ҲАМОИШ: “БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ТАББИӢ-РИЕЗӢ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКИЮ ИТТИЛООТӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ”
April 18, 2026 2026-04-19 0:25ҲАМОИШ: “БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ТАББИӢ-РИЕЗӢ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКИЮ ИТТИЛООТӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ”
ҲАМОИШ: “БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ТАББИӢ-РИЕЗӢ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКИЮ ИТТИЛООТӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ”
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ ва физика ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик оид ба мавзуи “БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ТАББИӢ-РИЕЗӢ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКИЮ ИТТИЛООТӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини директор оид ба илм, иноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Маҳмудӣ, мудири шуъбаи илм Матлуба Турсунова, декани факултет Шаҳзода Назирӣ, омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ ва кафедраи математикаи олӣ ва физика ва як қатор донишҷӯён иштирок варзиданд.
Таъкид шуд, ки мақсади гузаронидани ҳамоиши илмӣ-назариявӣ ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён нисбат ба фанҳои дақиқ, баланд бардоштани маърифати илмии донишҷӯён мебошад.
Ҳамоиши илмӣ-назариявиро муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Маҳмудӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос муҳим мебошад. Ҳозиринро бо Ҳафтаи илми тоҷик табрик карда, ба кори семинар барору комёбӣ таманно намуд.
Мудири кафедраи математикаи олӣ ва физика Амон Раҳимов доир ба аҳамияти баргузории конфронс изҳори андеша намудаба кушодашавии ҳамоиши илмӣ-назариявӣ ибрози ақида намуда,
Ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва физика Моҳинисо Раҳматова дар мавзӯйи “Истифодаи забони барномасозии Python дар раванди омӯзиши фанни геометрияи аналитикӣ дар фазо” баромад намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки дар раванди дарс мо бештар ба замони муосир ва техникаю технология такя менамоем, то ин ки машғулият самаранок гузарад ва раванди таълим ба донишҷӯён шавқовартар гардад.
Сипас, донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ Фарангис Шерматова дар мавзуъи “Интеграл ва татбиқи он дар техника”, Ибодулло Ҳайдаров таҳти унвони “Использование программных средсв в изучении математических дисциплин” ва Фарҳод Камолов дар мавзуъи “Усули амсиласозӣ” баромадҳои илмӣ намуда, нақши калидии фанни математика дар ихтисосҳои техникиро тавсиф намуданд.
Ҳамзамон тибқи нақша чорабиниҳои Донишкада аз ҷониби кафедраи забонҳои хориҷӣ семинари илмӣ дар мавзӯи “АКТУАЛИЯТИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР” баргузор гардид. Семинарро мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ н.и.ф. Рухшона Аминҷонова ҳусни оғоз бахшида, аҳамияти илму донишро дар замони муосир таъкид намуд.
Декани факултети энергетика, н.и.и., Шаҳзода Назирӣ оид ба дастовардҳои илмии устодону шогирдони факултет маърӯза намуд.
Ҳамин тариқ, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ чорабиниҳо бахшида ба “Ҳафтаи илми тоҷик” дар сатҳи баланди илмию назариявӣ, дар муҳити эҳсоси ватандӯстӣ ва ғурури миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон ва дастовардҳои бузурги олимони барҷастаи халқи тоҷик баргузор гардида истодааст.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО