]() |
126020323-Логистика. Хатмкунанда ҳамчун мутахассиси назорат ва идоракунии ҳаракати захираҳои мол, ташкили раванди оқилонаи таблиғи молҳо ва хидматҳо аз молрасон то истеъмолкунанда кор мекунад.
Донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои амалкунанда соҳиби касбҳои зерин мегарданд:
- муҳандис-асбобсоз (таҷҳизоти тиббӣ) – дар марказҳои ташхиси тиббӣ, ташкилоту идораҳои соҳаи тандурустӣ ҳамчун муҳандиси таҷҳизоти тиббӣ;
- муҳандиси технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ – дар корхонаҳои саноатӣ, IT-ташкилот, идоракунии системаҳои техникии бонку муассисаҳои гуногун;
- муҳандис-барқчӣ – дар нерӯгоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои саноатӣ;
- муҳандис-энергетик – дар нерӯгоҳҳои барқию шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои саноатӣ;
- барномасоз (программист), администратори шабака, веб-дизайнер, муҳандиси шабака, веб-барномасоз, администратори системавӣ, администратори ҳимояи маълумот, устои таъмири компютер дар низоми иттилоотии бонкӣ, ташкили таъмини бехатарии маълумот, ташкили веб-замимаҳо (сомонаҳо) ва танзимгари барномаҳои компютерӣ;
- муҳандис – иқтисодчӣ, менеҷер, логист ва иқтисодчӣ-маркетолог дар субъектҳои хоҷагидории хусусӣ ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар;
- муҳандиси шабака ва алоқаи мобилӣ, теле ва мултимедионӣ, алоқачӣ, муҳандис-таъминкунандаи алоқа (инженер связи), техник, мутахассиси соҳаи телекоммуникатсия, корманди почта, мутахассиси кори таҷҳизоти алоқа, корманди техникии телевизион ва радио, ширкатҳои мобилӣ.
Барномаҳои таҳсилотии магистратура
- 1-250107m – иқтисодиёт ва идора дар корхона
Мутахассиси дараҷаи магистри иқтисодӣ аз руйи ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона.
Барномаи магистрии “Иқтисодиёт ва идора дар корхона” барои тайер кардани менеҷер-таҳлилгарон ва аналитикҳо равона шудааст, ки имконияти устуворӣ ва рақобатпазирии тиҷоратро дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ бо истифода аз усулҳои муосири идоракунии ташкилотҳо, моделсозӣ бо назардошти таҷрибаи беҳтарини хориҷӣ, равандҳои тиҷоратии ширкат ва самаранок идора кардани хатарҳои молиявиро на танҳо дар шароити муътадили иқтисодӣ, балки дар шароити буҳрон таъмин менамоянд.
- 1-260201 – Бизнес-маъмуриятчигӣ МВА
Мутахассиси дараҷаи магистри иқтисодӣ – маъмуриятчигӣ аз руйи ихтисоси Бизнес-маъмуриятчигӣ МВА
Магистратура аз рӯи ихтисоси бизнес-маъмуриятчигӣ азхудкунии тамоми вазифаҳои асосии тиҷоратро пешбинӣ мекунад: менеҷмент, маркетинг, молия, менеҷменти стратегӣ ва амалиётӣ.
Хатмкунандаи барномаи МВА салоҳияти роҳбари зинаи миёна ва олиро ташаккул медиҳад. Омӯзиш аз рӯи барномаи МВА боиси ташаккули салоҳиятҳои зерин мегардад:
- қобилияти татбиқи донишҳои назариявӣ барои ҳалли масъалаҳои тиҷорат ва идоракунӣ;
- қобилияти ташаккул додани ҳадафҳо барои қабули қарорҳо;
- қобилияти мустақилона ба даст овардани донишҳои нав, таҳлили иттилооти идоракунӣ;
- донистани усулҳои банақшагирӣ ва пешгӯии фаъолияти ташкилот;
- қобилияти истифодаи таҳлили молиявӣ, воситаҳои таҳлили стратегӣ, усулҳои арзёбии лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
- ба роҳ монда тавонистани воситаҳои роҳбарӣ, ҳавасмандкунӣ ва идоракунии захираҳои инсонӣ дар ташкилот.
- 1-430103m – таъмини барқ
Мутахассиси дараҷаи магистри техника ва технология аз рӯйи ихтисоси
1-430103 – Таъмини барқ.
Барномаи магистрӣ ба тайёр кардани мутахассисони дорои дониш ва малакаи идоракунии захираҳои энергетикӣ, барои таъмин ва баланд бардоштани самаранокии сифат ва кам намудани талафи энергия нигаронида шудааст. Донишҷӯён иҷро карда метавонанд:
- таҳлили технологии раванди истеъмоли энергия;
- идоракунии системавии захираҳои энергетикӣ;
- аз ҷиҳати иқтисодӣ баҳо додан ба лоиҳаҳои таҳияшуда;
- аудити энергетикӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ барои идоракунии раванди истеҳсол ва истеъмоли энергия электрикӣ.
Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD)
- 6D050700 – менеҷмент
Саҳаи илмӣ: иқтисодӣ
Рамзи ихтисос: 6D050700 – менеҷмент.
Формулаи ихтисос: барномаҳои таълимии докторантураи PhD дар ҳамгироии пурзӯри фаъолияти таълимӣ, методологӣ ва тадқиқотӣ, ки ба тайер кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ бо сатҳи баланди дониш, малака ва салоҳият дар соҳаи иқтисодиёт нигаронида шудаанд, сохта шудаанд.
Асоси барномаи таълимии бунёдии докторантураро курсҳои муаллифӣ, семинарҳои илмии профессорӣ, лексияҳои профессорон, мастер-классҳои олимон ва амалкунандагони маъруф ташкил медиҳанд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба омӯзиши мушкилоти мубрами менеҷменти муосир, идоракунии стратегӣ, идоракунии хавф, идоракунии инноватсия, кадрҳо ва ғайра дода мешавад. Амалия дар таълим нақши калон мебозад: хатмкунандагони барнома лоиҳаҳои тиҷорати инфиродии худро дар асоси маълумоти воқеӣ эҷод мекунанд, ки баъдан метавонанд дар асоси фаъолияти ширкатҳо амалӣ карда шаванд
Соҳаҳои тадқиқот:
- Таҳияи усулҳои нави идоракунии стратегӣ.
- Омӯзиши омилҳое, ки ба самаранокии идоракунии амалиётӣ таъсир мерасонанд.
- Таҳияи усулҳои нави идоракунии кадрҳо.
- Омӯзиши таъсири маркетинг ба рафтори истеъмолкунандагон.
- Таҳияи усулҳои нави идоракунии молиявӣ.
- Омӯзиши омилҳое, ки ба самаранокии идоракунии истеҳсолот таъсир мерасонанд.
- Таҳияи усулҳои нави таъмини сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ.
- 6D070400 – техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ
Соҳаи илмӣ: Илмҳои техникӣ ва технологияҳо
Рамзи ихтисос: 6D070400 – Техникаи ҳисоббарор ва таъмини барномавӣ
Формулаи ихтисос: техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ – ихтисосест, ки тадқиқотҳо ва коркарди қонуниятҳои илмиро бо истифода аз воситаҳои алгоритмӣ, сохтӣ, мантиқӣ ва техникӣ барои идораи техникаи ҳисоббарор дар бар мегирад. Масъалаҳои дар ихтисоси зерин ҳалшаванда ба ташкили коркарди алгоритмӣ, мантиқӣ, ташкили ҳимояи иттилоот асос ёфтаанд. Илова бар ин, масъалаҳои идораи техникаи ҳисоббарор бо истифодаи таъминоти барномавии намудҳои гуногун дар назар дошта шудааст. Аҳамияти муҳими ихтисос ба хоҷагии халқ – ин сохтан ва азнавкунии пояҳои назариявӣ ва техникии техникаи ҳисоббарор, таъминоти барномавӣ ва ҷамъи онҳо, ки ба дараҷаи баланди нишондиҳандаҳои самаранок соҳиб мебошанд ва равнақ додани ҷараёни илмӣ-техникӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият ба ҳисоб меравад.
Соҳаҳои тадқиқот:
- Коркарди системаҳои компютерӣ ва тарҳрезии сунъӣ.
- Коркарди усулҳо ва алгоритмҳои барои ҳалли масъалаҳо таҳлили сохтор, беҳтаркунӣ, идора, интихоби ҳалли масъала ва коркарди маълумот.
- Коркарди таъминоти барномавӣ барои интихоби ҳалли масъалаҳо ва коркарди худкори иттилоот.
- Коркарди моделҳо, усулҳо, алгоритмҳо ва воситаҳои барномавӣ барои ташкили робитаҳои мултимедионӣ дар муҳитҳои корӣ байни инсон ва мошин.
- Идора ва ташкили ҳимояи иттилоот.
- 6D071800 – энергетикаи электрикӣ
Саҳаи илмӣ: техникӣ
Рамзи ихтисос: 6D071800 – Энергетикаи электрӣ.
Формулаи ихтисос: тайёр кардани докторантҳо аз рӯйи фанҳои асосӣ ва тахассусӣ, омода ва ҳимояи рисолаи илмӣ дар соҳаи энергетика бо ноил шудан ба салоҳиятҳои дахлдор мебошад. Донишҷӯён дар асоси комёбихои илму техника дар соҳаҳои истеҳсоли энергияи электрӣ, шабакаҳо ва системаҳои энергетикӣ, таъмини нерӯи барқи корхонаҳо, ҳаракатоварҳои электрикӣ, ҳимояи релеӣ ва автоматикаи системаҳои энергетикӣ, энергетикаи барқароршаванда метавонанд дониш ва малака гиранд.
Соҳаҳои тадқиқот:
- Истифодаи усулҳои гуногуни лоиҳаи комплексҳои электроэнергетикӣ ва электротехникӣ;
- Коркарди идораи ҳаракатоварҳои муосир;
- Тадқиқоти таъсири сифати электроэнергия ба истеҳсолот ва ба кори дастгоҳҳо;
- Коркарди усулҳои кам намудани талафи электроэнергия;
- Коркарди идораи системаҳои микропротсессорӣ дар равандҳои технологии соҳаи энергетика;
- Коркарди роҳҳои сарфаи энергия ва захираҳо ба истифодаи МБЭ.