Конфронс: «Саҳми Бойпочо Фатҳиддинов дар пешрафти илмӣ-техникӣ ва тайёр кардани мутахассисон»

study_1790734259_6abc6fb39880c-5

Конфронс: «Саҳми Бойпочо Фатҳиддинов дар пешрафти илмӣ-техникӣ ва тайёр кардани мутахассисон»

Дар толори донишкада конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саҳми Бойпочо Фатҳиддинов дар пешрафти илмӣ-техникӣ ва тайёр кардани мутахассисон» баргузор гардид. Конференсия ба таҷлили 90-солагии иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Бойпочо Фатҳиддинов бахшида шуд.
Дар конференсия намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишкадаи политехникӣ, олимону омӯзгорон, ҳамкасбон, шогирдон, намояндагони муассисаю ташкилотҳо ва пайвандони Бойпочо Фатҳиддинов иштирок намуданд.
Нахуст директори донишкада Хурсанд Содиқзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, таъкид дошт, ки Бойпоччо Фатҳидинов яке аз асосгузорони кафедраи автомобилҳо ва идоракунии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон мебошад. Бо ташаббуси ӯ тайёр намудани мутахассисони дорои ихтисосҳои нав ба роҳ монда шуд. Устод ҳамчун роҳбари «Автотранстехника” дар рушди илмӣ-техникии соҳаи нақлиёти автомобилӣ саҳми бузург гузошта, тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва равандҳои технологии пешрафта рушди соҳаро таъмин намуд. Мавсуф яке аз созандагони асосии шабакаи автоматикунонидашудаи идоракунии нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз системаҳои пешрафта ба ҳисоб мерафт.
Сипас, дар ҷараёни кори конфронс вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Саидӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, муовини директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ, Мазбут Холиқзода, роҳбари ширкати консалтингии «ISD Консалтинг» Раҳмат Ҳаққулов, собиқ роҳбари ширкати Tcell Муҳаммадҷон Ҳомидов, раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Муҳаммадҷон Мамадҷонов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии идоракунии шаҳри Москваи Федератсияи Россия, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Ходими сиёсиву ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова ва дигарон маърӯзаҳои илмӣ ва суханронӣ намуда, аз фаъолияти ҷамъиятӣ, хизматҳои касбӣ ва саҳми Бойпочо Фатҳиддинов дар дар пешрафти илмӣ-техникӣ, тайёр кардани мутахассисон дар рушди ҷомеа ёдовар шуданд.
Таъкид шуд, ки хизмати эшон ба халқу Ватан назаррас буда, тўли фаъолияти бисёрсолаи меҳнатиашон дар қаламрави ҷумҳурӣ, дар пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бахусус соҳаи нақлиёт мартабаҳои баланди касбиро фатҳ намуда, ҳамчун роҳбар, ташкилотчии бомаҳорат, ташаббускори кордон барои беҳтар гардидани сифати бунёди иншооти соҳа, дар рушди соҳаи тайёр намудани кадрҳо саҳми арзанда гузоштааст.
Чорабинии фарҳангӣ ба конфронс ҳусни анҷом бахшид.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare