САФАРИ БОБАРОР ВА САРФАРОЗИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО УНВОНИ ДОКТОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ КОРЕЯ ВА ДАРАҶАИ ФАХРИИ 9-УМИ ТАЭКВОНДО
September 18, 2026 2026-09-18 14:40САФАРИ БОБАРОР ВА САРФАРОЗИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО УНВОНИ ДОКТОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ КОРЕЯ ВА ДАРАҶАИ ФАХРИИ 9-УМИ ТАЭКВОНДО
САФАРИ БОБАРОР ВА САРФАРОЗИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО УНВОНИ ДОКТОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ КОРЕЯ ВА ДАРАҶАИ ФАХРИИ 9-УМИ ТАЭКВОНДО
Санаҳои 15-17-уми сентябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафари расмӣ намуданд.
16 сентябр дар шаҳри Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.
Дар мулоқоти сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Корея аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, пайвандҳои таърихӣ, муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва арзишҳои инсондӯстии мардумони ду кишвар таъкид карда шуд. Муколамаи фаъоли сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатӣ омили таконбахши муносибатҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ гардид.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея заминаи муносиби ҳуқуқии робитаҳо фароҳам мебошад.
Зикр шуд, ки дар робитаҳои ду кишвар авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад.
Иштироки фаъоли доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои навини Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Бояд қайд намуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор карда шудаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор карда шудаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея 13 апрели соли 2015 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2008 расман ифтитоҳ ёфтааст. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 20 санади ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад.
Боиси қаноатмандист, ки қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ҳоло ба майдони муҳими ҳамкорӣ табдил ёфтааст ва ҳадафҳои он ҷавобгӯи барномаҳои рушди миллӣ ва манфиатҳои мардумони кишварҳои мо мебошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар бист соли охир суръати солонаи рушди иқтисоди миллии кишвари мо ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,8 фоиз таъмин гардидааст.
Тайи солҳои охир мо барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ислоҳоти фарогирро амалӣ намудем.
Танҳо соли гузашта ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз панҷ миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид.
Ҳоло дар кишвар зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз ҳафт миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди татбиқ қарор доранд.
Қонунгузории мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст.
Узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (ВТО) далели мутобиқати қонунҳои мо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин ҷода мебошад.
Тоҷикистон дорои зарфиятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла маъданҳои нодир ва муҳим, имкониятҳои назарраси сайёҳӣ ва нерӯи кории ҷавон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки санаи 16-уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Аз қабили:
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ ва ёрии миёниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Корея дар бораи ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея;
— Ёддошти тафоҳум миёни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоотии кашшофии молиявӣ дар бораи қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризм;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи наклиёт;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ миёни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи содирот миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA);
— Созишномаи ҳамкории техникӣ миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии бехатарии меҳнат ва саломатии Корея;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;
— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудирияти кадрҳои Ҷумҳурии Корея;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон ва Агентии миллии Политсияи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ
Боиси ифтихор ва сарфарозии мо аст, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ унвони Доктори фахрӣ тақдим гардид.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд. “Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин, арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам”, — изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид гардид, ки илму маърифат, адабиёт ва саъю талош ба сӯйи дониш тайи ҳазорсолаҳо таҳкурсии ташаккули тамаддуни бостонии миллати тоҷикро ташкил додааст. Маҳз ба шарофати ҳамин мардуми тоҷик ба ҷаҳониён мутафаккирони барҷастаеро эҳдо кардааст, ки осори онҳо дар тӯли асрҳои зиёд таконбахши пешрафти илму фарҳанги ҳам Шарқу ҳам Ғарб гардидааст.
17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT) маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар маросими тантанавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардида, либоси махсус пӯшонида шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсия барои қадршиносӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки таэквондо дар баробари як намуди машҳури варзиши олимпӣ буданаш, дар ҷавҳари худ фалсафаи ҳаёти солим ва иртиботи маънавию фарҳангии инсонҳоро таҷассум мекунад.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмии худ дар Корея масъалаҳои муҳимми ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, робитаи кишварҳо дар чорчуби созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва имкониятҳои сармоягузорӣ, зарфиятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла энергияи “сабз”, саноат, кишоварзӣ, нассоҷӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, бонкдорӣ ва молияро муаррифӣ гардиданд, ки дар рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами устувор гузошта мешавад.
Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд