ИФТИХОРИ МО: МЕДАЛИ ТИЛЛОИИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ОХУНҶОН ОХУНОВ
September 22, 2026 2026-09-22 14:45ИФТИХОРИ МО: МЕДАЛИ ТИЛЛОИИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ОХУНҶОН ОХУНОВ
ИФТИХОРИ МО: МЕДАЛИ ТИЛЛОИИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ОХУНҶОН ОХУНОВ
Боиси ифтихору сарфарозист, ки донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси хизматрасонии автомобилии донишкада Охунҷон Охунов дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо байни ҷавонон иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Ин дастоварди арзишманд нишонаи маҳорати баланди варзишӣ, иродаи қавӣ, заҳмату талош ва рӯҳияи ватандӯстии донишҷӯи мо мебошад. Ғолибияти Охунҷонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек дониста, онро дастоварди арзанда ва мояи ифтихори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд меҳисобем.
Раёсати донишкада бо самимияти зиёд Охунҷон Охуновро ба муносибати ин пирӯзии арзанда табрик гуфта, барояш саломатии бардавом, нерӯи тоза, муваффақиятҳои нав ва музаффариятҳои пайдарпай дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ орзуманд аст.
Пирӯзиҳои нав ба нав насибатон бод!
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО