Шурои таълимӣ-методӣ
January 12, 2024 2026-04-10 10:58Шурои таълимӣ-методӣ
- РОҲПАЙМОИИ МЕҲНАТКАШОН АРҶГУЗОРӢ БА МЕҲНАТ ВА ИНСОНҲОИ СОЗАНДА
by ilhomjon35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар на танҳо як санаи тақвимӣ, балки як марҳилаи муҳими таърихи давлатдорӣ ба шумор меравад. Дар ин муддат мафҳумҳои Ватан, давлатдорӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва меҳнати созанда ба ҷузъи муҳими андешаи шаҳрвандӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар бо баргузории чорабиниҳои тантанавӣ, фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва ҳарбӣ сурат гирифт. Дар шаҳри Хуҷанд низ ин ҷашни таърихӣ бо шукӯҳи хос истиқбол гардид. Яке аз рӯйдодҳои муҳими он роҳпаймоии идонаи меҳнаткашон буд, ки 5 сентябри соли 2026 баргузор гардида, тибқи маълумоти расмии мақомоти шаҳри Хуҷанд беш аз 35 ҳазор нафарро фаро гирифт. Манзараи роҳпаймоӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд танҳо як чорабинии идона набуд. Дар он намояндагони касбу кори гуногун омӯзгорон, табибон, муҳандисон, коргарон, донишҷӯён, кормандони ташкилоту муассисаҳо, варзишгарон ва дигар қишрҳои ҷомеа якҷо қадам мезаданд. Ҳар яке бо касбу вазифаи худ, вале бо як эҳсоси умумӣ эҳсоси масъулият барои ободии Ватан. Ин ҷо маънои асосии роҳпаймоӣ нуҳуфтааст: давлатро мардум месозад ва пешрафти онро меҳнати ҳар як шаҳрванд таъмин мекунад. Агар мо ба таърихи рушди ҷомеа назар андозем, мебинем, ки ҳар як корхонаи бунёдшуда, ҳар як мактаби сохташуда, ҳар як неругоҳи ба истифода додашуда, ҳар як роҳи нав ва ҳар як дастоварди соҳаҳои илму маориф маҳсули заҳмати инсон аст. Аз ин рӯ, роҳпаймоии меҳнаткашон пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба меҳнат ва инсонҳои созанда мебошад. Дар паҳлуи меҳнати созанда мафҳуми дигаре низ қарор дорад – ҳифзи сулҳу амният. 7 сентябри соли 2026 ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишвар чорабиниҳои ҳарбӣ баргузор шуданд. Дар Душанбе низ паради ҳарбӣ дар майдони Истиқлол баргузор гардид, ки дар он афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, захираи сафарбарӣ, занони низомӣ, собиқадорон ва дигар ҳайати низомӣ иштирок намуданд. Қадами низомӣ аз қадами меҳнаткаш фарқ дорад, аммо ҳадафи умумии онҳо ба ҳам наздик аст. Меҳнаткаш барои ободии кишвар заҳмат мекашад, низомӣ бошад, барои ҳифзи сулҳу амнияти кишвар хизмат мекунад. Яке созандагии иқтисодиро таъмин менамояд, дигаре шароити амну осоиштаи зиндагиро ҳифз мекунад. Аз ин нигоҳ, роҳпаймоии меҳнаткашон ва паради ҳарбӣ ду тасвири ба ҳам пайвастаи давлатдории муосир мебошанд: яке чеҳраи созандагии Ватанро нишон медиҳад, дигаре масъулияти ҳифзи онро. Хуҷанд ҳамчун яке аз шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон дар таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми худро гузошт. Баргузории роҳпаймоии оммавӣ бо иштироки беш аз 35 ҳазор нафар нишон дод, ки чорабиниҳои миллӣ метавонанд намояндагони соҳаҳои гуногунро дар як фазои идона муттаҳид созанд. Дар ин роҳпаймоӣ чеҳраи шаҳрро метавон аз чанд ҷиҳат дид: чеҳраи омӯзгор, ки насли навро тарбия мекунад; чеҳраи табиб, ки ба саломатии мардум хизмат мекунад; чеҳраи муҳандис, ки барои пешрафти техникаву истеҳсолот талош менамояд; чеҳраи коргар, ки бо дастони худ маҳсулот меофарад; чеҳраи донишҷӯ, ки барои фардои худ ва ҷомеа дониш меомӯзад. Ҳамин симоҳо дар маҷмӯъ чеҳраи ҷомеаро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, роҳпаймоии меҳнаткашонро метавон ҳамчун як оинаи рамзии ҷомеа арзёбӣ кард – оинае, ки дар он меҳнат, касб, ҷавонӣ, таҷриба, фарҳанг ва орзуву умеди мардум инъикос меёбад. Паради ҳарбӣ бошад, бештар ба мафҳумҳои интизом, масъулият, омодагӣ ва хизмат алоқаманд аст. Қадамҳои ҳамоҳанг, сафҳои муназзам ва либоси низомӣ пеш аз ҳама рамзи вазифаи масъули ҳар як хизматчии ҳарбӣ мебошанд. Дар шаҳри Хуҷанд низ пеш аз таҷлили ҷашн дар қисмҳои низомӣ чорабиниҳои идона баргузор шуданд. Ин гуна чорабиниҳо барои ҷомеа як паёми муҳим доранд: истиқлолият танҳо ҳуқуқи соҳибдавлат будан нест, балки масъулияти ҳифзи он низ мебошад. Агар роҳпаймоии меҳнаткашонро аз нигоҳи иҷтимоӣ ва паради ҳарбиро аз нигоҳи давлатдорӣ баррасӣ кунем, байни онҳо як робитаи маънавӣ пайдо мешавад. Меҳнаткаш мегӯяд: ман барои ободии Ватан кор мекунам. Муаллим мегӯяд: ман барои ояндаи Ватан насли босавод тарбия мекунам. Муҳандис мегӯяд: ман бо дониш ва ихтисоси худ барои пешрафти кишвар саҳм мегузорам. Донишҷӯи ҷавон мегӯяд: ман бояд дониш омӯзам ва мутахассиси хуб шавам. Сарбоз мегӯяд: ман барои ҳифзи Ватан ва амнияти он хизмат мекунам. Ҳамаи ин андешаҳо дар ниҳоят ба як мафҳум “масъулияти шаҳрвандӣ” ҷамъбаст мешавад. Арзиши воқеии ҳар як чорабинии бузург на танҳо дар шумораи иштирокчиён, ороиши кӯчаҳо ё шукӯҳи он, балки дар таъсири маънавии он ба ҷомеа мебошад. Роҳпаймоии 5 сентябр дар Хуҷанд, ки беш аз 35 ҳазор нафарро муттаҳид кард, аз як тараф, рӯйдоди тантанавӣ ва аз тарафи дигар, як тасвири зиндаи ҳаёти иҷтимоии шаҳр буд. Парчамро дар майдон барафрохтан осон аст, аммо арзишҳои онро дар зиндагӣ нигоҳ доштан масъулияти бузург мебошад. Суруди миллӣ хондан осон аст, аммо барои Ватан софдилона кор кардан – масъулияти ҳаррӯза мебошад. Аз паради ҳарбӣ ифтихор кардан осон аст, аммо эҳтиром ба қонун, интизом ва масъулияти шаҳрвандӣ бояд дар зиндагии ҳаррӯза низ зоҳир гардад. Ва шояд муҳимтарин маънои ин ду чорабинӣ ҳамин бошад: Ватан ҳам ба дасти созанда ва ҳам ба сипари муҳофиз ниёз дорад. Истиқлолият бо як рӯз, як роҳпаймоӣ ё як парад маҳдуд намешавад. Истиқлолият арзишест, ки онро ҳар рӯз бо меҳнати ҳалол, дониш, масъулият, тарбияи насли наврас, эҳтироми қонун ва ҳифзи сулҳу субот бояд таҳким бахшид. Дабир Мирзоев, омӯзгори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд - САФАРИ БОБАРОР ВА САРФАРОЗИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО УНВОНИ ДОКТОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ КОРЕЯ ВА ДАРАҶАИ ФАХРИИ 9-УМИ ТАЭКВОНДО
by ilhomjonСанаҳои 15-17-уми сентябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафари расмӣ намуданд. 16 сентябр дар шаҳри Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид. Дар мулоқоти сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд. Тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Корея аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, пайвандҳои таърихӣ, муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва арзишҳои инсондӯстии мардумони ду кишвар таъкид карда шуд. Муколамаи фаъоли сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатӣ омили таконбахши муносибатҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ гардид. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея заминаи муносиби ҳуқуқии робитаҳо фароҳам мебошад. Зикр шуд, ки дар робитаҳои ду кишвар авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад. Иштироки фаъоли доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои навини Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Бояд қайд намуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор карда шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор карда шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея 13 апрели соли 2015 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2008 расман ифтитоҳ ёфтааст. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 20 санади ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад. Боиси қаноатмандист, ки қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ҳоло ба майдони муҳими ҳамкорӣ табдил ёфтааст ва ҳадафҳои он ҷавобгӯи барномаҳои рушди миллӣ ва манфиатҳои мардумони кишварҳои мо мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Дар бист соли охир суръати солонаи рушди иқтисоди миллии кишвари мо ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,8 фоиз таъмин гардидааст. Тайи солҳои охир мо барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ислоҳоти фарогирро амалӣ намудем. Танҳо соли гузашта ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз панҷ миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз ҳафт миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди татбиқ қарор доранд. Қонунгузории мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст. Узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (ВТО) далели мутобиқати қонунҳои мо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин ҷода мебошад. Тоҷикистон дорои зарфиятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла маъданҳои нодир ва муҳим, имкониятҳои назарраси сайёҳӣ ва нерӯи кории ҷавон мебошад. Бояд зикр намуд, ки санаи 16-уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз қабили: — Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ ва ёрии миёниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ; Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад; — Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф; — Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Корея дар бораи ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи моликияти зеҳнӣ; — Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея; — Ёддошти тафоҳум миёни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоотии кашшофии молиявӣ дар бораи қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризм; — Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея; — Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи наклиёт; — Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея; — Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ миёни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея; — Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи содирот миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA); — Созишномаи ҳамкории техникӣ миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии бехатарии меҳнат ва саломатии Корея; — Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика; — Ёддошти тафоҳум миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудирияти кадрҳои Ҷумҳурии Корея; — Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон ва Агентии миллии Политсияи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ Боиси ифтихор ва сарфарозии мо аст, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ унвони Доктори фахрӣ тақдим гардид. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд. “Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин, арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам”, — изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Таъкид гардид, ки илму маърифат, адабиёт ва саъю талош ба сӯйи дониш тайи ҳазорсолаҳо таҳкурсии ташаккули тамаддуни бостонии миллати тоҷикро ташкил додааст. Маҳз ба шарофати […] - ВАТАН АЗ ҲАР ЯКИ МО МАСЪУЛИЯТ, САДОҚАТ ВА ҲИССИ БАЛАНДИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИРО ТАЛАБ МЕКУНАД
by ilhomjonИстиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин ва муқаддастарин неъмати зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлол ба инсон ва ҷомеа имконият медиҳад, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намуда, барои ободии Ватан, пешрафти давлат ва зиндагии шоистаи мардум талош намоянд. Барои мардуми тоҷик низ Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузурги таърихӣ ва рамзи соҳибдавлатии миллӣ мебошад. Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва шукргузорӣ ҷашн гирифтанд. 35 сол аст, ки кишвари азизи мо роҳи мустақили рушди худро тай намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва сулҳдӯст мавқеи сазовор пайдо кардааст. Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо вуҷуди мушкилоту душвориҳои зиёд тавонист пояҳои давлатдории миллиро мустаҳкам намуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намояд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дорои Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ буда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми худро пайдо кардааст. Яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони истиқлол сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Сулҳу оромӣ асоси пешрафт ва зиндагии осоиштаи мардум ба шумор меравад. Мо бояд ҳамеша қадри сулҳ, субот ва ваҳдати миллиро донем, зеро танҳо дар фазои орому осуда метавон давлатро обод ва ҷомеаро пешрафта гардонд. Ватан барои ҳар як инсон муқаддас аст. Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои сарба фалак, дарёҳои зебо, водиҳои сабз, табиати нотакрор ва мардуми меҳмоннавоз мебошад. Мо бояд аз таърихи пурғановати миллат, фарҳанги қадима ва мероси бузурги ниёгонамон ифтихор дошта бошем. Миллати тоҷик дар тӯли таърих фарзандони бузурге ба дунё овардааст, ки дар рушди илму адаб ва фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Истиқлолият барои эҳёи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавии халқамон имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми баланд дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳифзу рушди фарҳанг, эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Яке аз самтҳои муҳими рушди Тоҷикистон дар даврони истиқлол соҳаи маориф мебошад. Зеро ояндаи давлат ва миллат пеш аз ҳама ба дониш, ҷаҳонбинӣ ва малакаи насли ҷавон вобаста аст. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, рушди технологияҳои муосир, дастгирии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифат барои омода намудани насли соҳибмаърифат ва ватандӯст заминаи муҳим фароҳам меорад. Ҷавонон нерӯи созанда ва ояндаи Тоҷикистон мебошанд. Ҳар як ҷавон бояд ба қадри Истиқлолият расида, бо донишомӯзӣ, меҳнати ҳалол, рафтори намунавӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ дар пешрафти Ватан саҳм гузорад. Ватан аз ҳар яки мо масъулият, садоқат ва ҳисси баланди худшиносии миллиро талаб мекунад. Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон ба корҳои созандагиву ободонӣ рӯ овардааст. Дар шаҳру ноҳияҳо роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои фарҳангӣ, иншооти варзишӣ ва дигар биноҳои муҳими иҷтимоӣ сохта мешаванд. Шаҳру деҳоти кишвар сол то сол ободтар мегарданд. Ин ҳама натиҷаи меҳнати созандаи мардуми Тоҷикистон ва фазои сулҳу суботи кишвар мебошад. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаро пеш мебарад. Кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист, ташаббусҳои муҳим пешниҳод кардааст. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ низ саҳми худро мегузорад. 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд як рӯзи ифтихор ва шукргузорӣ бошад. Мо бояд дастовардҳои даврони истиқлолро қадр намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани кишвари худ саҳм гузорем. Пешрафти Ватан танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Имрӯз мо бояд бо итминон ба оянда назар кунем. Ояндаи Тоҷикистон аз меҳнати содиқона, донишандӯзӣ, ватандӯстӣ ва муттаҳидии мардум вобаста аст. Агар мо якдилу якҷон бошем, ба Ватан содиқона хизмат кунем ва барои рушди он талош намоем, Тоҷикистони азизи мо боз ҳам пешрафтаву обод мегардад. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад! Бигзор сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар пойдор бошад! Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз ободу пешрафта гардад ва номи неки миллати тоҷик дар ҷаҳон боз ҳам баландтар садо диҳад! Бо ифтихор мегӯем: 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад! Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон поянда бод! Ваҳдати миллӣ ҷовидон бод! Парчами Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бод! Тоҷикистони соҳибистиқлол ободу сарбаланд бод! Ҷашни 35-солагии Истиқлол муборак, ҳамватанони азиз! Амон Раҳимов, мудири кафедраи математикаи олӣ ва физика, дотсенти ДПДТТХ - БАРГУЗОРИИ ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ДАР ДОНИШКАДА
by ilhomjonРӯзи шанбе, санаи 12-уми сентябр, чун анъана бо иштироки устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада шанбегии дастаҷамъона барои ободу зебо гардонидани Донишкада, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуд, роҳравҳо, саҳн ва атрофи он баргузор гардид. Дар шанбегӣ аз ҷониби ҳайати коллективи Донишкада корҳои ободонӣ, тозакорӣ ва батартибдарории дарахту ниҳолҳои ороишии саҳн ва атрофи биноҳои Донишкада анҷом дода шуданд. Ҳамчунин корҳои зеббахшӣ ва таъмиру таҷдиди биноҳои таълимию хобгоҳи донишкада анҷом дода шуд. Чунин чорабиниҳо ҳар ҳафта баҳри ободониву тозакорӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз тарафи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён, ҷиҳати ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани дохил, саҳн ва атрофи бинои донишкада ба таври доимӣ роҳандозӣ карда мешавад. Шуъбаи кор бо ВАО - РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТА –ИФОДАГАРИ МУҲАББАТИ МАРДУМ БА ВАТАН!
by ilhomjonТекст TJ
Шахсони масъули ин қисми сомона: Насулоев Усмонхӯҷа Умархӯҷаевич