ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ “САРОБ” БА ФАКУЛТЕТҲОИ МУҲАНДИСӢ-ТЕХНОЛОГӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ ДОНИШКАДА

news_69e03c0b3b27a

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ “САРОБ” БА ФАКУЛТЕТҲОИ МУҲАНДИСӢ-ТЕХНОЛОГӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ ДОНИШКАДА

Дар доираи рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди донишкада бо кооперативи машваратчии кишоварзии “Сароб” вохӯрии навбатӣ бо намояндагони кооператив баргузор гардид.
Дар ҷараёни боздиди навбатӣ, намояндагони “Сароб” ба факултетҳои муҳандисӣ-технологӣ ва технологияҳои рақамии донишкада ташриф оварда, бо донишҷӯён мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни муаррифии презентатсионӣ, иштирокчиён бо самтҳои асосии фаъолияти кооператив шинос гардиданд, аз ҷумла: рушди устувори кишоварзӣ ва саҳми он дар иқтисодиёти деҳот; истифодаи технологияҳои муосир ва рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ; мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва татбиқи усулҳои инноватсионӣ; имкониятҳои омӯзиш, таҷрибаомӯзӣ ва дастгирии ҷавонон дар самти агробизнес ва ғайраҳо.
Таъкид гардид, ки “Сароб” ҳамчун як ташкилоти ботаҷриба дар самти баланд бардоштани иқтидори деҳқонон ва рушди занҷирҳои арзиш, барои ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Вохӯрӣ дар фазои муколамаи озод баргузор гардида, донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд ва бо имкониятҳои ҳамкорӣ аз наздик шинос шуданд.
Метавон гуфт, ки ин ҳамкории судманд ба таҳкими робитаи байни илму амалия, баланд бардоштани малакаҳои касбии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, идомаи чунин мулоқотҳо дар доираи шартномаи ҳамкорӣ ба рушди минбаъдаи соҳа ва ҷалби ҷавонон ба фаъолиятҳои инноватсионӣ заминаи устувор мегузорад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare