БАРГУЗОРИИ ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ДАР ДОНИШКАДА
September 16, 2026 2026-09-17 0:25БАРГУЗОРИИ ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ДАР ДОНИШКАДА
БАРГУЗОРИИ ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ДАР ДОНИШКАДА
Рӯзи шанбе, санаи 12-уми сентябр, чун анъана бо иштироки устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада шанбегии дастаҷамъона барои ободу зебо гардонидани Донишкада, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуд, роҳравҳо, саҳн ва атрофи он баргузор гардид.
Дар шанбегӣ аз ҷониби ҳайати коллективи Донишкада корҳои ободонӣ, тозакорӣ ва батартибдарории дарахту ниҳолҳои ороишии саҳн ва атрофи биноҳои Донишкада анҷом дода шуданд. Ҳамчунин корҳои зеббахшӣ ва таъмиру таҷдиди биноҳои таълимию хобгоҳи донишкада анҷом дода шуд.
Чунин чорабиниҳо ҳар ҳафта баҳри ободониву тозакорӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз тарафи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён, ҷиҳати ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани дохил, саҳн ва атрофи бинои донишкада ба таври доимӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Шуъбаи кор бо ВАО