ШОҲНОМА ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ ҶОМЕА
April 22, 2026 2026-04-23 0:26ШОҲНОМА ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ ҶОМЕА
ШОҲНОМА ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ ҶОМЕА
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо суръати баланд густариш меёбанд, масъалаи ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ аҳамияти хос пайдо намудааст. Барои ҷомеаи тоҷик, ки дар марҳилаи таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувор қарор дорад, арҷгузорӣ ба мероси ғании таърихию фарҳангӣ, бахусус осори классикии адабӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, «Шоҳнома» ҳамчун шоҳасари беназири адабиёти ҷаҳонӣ ва сарчашмаи муҳими худшиносии миллӣ мавқеи хоса дорад.
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ яке аз бузургтарин осори адабии тамаддуни башарӣ буда, таърихи чандҳазорсолаи халқҳои ориёиро дар бар мегирад. Ин асари безавол, ки дар тӯли беш аз сӣ сол эҷод шудааст, на танҳо воқеаҳои таърихӣ, балки ҷаҳонбинии фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ниёгонро низ инъикос менамояд. Фирдавсӣ бо эҷоди ин шоҳасар тавонист забон, фарҳанг ва рӯҳи миллиро дар давраҳои душвори таърихӣ ҳифз намояд.
Мазмуни «Шоҳнома» аз муборизаи доимии некию бадӣ, адолату зулм ва ростқавливу хиёнат иборат аст. Ин мавзӯъҳо на танҳо хусусияти адабӣ доранд, балки аҳамияти амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ касб менамоянд. Зеро дар замони муосир низ масъалаҳои адолат, масъулият ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои асосии рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, «Шоҳнома» метавонад ҳамчун як манбаи муҳими тарбияи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ истифода шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки омӯзиш ва тарғиби осори классикӣ, аз ҷумла «Шоҳнома», барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ нақши калидӣ дорад. Ба андешаи эшон, маҳз тавассути чунин мероси гаронбаҳо метавон дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносиро тарбия намуд.
«Шоҳнома» на танҳо як асари адабӣ, балки мактаби бузурги ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад. Қаҳрамонони он, аз қабили Рустам, Сиёвуш ва дигарон, намунаи олии ҷасорат, садоқат ва ҳифзи Ватан ба шумор мераванд. Образи Рустам ҳамчун рамзи қудрат ва мардонагӣ, Сиёвуш ҳамчун намунаи покӣ ва адолат, дар зеҳни хонанда арзишҳои олии инсонӣ ва миллӣ парвариш менамоянд. Ин гуна қаҳрамонон барои насли наврас ҳамчун намунаи ибрат хизмат мекунанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими «Шоҳнома» ин тарғиби ваҳдат ва ҳамбастагии ҷомеа мебошад. Дар асар иттиҳоди мардум дар баробари душманони хориҷӣ ва дохилӣ ҳамчун омили асосии пирӯзӣ нишон дода шудааст. Ин ғоя дар шароити имрӯза низ аҳамияти хос дорад, зеро суботи ҷомеа ва рушди давлат аз ваҳдати миллӣ вобастагии мустақим дорад.
Дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши «Шоҳнома» метавонад ба сифати воситаи муҳими тарбияи маънавӣ ва сиёсӣ истифода шавад. Баргузории дарсҳои интерактивӣ, маҳфилҳои адабӣ, озмунҳои қироат ва саҳначаҳои театрӣ дар заминаи ин асар ба баланд бардоштани сатҳи маърифати миллӣ мусоидат менамояд. Ин гуна усулҳо имкон медиҳанд, ки донишҷӯён на танҳо мазмуни асарро дарк намоянд, балки онро дар ҳаёти худ татбиқ кунанд.
Илова бар ин, «Шоҳнома» дорои арзиши бузурги забонӣ низ мебошад. Он ба ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуда, намунаи олии забони адабӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароите, ки таъсири забонҳои хориҷӣ зиёд мегардад, омӯзиши чунин осор барои нигоҳдории асолати забонӣ аҳамияти махсус дорад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки баъзан боиси заиф гардидани арзишҳои миллӣ мегардад, «Шоҳнома» ҳамчун сипари фарҳангӣ хизмат мекунад. Он ҷомеаро ба эҳтиром ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ҳидоят намуда, барои муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ замина фароҳам меорад. Бо ин васила, асар на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши умумибашарӣ низ дорад.
Ҳамин тариқ, «Шоҳнома» ҳамчун шоҳасари безаволи адабиёт на танҳо мероси фарҳангӣ, балки омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ваҳдати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Омӯзиш ва тарғиби ин асар дар шароити муосир барои рушди маънавӣ ва сиёсӣ аҳамияти бузург дорад. Танҳо тавассути арҷгузорӣ ба чунин мероси гаронбаҳо ҷомеа метавонад пояҳои устувори худро нигоҳ дошта, ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузорад.
Мадина Холбутаева,
устоди ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд