МИЗИ МУДАВВАР: МУАММОҲОИ ОМОДА НАМУДАНИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ БА ҲИМОЯ

study_1776878283_69e902cb816c7-19

МИЗИ МУДАВВАР: МУАММОҲОИ ОМОДА НАМУДАНИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ БА ҲИМОЯ

Тибқи нақша чорабиниҳои Дoнишкaдaи пoлитеxникии Дoнишгoҳи теxникии Тoҷикиcтoн бa нoми aкaдемик М.C.Ocимӣ дap шaҳpи Xуҷaнд дар толори шурои олимони донишкада мизи мудаввар бо иштироки олимон, докторантон ва магистрантон дар мавзуи “Муаммоҳои омода намудани рисолаҳои илмӣ ба ҳимоя” бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи илми тоҷик ташкил ва гузаронида шуд.
Дар оғоз муовини директори донишкада оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.к. Фарҳод Маҳмудӣ омӯзгорон, магистрантон ва докторантон (PhD) ба муносибати Рӯзи илми тоҷик самимона табрику таҳният намуда, доир ба мавзуъ баромади пурмуҳтаво ироа намуд. Ӯ дар суханронии худ ба саҳми арзишманди олимони тоҷик дар пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аҳамияти рушди минбаъдаи илм ва татбиқи дастовардҳои он дар ҷомеаи муосирро таъкид кард.
Дар мизи мудаввар устоди донишкада доктори илмҳои техникӣ, дотсент Хуршед Худойбердиев дар мавзуи “Муаммоҳои омода намудани рисолаҳои илмӣ ба ҳимоя” баромад намуд. Дар рафти баромад аз марҳилаи интихоби номи мавзуи рисолаи илмӣ сар карда то тасдиқи он, ҷустуҷӯи мавзуи рисолаи илмӣ, сохтори рисолаи илмӣ, навиштани рисолаи илмӣ, пешниҳоди он ба шӯрои диссертатсионӣ тибқи дастурамал оид ба тартиби барасмиятдарории диссертатсия, автореферати диссертатсия ва дигар маводди илмӣ, ки аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, маълумот дода шуд.
Ба маърӯзачӣ аз ҷониби унвонҷӯён, докторантони PhD ва магистрантон саволҳо манзур гардида, ҷавобҳои қаноатбахш гирифта шуд.
Дар анҷоми мизи мудаввар таъкид шуд, ки бояд унвонҷуёну докторантони донишкада ҳар чи бештар ба илм машғул шаванд ва рисолаҳои илмии худро зудтар ҳимоя намоянд ва раёсати донишкада омода аст онҳоро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намояд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare