Озмӯни Илм-фурӯғи маърифат

photo_2024-05-07_13-50-45

Озмӯни Илм-фурӯғи маърифат

ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР СОЛИ 2024 БАРГУЗОР ГАРДИД.

 

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2024 таҳти №АП-481, амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020 – 2040) ва рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкориву навоварӣ, пайвасти илм ба истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни донишҷӯён, магистрон, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD), унвонҷӯён ва омӯзгорон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» оғоз гардид.

Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар донишкада даври факултетӣ аз санаи 12-ум то 15-уми март баргузор гардид, ки зиёда аз 500 нафар довталаб иштирок намуданд. Дар даври донишкадавӣ, ки аз санаи 09-уми апрели соли 2024 16 апрел давом ёфта, зиёда аз 100 нафар довталабони ғолиби даври факултетӣ аз рӯйи номинатсиҳои зерин иштирок намуданд:
1. номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия);
2. номинатсияи физика ва астрономия;
3. номинатсияи химия;
4. номинатсияи биология;
5. номинатсияи технологияи иттилоотӣ;
6. номинатсияи география;
7. номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Ҷоиз ба зикр аст, ки довталабони донишкада иштироки фаъол дошта, дар самти рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкориву навоварӣ саъю талош доранд.

Рӯзҳои наздик ғолибони дари донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” муайян ва ба даври шаҳрии озмун роҳхат хоҳанд гирифт.

Шуъбаи кор бо ВАО

Comment (1)

Leave a Reply to ilhomjon Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare