Оғози лоиҳаи муштарак бо дастгирии молиявии KOICA дар доираи шартномаи ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ

study_1776878366_69e9031ed6798-19

Оғози лоиҳаи муштарак бо дастгирии молиявии KOICA дар доираи шартномаи ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ

Дар доираи шартномаи ҳамкории басташуда ва бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи нави муштарак оғоз гардид. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии KOICA амалӣ гардида, ба рушди кишоварзии устувор, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму таҳқиқот равона шудааст.
Дар доираи ҳамин шартномаи ҳамкорӣ, директори кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Саймон Холлема бо сафари корӣ ба донишкада ташриф овард. Дар ҷараёни сафар мулоқоти судманд бо директори донишкада Содиқзода Хурсанд Сафар баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи самараноки шартномаи ҳамкорӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак бо ҷалби шарикон, аз ҷумла Кооперативи Сароб мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории сеҷониба бо дастгирии KOICA имкон медиҳад таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ ҷорӣ гардида, саҳми амалии донишҷӯён ва мутахассисон дар истеҳсолот бештар гардад.
Дар доираи шартномаи амалкунанда таъсиси гармхонаи инноватсионӣ дар назди донишкада ба нақша гирифта шудааст, ки бо дастгирии молиявии KOICA ва иштироки Кооперативи Сароб амалӣ гардида, ҳамчун пойгоҳи таълимӣ ва илмӣ барои донишҷӯён ва муҳаққиқон хизмат хоҳад кард.
Ҳамзамон, ҳайати Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ бо фаъолияти илмии донишҷӯён шинос шуда, дар муаррифии корҳои инноватсионӣ, ихтироот ва дастовардҳои илмӣ иштирок намуданд. Инчунин, боздид аз қитъаи таълимӣ, ки барои амалисозии лоиҳаи гармхона пешбинӣ шудааст, анҷом дода шуд.
Қобили зикр аст, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ яке аз созмонҳои пешбари байналмилалӣ дар самти мубориза бо гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ буда, дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо, муассисаҳои илмӣ ва шарикони рушд лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодиро амалӣ менамояд. Ҳамзамон, KOICA ҳамчун яке аз донорҳои асосии байналмилалӣ дар татбиқи лоиҳаҳои рушд саҳми назаррас дошта, дастгирии молиявии он барои амалисозии ин иқдом аҳамияти калидӣ дорад.
Оғози ин лоиҳа дар доираи шартномаи ҳамкории басташуда бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ва маҳаллӣ қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори илмӣ-тадқиқотии донишкада ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare