САҲМГУЗОРӢ ДАР ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ

study_1790066117_6ab23dc52a706-7

САҲМГУЗОРӢ ДАР ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ

Чун анъана, субҳи дирӯз низ санаи 19 сентябри соли 2026, дар асоси нақша-чорабиниҳои ободонию бунёдкориҳои донишкада бо мақсади ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити шаҳр ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ва ҳудуди биноҳои таълимию ёрирасони донишкада аз ҷониби донишҷӯёни донишкада шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин иқдоми муҳими ҷамъиятӣ ҷавонони донишкада бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва рӯҳияи ватандӯстона фаъолона иштирок намуда, дар корҳои тозакорӣ, ободонӣ ва беҳдошти муҳити зист саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чунин иқдомҳои ҷамъиятӣ на танҳо ба беҳтар намудани симои шаҳр мусоидат менамояд, балки барои ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муносибати ғамхорона ба муҳити зист дар байни насли ҷавон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикстон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун муассисаи олии таълимӣ дар баробари таъмини таълиму тарбияи босифат, ба масъалаҳои тарбияи шаҳрвандии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ, ободонӣ ва созандагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Бояд қайд намуд, ки чунин шанбегиҳо ҳар ҳафта дар донишкада ташкил ва баргузор мешавад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare