600 НАФАР ДОВТАЛАБ ИМТИҲОНОТИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТРО СУПОРИДАНД
July 12, 2026 2026-07-13 0:25600 НАФАР ДОВТАЛАБ ИМТИҲОНОТИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТРО СУПОРИДАНД
600 НАФАР ДОВТАЛАБ ИМТИҲОНОТИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТРО СУПОРИДАНД
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 3-8 июли соли равон имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсуси (ИЭММ) маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 600 нафар довталабони ихтисосҳои 1690101-меъморӣ ва 11901010202-Дизайни дохили бино (интерьер) баргузор гардид.
Дар доираи ИЭММ-и ихтисоси 1690101-меъморӣ кашидани каллаи гаҷӣ, фигураи геометрӣ ва нақшакашӣ ба назар гирифта шуда дар доираи ИЭММ-и ихтисоси 11901010202-Дизайни дохили бино (интерьер) қаламкашӣ, расмкашӣ ва композитсия муайян карда шудааст.
Зимни имтиҳон довталабон расму нақшаҳои гуногунро таҳия намуда, сатҳи дониш, қобилияти эҷодӣ ва маҳорати касбии худро нишон доданд. Корҳои пешниҳодшуда маҳорати онҳоро дар тасвири шаклҳо, риояи таносуб, дурнамо, таркиб ва истифодаи дурусти воситаҳои графикӣ инъикос менамоянд.
Чунин санҷиш имкон медиҳад, ки қобилияти эҷодӣ, тафаккури фазоӣ, диққат ба ҷузъиёт ва малакаҳои тасвирии довталабон баҳогузорӣ карда шавад. Ин хусусиятҳо барои интихоби касби меъморӣ ва тарроҳӣ аҳаммияти калон дошта, яке аз шартҳои асосии фаъолияти муваффақонаи меъмор ё тарроҳи оянда ба ҳисоб мераванд.
Довталабон тавонистанд истеъдод ва маҳорати худро нишон дода натиҷаҳои беҳтаринро соҳиб шаванд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО