МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ РАЁСАТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

study_1779287950_6a0dc78e151ec-51

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ РАЁСАТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Дар толори раёсати донишкада дар асоси нақшаи гузаронидани суҳбату вохӯриҳои кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд “Оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, истифодаи оқилона ва самараноки нерӯи барқ, инчунин пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд дар корхонаву муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд” бо иштироки сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, подполковники адлия Ҳамза Каримӣ мулоқоти судманд бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкада доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Ҳамза Каримӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили муқовимат ба коррупсия, терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моҳият ва муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ”, «Барномаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стартегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030), инчунин масъалаҳои пос доштани ҳифзи марзу буми кишвар, пешгирӣ намудани шомилашавии ҷавонон ба ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва риояи анъанаҳои миллӣ зимни пӯшидани сару либос андешаронӣ намуд.
Ҳамчунин дар мулоқот натиҷаҳои иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (даври якум барои солҳои 2021-2025)» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пешниҳоди раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар ин самт мавриди муҳокима қарор гирифт. Масъулин муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикршуда тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар чорабинии мазкур ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат намуда, бо натиҷаи кори ҷаласа ба худ таассуроти амиқ бардоштанд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare