ИФТИХОРИ МО: САРФАРОЗИИ УСТОДОНИ ДОНИШКАДА БО МЕДАЛИ “ХИЗМАТИ ШОИСТА”
September 12, 2026 2026-09-13 0:25ИФТИХОРИ МО: САРФАРОЗИИ УСТОДОНИ ДОНИШКАДА БО МЕДАЛИ “ХИЗМАТИ ШОИСТА”
ИФТИХОРИ МО: САРФАРОЗИИ УСТОДОНИ ДОНИШКАДА БО МЕДАЛИ “ХИЗМАТИ ШОИСТА”
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросим муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, ба як қатор намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мукофотҳои давлатиро супориданд. Аз ҷумла, Икром Салимов, мудири кафедраи автомобил ва идоракунӣ дар нақлиёт, Хуршед Мақсудов, дотсенти кафедраи иқтисоди рақамӣ, Наим Рашидов, мудири кафедраи агротехнология ва экологияи саноатӣ, Хуршед Худойбердиев, доктори илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии донишкада бо медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ шуданд.
Нахуст муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони вилояти Суғдро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ мебошад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат гирифта, барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори донишкада Хурсанд Содиқзода низ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардида буданд.
Чунин дастовардро ба тамоми ҷомеаи меҳнатии донишкад муборакбод мегӯем.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО