Маркази таҳсилоти фосилавӣ

МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

Сардор: номзади илмҳои таърих, и.в.дотсент, Бобоҷонова Назира

Иномҷоновна

Маълумот барои тамос:

Почтаи электронӣ: mtf@polytech.tj

Суроға: ш.Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 226

Аз таърихи марказ

Маркази таҳсилоти фосилавӣ соли 2013 дар заминаи шуъбаи ғоибона ташкил карда шуда, аз соли 2015 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тайёр кардани мутахассисони салоҳиятнок тавассути таҳсилоти фосилавӣ, тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти №05/01 аз 19.08.2015), «Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (тахти №17/20 аз 30.11.2022сол), «Низомномаи маркази таҳсилоти фосилавии ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» (таҳти №6 аз 07.02.2023сол)  фаъолият карда истодааст.

Раванди таълим дар таҳсилоти фосилавӣ асосан тавассути сомонаи fosilavi.tj ба роҳ монда шудааст. Сомонаи fosilavi. tj дар шабакаи глобалии интернет фаъолият бурда, дар он утоқҳои инфиродӣ барои омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони марказ бо се забон фаъолият мекунад. Аз тарафи вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии «Маркази миллиии патенту иттилоот» барои коркарди якчанд Web-замимаҳои махсуси таҳсилоти фосилавӣ шаҳодатномаҳои зеҳнӣ  дода шуд, аз ҷумла:

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ» (2019);

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ-модули супориш» (соли 2019);

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ-модули робита» (соли 2019);

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ-модули пешрафт» (соли 2019);

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ-модули имтиҳон» (соли 2019);

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ – модули назорати давомот» (соли 2019);.

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ – замимаи мобилии низоми  таҳсилоти фосилавӣ» (соли 2021);

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ –  Модули вебинар» (солм 2021).

Фаъолияти асосии марказ

  • ташкили раванди таълим дар шароити таҳсилоти фосилавӣ бо истифода  аз усулҳои  муосири тайёр  кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва ба талаботи  бозори дохилӣ ва берунии меҳнат ҷавобгӯй;
  • таъмин кардани дастрасии таҳсилоти олии касбӣ ва маводи иттилоотии таълимӣ дар шароити таҳсилоти фосилавӣ асосан дар шакли электронӣ, бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию иртиботӣ ва моҳворавӣ;
  • рудши фазои ягонаи таълимӣ дар чаҳорчӯбаи ҷомеаи  умумиҷаҳонӣ.

 

Кормандони асосӣ

  • Сармутахасиси МТФ – Шерматова Шаҳноза Иномҷоновна

Функсияҳои асосии сармутахасиси МТФ ин таҳия ва сохтани ҷадвали машғулиятҳои дарсӣ, имтиҳонии сессияҳои асосӣ ва иловагии донишҷӯён, таъмин намудани робитаҳои марказ бо кафедраҳо дар масъалаҳои таълими фанҳои ҷудогона, назорат кардани дараҷаи азхудкунӣ ва давомоти донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ ва имтиҳонҳои фосилавӣ, пешниҳод кардани донишҷӯён барои супоридани аттестатсияи хатм ва ҳимояи корҳои хатм, барасмиятдародии ҳуҷҷатҳои раванди таълим аз қабили пур кардани журналҳои қайди давомоти донишҷӯён, иҷрои нақшаҳои тақвимии машғулиятҳои дарсӣ ва назорати гузаронидани дарсҳои ҳузурӣ, «On-line» ва «Off-line» (ба воситаи сомонаи fosilavi.tj ва почтаи электронӣ) аз тарафи омӯзгорон, шинос шудан бо аризаҳои шаҳрвандон ва донишҷӯёнро, ки ба фаъолияти марказ дахл доранд ва нисбати ҳалли онҳо чораҳои қатъӣ андешидан.

 

  • Мухахасиси МТФ – омӯзгори калон, Файзиева Правина Усмоновна

Функсияҳои асосии мутахасиси МТФ ин пур кардани варақа ва дафтарчаҳои имтиҳонии донишҷўён, тартиб додани нақшаи инфиродии донишҷӯён ҳангоми барқароркунӣ ва интиқол, ҳамкорӣ кардан бо омӯзгорон, кормандони дигари факултет, кормандони шубаи байқайдгирӣ ва машварат ва бо донишҷӯён дар самти таълим, ҳуҷҷатнигории марказ, таҳлили давомот ва донишазхудкунии ҷории донишҷӯён, бо донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ саривақт пешниҳод кардани маълумот оид ба шурӯъ шудани машғулиятҳои дарсӣ ва ба онҳо ҷиҳати ҳозир шудан ба сессияҳои имтиҳонӣ ва аттестатсияи хатм даъватнома ирсол намудан.

 

  • Маъмури системаи таҳсилоти фосилавӣ – Муллоҷонов Назирҷон Мубинҷонович

Функсияҳои асосии маъмури системаи таҳсилоти фосилавӣ ин ташкили  раванди таълим дар сомонаи  fosilavi.tj, таъмини дастрасии раванди таълим ба донишҷӯён ва омӯзгорон тариқи сомонаи fosilavi.tj, таъмини дастрасии сомонаи fosilavi.tj ба шабакаи интернет, таъмин намудани почтаи электронӣ барои ҳар як омӯзгор ва ҷалби донишҷўён ҷиҳати истифодаи самараноки он дар раванди таълим.  

 

Маълумоти иловагӣ

Дар маркази таҳсилоти фосилавӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерини зинаи бакалавр гурӯҳҳои академӣ мавҷуд аст:

  1. 1-250104 – Молия ва қарз;
  2. 1-250107 – Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо;
  3. 1-400102- Технология  ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт;
  4. 1-440101 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ;
  5. 1-430103 – Таъмини барқ.

Инчунин гурӯҳҳои академӣ зерин аз рӯйи ихтисосҳо дар таҳсилоти дуюми олии зинаи бакавриат мавҷуд аст:

  1. 1-250104 – Молия ва қарз;
  2. 1-250107 – Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо;
  3. 1-400102- Технология  ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт;
  4. 1-440101 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ;
  5. 1-450101 – Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо;
  6. 1-430103 – Таъмини барқ;
  7. 1-490101 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ;
  8. 1-500101 – Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бе тору пуд;
  9. 1-700201 – Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ.
  10. 1-450101 – Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо
  11. 1-490101 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ
  12. 1-700201 – Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ
  13. 1-740206 – Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ

Тибқи нақшаи стратегии фаъолияти Маркази таҳсилоти фосилавӣ барои рушди таҳсилоти фосилавӣ чорбиниҳои зерин пешбинӣ кардашудааст:

  • ҷалби бештари омӯзгорон ва донишҷӯён ба таҳсилоти фосилавӣ;
  • ҷалби омӯзгорон аз давлатҳои хориҷӣ барои гузаронидани дарсҳо тариқи вебинару форумҳо;
  • коркарди маводҳои мултимедиявӣ барои ихтисосҳои техникӣ бо мақсади ғани гардонидани маҳзани иттилоотии таҳсилоти фосилавӣ ва дастрас кардани маводи таълимӣ ба донишҷӯёни минтақаҳои дохилӣ ва берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;

коркарди лабораторияҳои вертуалӣ барои гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ аз фанҳои техникӣ ва дақиқ.

Шахсони масъули ин қисми сомона: Қодирова Гулчеҳра Сатторовна
Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare