ШАВҚ БА ИЛМУ КАСБОМӮЗӢ БЕШТАР ГАРДИД

photo_2024-05-08_13-39-19

ШАВҚ БА ИЛМУ КАСБОМӮЗӢ БЕШТАР ГАРДИД

Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани “Ҳафтаи илм” ва мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи чорабиниҳои ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” дар факултети муҳандисӣ – технологӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинии мазкур барои рушди касбияти донишҷӯёни курсҳои 1 – ум ва 2-юм ва аз наздик шинос намудани онҳо бо ихтисоси интихобкардаашон мусоидат менамояд. Дар мизи мудаввар коршиносон, мутахассисони варзидаи як қатор корхонаҳои пешқадами вилоят иштирок намуданд. Зимни мулоқот онҳо аз роҳи тайнамуда, дилбастагӣ ба касб, шавқу завқи хондан, собиқаи корӣ мушкиливу пешравиҳо, ва омилҳои барои соҳибкасб шуданашон таъсиркунанда маълумот доданд.
Чунончи донишҷӯёни ихтисосҳои 1-740206 – Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ ва 1-570101- 01 – Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо кормандони Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд Бобоев Раҳимҷон, Оқилов Қурбон ва мутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист Саидов Хуршед сӯҳбати гарму самимӣ оростанд.

Аз тарафи мутахассисон оид ба ташкили тарбияи самараноки экологӣ ва агротехнологии шаҳрвандон, ҳифзи муҳити зист, истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ маърӯза хонда шуд. Қайд гардид, ки тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи насли ояндаи миллат дар дасти донишҷӯёни ҳозира – мутахассисони ояндаи соҳа мебошад.
Баъди баромад Саидов Хуршед – мутахасси сарраёсати ҳифзи муҳити зист ба китобхонаи факултети муҳандисӣ-технологӣ Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Инсон ва табиат”-ро тақдим кард.

Чунин мулоқоти самаровар бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи саноати сабуки ҷумҳурӣ- ҶДММ “САТН” ва ҶДММ “Ҷавонӣ” низ доир гардид. Зимни вохӯрӣ Акмалов Акмалхон, барномасози истеҳсолоти ресандагӣ-бофандагии ҶДММ “САТН”, Ғиёсова Шоирахон мудири шуъбаи кадрҳои ҶДММ “САТН” ва Раҳматова Муҳаббатхон, сартехнологи истеҳсолоти бофандагӣ аз нозукиҳои касб, дурнамои соҳаи саноати сабук дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳарф заданд.

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare