Дар бораи донишкада
January 11, 2024 2024-05-17 11:51Дар бораи донишкада
Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд” бо қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010, № 58 дар асоси ҳамҷояшавии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамчун таълимгоҳи олии бисёрсоҳа ташкил шудааст.
Донишкада яке аз дастовардҳои назарраси соҳаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ҳисоб ёфта, муассисаи таҳсилоти олии касбии пешбари соҳаи техникаву технология дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои асосии донишкада – баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқиву ватандӯстӣ, азхудкунонии технологияҳои муосири иттилоотиву муҳандисӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан ва ба воя расонидани наслҳои замони нав буд ва мебошад.
Аз оғози ташкилшавӣ, аз соли 2010 то ноябри соли 2014 Мақсудов А.Т., аз ноябри соли 2014 то апрели соли 2015 Мансурова Д.С., аз апрели соли 2015 то ноябри соли 2023 Саидӣ Д.Р. донишкадаро сарварӣ кардаанд. Аз ноябри соли 2023 директори донишкада Саъдуллозода Ш.С. мебошанд.
Донишкада аз рӯи ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ
– 29 ихтисоси зинаи бакалавриат бо шакли таҳсили рӯзона (аз ҷумла 5 ихтисос бо шакли таҳсили фосилавӣ),
– 29 ихтисоси зинаи бакалавриат ҳамчун таҳсилоти олии дуюм бо шакли таҳсили фосилавӣ,
– 19 ихтисоси зинаи магистратура бо шакли таҳсили рӯзона,
– 9 ихтисоси зинаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) бо шакли таҳсили рӯзона
дошта, ҳамасола ба ҳисоби миёна 800 – 900 муҳандисон, иқтисодчиён ва технологҳои салоҳиятнокии касбиашон баландро омода мекунад.
Ташкили раванди таълиму таҳсил дар зинаи бакалаврият дар шакли таҳсили рӯзона аз дигар МТОК бо он фарқ мекунад , ки омӯзиши фанҳо ва воҳидҳои таълимии нақшаҳои таълим аз рӯи тартиби сиклии таълим мегузарад.
Дар донишкада 4 факултет ва 14 кафедра мавҷуд аст:
Факултети информатика ва энергетика
Кафедраи таъминоти барқ ва автоматика
Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
Кафедраи математикаи олӣ ва физика
Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
Факултети муҳандисӣ – технологӣ
Кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ
Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока
Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт
Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ
Факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ
Ташкилшавии донишкада ба соли маориф ва фарҳанги техникӣ рост омад ва раёсати донишкада кори худро аз таҳия ва амалигардонии нақшаву стандартҳои касбии ихтисосҳо бо ворид гардонидани принсипи салоҳиятнокии касбӣ ва иҷрои ҳаматарафаи талаботи низоми кредитии таҳсилот оғоз кард.
Дар натиҷа зери назорат ва ёрии мутахассисони барҷастаи донишкада барои ҳамаи ихтисосҳо стандартҳову нақшаҳои таълим, силлабусҳои фанҳо мутобиқи меъёрҳои байналхалқӣ бо дараҷабандӣ аз рӯи таксономияи Блум, нишон додани натиҷаи таҳсил нисбати ҳар як фан ва ихтисос дар асоси истилоҳи салоҳиятнокии касбӣ коркард шуда, истифодаи онҳо шурӯъ гардид.
Амалигардонии ин нақшаҳову стандартҳо бе пайдо ва ҷорикунии моделҳои гуногуни тарбияи мутахассисон ва сифатан такмил бахшидани низоми таҳсилот номумкин буд ва дар донишкада бо роҳбариву назорати шахсони алоҳида ва меҳнати пурмаҳсули аҳли коллектив
- низоми дохилидонишкадавии кафолати сифат,
- системаи иттилоотии идоракунии донишкада дар асоси технологияҳои интернет,
- низоми доимоамалкунандаи такмили ихтисоси омӯзгорон
сохта шуд.
Барои фаъолияти пурсамари ин низомҳо дар донишкада
- маркази тестӣ,
- маркази бақайдгирӣ ва машварат,
- маркази банақшагирии стратегӣ ва идораи сифат
ташкил шуданд.
Ҳамзамон ҳамаи синфхонаҳо бо тахтаи электрониву проекторҳо, озмоишгоҳҳои мавҷуда бо таҷҳизоти замонавӣ мутобиқи талаботи нави фанҳои техникиву технологӣ таъмин гаштанд.
Миқдори озмоишгоҳҳо ба 48 адад расонида шуда, ҳамаи биноҳои таълимии донишкада бо дегхонаҳои гармидиҳанда барои мавсими зимистон, системаҳои электрониии назорати воридшавӣ ба бино таъмин гашта, дар ҳамаи синфхонаҳову озмоишгоҳҳо ва роҳравҳои дохили биноҳо камераҳои назоратӣ шинонида шуданд.
Соли 2014 як бинои нави таълимӣ, соли 2016 майдончаи варзиши назди хобгоҳ ва толори варзиши дар факултети муҳандисӣ иқтисодӣ сохта шуда, дар солҳои минбаъда хамаи биноҳои таълимӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Хобгоҳи донишкада пурра таъмир гашта, шароити зиндагонии он ба стандартҳо пурра ҷавобгӯ шуд.
Низоми дохилидонишкадавии кафолати сифат ва системаи иттилоотии идоракунии донишкада таълими фанҳо, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо, иҷроиши рисолаи хатмро ба пуррагӣ зери назорати худ гирифтанд.
Сифати силлабусҳои фанҳо, маводҳои имтиҳонӣ барои маркази тестӣ, тарзи дарсгузарии омӯзгорон ва ташкили кори мустақилонаи донишҷӯён бо роҳи ҷорикунии назорати экспертӣ, низоми баҳогузории ҳаррӯза ва ҳавасмандкунанда дар системаи иттилоотӣ, пурсиши мунтазами ҳарсеместраи ҳамаи донишҷӯён (бемуайянкунии шахсияти онҳо) аз рӯи ҳамаи фанҳо ва дар ҳар гурӯҳ, коркарди натиҷаҳои пурсиш бо истифодаи технологияҳо ва таҷҳизоти муосири компютерӣ , имтиҳони маъмурии новобаста аз омӯзгори дарсдиҳанда, қайди ҳаррӯзаи давомоти донишҷӯён дар системаи иттилоотӣ ҳам аз тарафи омӯзгор ва ҳам аз тарафи нозирони маркази бақайдгирӣ назаррас баланд гардид.
Маркази тестии донишкада аз соли 2010 якумин шуда дар ҷумҳурӣ аз рӯи ҳамаи фанҳои ҳатмии ҳамаи ихтисосҳо имтиҳоноти марказонидашудаи аз омӯзгорони дарсдиҳанда новобастаро бо истифодаи технологияҳо ва таҷҳизоти телекомуникатсиониву компютерӣ ташкил кард ва ин имконият дод, ки натиҷаҳои ниҳоии ҳар як фан зери назорати сифатӣ гирифта шавад.
Соли 2013 донишкада якумин дар ҷумҳурӣ иҷозатномаро барои таҳсилоти фосилавӣ гирифтааст ва ҳоло аз рӯи 5 ихтисос донишҷӯён бо ёрии сомона – портали таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд. Соли 2015 барои васеъ кардани таҳсилоти фосилавӣ воҳиди сохтории махсус маркази таҳсилоти фосилавӣ ташкил карда шуд.
Таъминоти барномавии системаи иттилоотии идоракунии донишкада, маркази тестӣ, маркази таҳсилоти фосилавӣ ва шабакаи компютерии донишкада ба пуррагӣ аз тарафи кормандону донишҷӯён бе ҷалби мутахассисони берун сохта шуданд ва эътирофи беназирии система аз тарафи намояндагони ҳамаи макотиби олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ нишон дод, ки ҳақиқатан дар тайёркунии кадрҳои соҳаи технологияи иттилоотӣ – комуникатсионӣ донишкада ба дараҷаи байналхалқӣ расидааст.