БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “НАҚЛИЁТЧИИ БЕҲТАРИН” БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН
May 7, 2024 2024-05-16 20:07БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “НАҚЛИЁТЧИИ БЕҲТАРИН” БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН
БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “НАҚЛИЁТЧИИ БЕҲТАРИН” БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН
Дар доираи таҷлили Рӯзи илми тоҷик, тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт байни донишҷӯён озмуни “Нақлиётчии беҳтарин” баргузор гардид. Мақсади асосии озмун баланд бардоштани салоҳияти касбӣ ва шавқи донишҷӯён ба касби ояндаашон мебошад.
Озмун дар ду марҳила баргузор гардида, дар марҳилаи якум 30 нафар донишҷӯёни фаъол аз курсҳои якум то чоруми ихтисосҳои кафедра иштирок намуданд. Санҷиши донишҳои назариявии дар шакли хаттӣ навиштани ҷавобҳо ба саволҳо оид ба фанҳои тахассусӣ муайян карда шуд. Аз ҷумлаи иштироккунандагони марҳилаи якум 12 нафар ба марҳилаи дуюм роҳ ёфтанд.
Дар марҳилаи дуюм, ки дар Стансияи хизматрасонии техникии автомобилҳои назди кафедра гузаронида шуд, малакаҳои касбии донишҷӯён амалан санҷида шуд. Дар ин марҳила малака ва дониши донишҷӯён оид ба усулҳои муайян намудани нуқсонҳо ҳангоми истифодаи автомобил пайдошаванда, таҷҳизот оид ба ташхис, усулҳои бартараф намудани нуқсонҳо, таҷҳизот барои таъмир, технологияи ташхис ва таъмири автомобилҳо санҷида шуд.
Бояд қайд намуд, ки донишҷӯён малакаҳои касбии баланд нишон доданд.
Чунин ташаббус вобаста ба ихтисосҳо минбаъд низ идома дода мешавад.
Шуъбаи кор бо ВАО
Related Posts
ТАВАҶҶУҲ: МАРҲАМАТ БА ЯРМАРКАИ “МУТАХАССИСОНИ БЕҲТАРИН”
ТАВАҶҶУҲ: МАРҲАМАТ БА ЯРМАРКАИ “МУТАХАССИСОНИ БЕҲТАРИН”
ТАВАҶҶУҲ: МАРҲАМАТ БА ЯРМАРКАИ “МУТАХАССИСОНИ БЕҲТАРИН”
Recent Posts
- ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ УСТОДОНИ ДОНИШКАДА ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО ВА САРМОЯГУЗОРИИ «СУҒД – 2026»
- ДАСТОВАРД: 3 БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШКАДА СОҲИБИ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД
- ТАШРИФИ УСТОДОНИ ДОНИШКАДАИ КАСБӢ-ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ЛАНЧЖОУИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ХИТОЙ БА ДОНИШКАДА
- Зиёрати оромгоҳи Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад
- 22 МАҚОМИ ИФТИХОРИИ ДОНИШҶӮЁН ВА УСТОДОНИ ДОНИШКАДА ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»