РӮЗИ КИТОБ: КИТОБ-САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ
September 12, 2026 2026-09-13 0:25РӮЗИ КИТОБ: КИТОБ-САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ
РӮЗИ КИТОБ: КИТОБ-САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ
Бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр дар Тоҷикистон гузаронида мешавад, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинӣ таҳти унвони “Китоб-сарчашмаи маърифат” баргузор гардид.
Зимни китобҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҳсули илмии устодони донишкада муаррифӣ карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд. Китоб барои ин миллат бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории мо аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ чун Рӯзи китоб таҷлил шавад».
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО