ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ УСТОДОНИ ДОНИШКАДА ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО ВА САРМОЯГУЗОРИИ «СУҒД – 2026»

study_1782015432_6a3765c83d3f3-175

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ УСТОДОНИ ДОНИШКАДА ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО ВА САРМОЯГУЗОРИИ «СУҒД – 2026»

Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» баргузор шуд, ки дар он устодони донишкада фаъолона ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва ҳайатҳои расмӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди саноат, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.
Дар намоишгоҳ беш аз 200 ширкати истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошта, дастовардҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои содиротии худро муаррифӣ намуданд.
Шуъбаи иттиилоот ва кор бо ВАО

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare