ХУРСАНД СОДИҚЗОДА: 3 ИХТИСОСИ ДОНИШКАДА АЗ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУЗАШТ

study_1786468761_6a7b5999132b5-19

ХУРСАНД СОДИҚЗОДА: 3 ИХТИСОСИ ДОНИШКАДА АЗ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУЗАШТ

Дар толори хурди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотии ин муассисаи олии таълимӣ баргузор гардид.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода доир ба ҷанбаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2026 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки аҳли ҷомеаи кормандону омӯзгорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти илму маориф равона намуда, бо дастовардҳои назаррас ҷашни 35 –солагии пешвоз мегиранд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтори Донишкада аз шурои олимон, 4 факултет, 14 кафедра, 2 раёсат (кадрҳо, коргузорӣ ва назорати иҷро; раёсати маъмурию хоҷагидорӣ), 5 марказ (бақайдгирӣ ва ташкили имтиҳонҳои тестӣ; рушди касбият; байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо; технологияиҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ; таҳсилоти фосилавӣ), шуъбаҳо (таълим; илм ва инноватсия; мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ, идораи биноҳо ва таъмини бехатарӣ; сохтмон; тарбия ва кор бо ҷавонон; муҳосибот), нашрияи “Меҳвари дониш” шуъбаи иттилоот ва алоқа бо ВАО, парки технологӣ, бойгонӣ, китобхона, хобгоҳ ва литсейи Донишкада иборат мебошад.
Бояд қайд намуд, ки айни ҳол донишкада аз рӯи 32 ихтисоси зинаи бакалавриат, 15 ихтисоси шакли таҳсили фосилавӣ ва 20 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD) аз рӯйи ихтисос, инчунин 13 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ мутахассисонро омода менамояд.
Дар нимсолаи аввалми соли 2026 дар Донишкада аз рӯйи ҳамаи зинаи таҳсилот 3157 нафар донишҷӯён (буҷавӣ – 408, шартномавӣ – 2748 ва тибқи квотаи Президентӣ – 1 нафар) (594 нафар хатмкунанда) таҳсил мекунанд:
зинаи бакалавриат (рӯзона) – 3120 нафар, (495 хатм);
зинаи бакалавриат (фосилавӣ) – 579 нафар, (84 хатм аз он 50 дипломи аъло);
зинаи магистратура – 31 нафар, (12 хатм аз он 4 дипломи аъло);
зинаи докторантураи PhD – 7 нафар, (3 хатм).
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки аз ин шумора – 268 нафар донишҷӯён стипендияи давлатии академиро соҳиб гардиданд. Дар баробари ин 2 нафар донишҷӯёни донишкада стипендияи Президентӣ, 9 нафари дигар стипендияҳои номии донишкада, 21 нафар cтипендия раиси вилояти Суғд ва 3 нафар стипендияи раиси шаҳри Хуҷандро шарафёб гардиданд.
Cоли ҷорӣ 594 нафар донишҷӯ муассисаро хатм намудаанд. Аз ин шумора 495 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 84 нафар дар шуъбаи фосилавӣ 12 нафар зинаи таҳсилоти магистратура ва 3 нафар докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)-ро хатм намуданд. Ҳамзамон, 54 нафар донишҷӯ муассисаро бо дипломи аъло хатм кардаанд.
Хурсанд Содиқзода афзуд, ки донишкада соли ҷорӣ барои 5 ихтисоси нав барои дараҷаи бакалавр, 1 ихтисоси магистратура ва барои 10 ихтисос дар зинаи бакалавриати шакли таҳсили фосилавӣ иҷозат гирифт, ки соҳиби иҷозатнома шуд.
Зикр гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳим он аст, ки донишкада аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 2020 қабули донишҷӯёнро ба зинаҳои бакалавриат ва магистратура аз рӯи ихтисоси 1-40 03 01 – Зеҳни сунъӣ оғоз намуд. Аввалин хатми магистрон аз рӯи ин ихтисос соли 2022 сурат гирифта, соли ҷорӣ нахустин хатмкунандагони зинаи бакалавр аз рӯи ихтисоси «Зеҳни сунъӣ» ба бозори меҳнат роҳ ёфтанд.
Бояд қайд намуд, шурӯъ аз соли 2020 кафедраи иқтисоди рақамӣ таъсис дода шуда, самти асосии корҳои илмӣ-тадқиқотии он таҳти роҳбарии н.и.ф.-м., дотсент Мақсудов Х.Т. дар мавзӯи «Истифода ва татбиқи алгоритмҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталиф» амалӣ мегардад. Бо мақсади тақвияти корҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди таҳқиқоти зеҳни сунъӣ дар донишкада 2 маркази илмӣ таъсис дода шуда, фаъолияти худро оғоз намудаанд:
• Маркази инноватсионии ташаккули иқтидори зеҳнӣ;
• Маркази илмии таҳкими сармояи инсонӣ.
Дар кафедраи иқтисоди рақамӣ се озмоишгоҳи муосири технологияҳои иттилоотӣ таъсис ва бо компютерҳои муосири насли нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ин инфрасохтори муосир барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ аз фанҳои барномарезӣ, технологияҳои мултимедиявӣ, коркарди додаҳои калон (Big Data) ва омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси «Зеҳни сунъӣ» имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ҳамзамон, дар доираи рушди инфрасохтори инноватсионӣ, дар факултети технологияҳои рақамӣ таъсиси Маркази рушди моликияти зеҳнӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи татбиқи Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027 Донишкада ба омодасозии мутахассисони соҳаҳои энергетика, автоматика, технологияҳои иттилоотӣ ва нақлиёти муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин мақсад дар донишкада кафедраи таъминоти барқ ва автоматика фаъолият намуда, аз рӯйи ихтисосҳои Таъмини барқ, Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ, Технологияҳои иттилоотӣ дар системаҳои техникӣ ва Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ мутахассисон омода менамояд. Ҳамзамон, дар кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт аз рӯйи ихтисоси Автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ омодасозии кадрҳои соҳавӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён, кафедраҳо бо озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ таъмин буда, машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ бо истифода аз технологияҳои муосир баргузор мегарданд. Ҳамзамон, омӯзгорон ва донишҷӯён дар самти самаранокии энергетикӣ, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, нақлиёти барқӣ ва технологияҳои инноватсионӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом медиҳанд.
Фаъолияти донишкада дар ин самт ба омодасозии мутахассисони рақобатпазир, рушди технологияҳои сабз, истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар доираи татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №427 ва Нақшаи чорабиниҳои донишкада (аз 28 августи соли 2020, №1), дар солҳои 2020–2025 корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Пойгоҳи моддию техникии донишкада таҳким ёфта, шумораи озмоишгоҳҳо аз 34 ба 49 расонида шуд. Озмоишгоҳҳои нави зеҳни сунъӣ, технологияи молиявӣ ва дигар марказҳои таълимӣ таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Дар соли ҷорӣ як озмошгоҳи физикаи умумӣ ва як озмоишгоҳ дар кафедраи сохтмон таҷҳизонида шуд.
Се барномаи таълимии «Иқтисодиёт ва идора дар корхона», «Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)» ва «Таъмини барқ» аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, муҳлати эътибори шаҳодатномаҳои онҳо то 9 апрели соли 2031 муқаррар гардид. Ин натиҷа мавқеи донишкадаро дар фазои байналмилалии таҳсилот ва эътирофи сифати барномаҳо тақвият медиҳад.
Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон Абдулҳамид Ҷӯраев, Нӯъмон Раҷабзода, Назокат Юсупова, Алишер Охунов, Шоира Салимова, Тахмина Аюбова ва дигарон доир ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муносибатҳои байналхалқии донишкада, аз ҷумла иҷрои нақшаи қабул дар соли нави таҳсили 2026-2027, тадбирҳо бахшида ба рушди технологияи рақамӣ, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳо, таъмини ҷойи кор ба хатмкунандагон, дастгирии ятимон ва қишри осебпазири ҷомеа, ҷалби донишҷӯёни хориҷа ба донишкада, фаъолияти Парки технологӣ, таъсиси ихтисосҳои нав ва ғайраҳо саволҳо манзур гардида, аз ҷониби директори донишкада Хурсанд Содиқзода ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар ҷараёни нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода иштирок ва баромад намуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare