ДАСТОВАРД: 3 БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШКАДА СОҲИБИ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД

study_1782015206_6a3764e609650-176

ДАСТОВАРД: 3 БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШКАДА СОҲИБИ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар анҷоми соли хониши 2025-2026 се барномаи таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд соҳиби аккредитатсияи байналмилалии Ассотсиатсияи Маркази осиёии аккредитатсияи таълим (САААЕ) шуданд.
Ҳамин тавр, барномаҳои таълимии ихтисосҳои “Иқтисодиёт ва идора дар корхона” (1-25 01 07), “Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)” (1-40 01 02-02) ва “Таъминоти барқ (аз рӯи соҳаҳо)” (1-43 01 03) аккредитатсияи байналмилалиро ба даст оварданд ва муҳлати эътибори сертификатҳо то 9 апрели соли 2031 мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дорои сертификатҳо барои донишкада аҳамияти бузурги дурнамоӣ дошта, пеш аз ҳама, ин эътирофи расмии байналмилалии сифати таълимиро ифода намуда, барномаҳои таълимӣ мувофиқ ба стандартҳои аврупоӣ роҳандозӣ шудаанд.
Ҳамин тавр, дипломҳои хатмкунандагони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, на танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар арсаи ҷаҳонӣ низ арзиш ва эътибор пайдо намуданд.
Донишҷӯёни донишкада имкон пайдо намуданд, ки дар барномаҳои байналмилалӣ иштирок ва дар хориҷи кишвар таҳсилу кору фаъолият кунанд. Илова бар ин, ду барномаи таълимии донишкада нишони аврупоии EUR-ACE Label-ро гирифтанд, ки ин барои барномаҳои муҳандисӣ баландтарин дараҷаи эътироф дар Аврупо маҳсуб мешавад. Ин дастовард натиҷаи заҳмати бесамари устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд буда, ҷомеаи меҳнатиро бо қадамҳои устувор ба ояндаи равшан мебарад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare