СЕМИНАР: ТАРАҚҚИЁТИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚА ДАР ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОР
April 25, 2026 2026-04-25 15:51СЕМИНАР: ТАРАҚҚИЁТИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚА ДАР ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОР
СЕМИНАР: ТАРАҚҚИЁТИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚА ДАР ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОР
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, бо ташаббуси кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба 35-умин – солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳафтаи илми тоҷик оид ба мавзӯйи “МУҲОКИМАИ УНСУРҲОИ КАЛИДИИ МАВЗУЪҲОИ ИЛМИИ ИНФИРОДӢ ДАР ДОИРАИ МАВЗУИ ИЛМИИ 5 СОЛАИ КАФЕДРА: “ТАРАҚҚИЁТИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚА ДАР ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОР (ДАР МИСОЛИ ВИЛОЯТИ СУҒДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН)” баргузор гардид.
Дар семинари илмӣ мудири шуъбаи илм ва инноватсияи донишкада, мутахассиси шуъба оид ба корҳои илмии донишҷӯён, мудири кафедраи таъминоти барқ ва автоматика, омузгорони кафедра ва магистрантон иштирок намуданд.
Дар семинари илмии кафедра доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Азизулло Авезов оид ба мавзуи “Стратегическое управление инновационным развитием региона в контексте устойчивого роста экономики” маърӯза манзур намуд ва дар доираи мавзуи болозикр барои 5 соли оянда унсурҳои калидии таҳқиқот муайян карда шуданд.
Дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои охир қайд гардид, ки сарфи назар аз суръати баланди афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД), дар сохтори иқтисоди миллӣ мушкилоти муайяни сохторӣ боқӣ мемонад, аз ҷумла мутаносиб набудани рушди бахшҳои иқтисод ва сатҳи шуғли аҳолӣ. Дар чунин шароит, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёт зарурати гузариш ба модели рушди инноватсионӣ ба миён меояд, ки ба истифодаи самараноки сармояи инсонӣ, рушди саноати коркард ва густариши фаъолияти инноватсионӣ дар сатҳи минтақаҳо асос меёбад. Аз ин рӯ, такмили механизмҳои идоракунии стратегии рушди инноватсионии минтақаҳо, ташаккули кластерҳои инноватсионӣ ва ҷалби сармоя ба бахшҳои истеҳсолии дорои арзиши иловашудаи баланд ҳамчун самтҳои муҳими ҳалли мушкилоти сохтории иқтисодиёти кишвар баромад менамоянд.
Дар идомаи семинар оид ба мавзуи зикргардида муаммои тадқиқот, мақсад, вазифаҳо, аҳамияти амалӣ ва навгонии илмӣ аз ҷониби профессор Азизулло Авезов пешниҳод карда шуд.
Инчунин қайд карда шуд, ки таҳияи усулҳои ташхиси номутаносибии сохторӣ, тартиб додани харитаи роҳ барои гузаштан аз модели “сармоягузорӣ” ба модели “инноватсионӣ” ва коркарди модел барои равона намудани интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба самти рушди соҳибкории хурду миёнаи инноватсионӣ ҳамчун масъалаҳои муҳими илмии кори тадқиқотӣ барои солҳои минбаъда ба ҳисоб меравад.
Сипас, д.и.и., профессор, Арбоби Шоистаи илм ва техникаи ҶТ – Абдушукур Назаров баромад намуда, нақши калидии ҷоришавии моделҳоро дар рушди инноватсионии минтақаҳо тавсиф намуд.
Дар интиҳои семинар н.и.и., дотсенти кафедра М.Султонова ба омӯзгорони кафедра тавсия дод, ки дар рафти иҷрои корҳои илмии тадқиқотии минбаъдаи худ таҳияи на танҳо ҷабҳаҳои назариявӣ, инчунин тавсияҳои дар амалия татбиқшавандаро барои тараққиёти инноватсионии минтақа дар оянда ба назар гиранд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО