ИФТИХОРИ МО: МАҚОМИ АВВАЛИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “ВАҲДАТ-БАҚОИ МИЛЛАТ”

study_1780072427_6a19bfeb6a30f-28

ИФТИХОРИ МО: МАҚОМИ АВВАЛИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “ВАҲДАТ-БАҚОИ МИЛЛАТ”

Тибқи нақшаи баргузории “Дарси Ваҳдати миллӣ” таҳти унвони “35-соли қадамҳои устувор” бахшида ба 29 –уми солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода тасдиқ шуда буд, дар донишкада “Дарси Ваҳдати миллӣ” гузаронида шуд.
Дарсро омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Хайринисо Темирова дар сатҳи баланди ташкилию маънавӣ гузаронд. Дар чорчӯбаи “Дарси Ваҳдати миллӣ” хониши сиёсӣ ва навиштани иншо низ гузаронида шуд. Муҳтавои иншо фарогири вазъи сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри ХХ, хидматҳои шоёни Пешвои миллат назди халқу Ватан, роҳҳои таҳқими Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ дар замони муосир, дастовардҳои замони Истиқлол ва роҳҳои пешгирии таассубу хурофотро ташкил медод.
Дар натиҷаи таҳлил ду иншои беҳтарин, ки аз тарафи донишҷӯи курси 1 ихтисоси 400101 Шаҳнура Темирова ва донишҷӯи курси 2 ихтисоси 080101 Сабрина Муҳаммадзода таҳти унвони “Ваҳдат-бақои миллат” ба даври вилояти пешниҳод карда шуд.
Хурсандиовар аст, ки имрӯз дар бинои факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатти Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров маросими супурдани ҷоизаҳо барои беҳтарин иншо баргузор шуд.
Дар натиҷаи таҳлил ва баҳогузории ҳайати ҳакамот ҷойи якуми насиби Шаҳнура Темирова гардида, мавсуф бо Сипосномаи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Ба Сабрина Муҳаммадзода барои иштироки фаъолона дар озмун Сипоснома тақдим шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare