ҲАМОИШ: “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР”
April 25, 2026 2026-04-25 15:45ҲАМОИШ: “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР”
ҲАМОИШ: “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР”
Дар факултети муҳандисӣ – технологӣ ҳамоиши илмӣ – назариявии “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР”, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия ” ва “Рӯзи илми тоҷик” бо иштироки аъзоёни Ҷамъият, магистрантон, докторантон PhD аз рӯи ихтисос, магистрантон ва донишҷӯёни фаъолу навовар баргузор гардид.
Декани факултети муҳандисӣ – технологии донишкада Насимҷон Камолов ҳамоишро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, раиси ҷамъияти илмии факултети муҳандисӣ – технологӣ, муовини декан оид ба таълим Фарангис Маҳмудова дар мавзӯи “САҲМИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ДАР РУШДИ ИЛМИ ТОҶИК”,, устоди донишкада Муслим Норов, дар мавзӯи “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР”;, докторанти PhD курси 2, Розияхон Атаева дар мавзӯи “Таҳлили омилҳои бозорӣ дар ташаккули дизайни либоси занонаи муосир бо истифода аз унсурҳои миллӣ” маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки самтҳои ҳамоиш ба масоили ҷавонон дар соҳаи технологияи саноати хӯрока, нақши ҷавонон дар саноатикунонии босуръати кишвар, истифодаи технологияи инноватсионӣ дар саноати кишоварзӣ, нақши рақамикунонӣ ва дар навсозии саноати сабукро бахшида шуда, ҳадафи асосии он ташвиқи ҷавонон ба омӯзиши амиқи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, рушди тафаккури илмӣ ва таҳқиқотии насли наврас, пайгирии равандҳои ҷаҳонии инноватсионӣ ва рақамигардонӣ, тарғиби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дастовардҳои миллии илмӣ дар байни ҷавонон мебошад.
Маърӯзаву мақолаҳо аз тарафи аъзоёни ҷамъият дар атрофи самти кории ҳамоиш баррасӣ ва муҳокима гардида, зиёда аз 10 адад мақолаҳои илмии аъзоёни ҷамъият дар маводи чопии ҳамоиш нашр хоҳад гардид, натиҷаи донишу таҷрибаи гирифта дар рушди фаъолияти илмӣ ва ихтироъкорӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар факултети муҳандисӣ – технологӣ ҳамеша муҳити созанда барои рушди донишҳои илмӣ ва эҷодкоронаи донишҷӯён фароҳам буда, аз тарафи аъзоёни Ҷамъият кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки саҳми худро дар тарбияи мутахассисони замонавӣ, зиёд намудани сафи олимони ҷавон саҳми худро гузоранд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО