ИШТИРОКИ НАЗДИК 900 НАФАР УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ

study_1789191606_6aa4e5b610a0c-159

ИШТИРОКИ НАЗДИК 900 НАФАР УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ

Субҳи имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он наздик 900 нафар устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуда, чун захираҳои сафарбарӣ аз майдони ҷашнӣ сарбаландона гузаштанд.
Дар чорабинии тантанавӣ Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Раҷаб Аҳмадзода афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи мардум корҳои бузург ба анҷом расонида шудаанд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Leave your thought here

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Select the fields to be shown. Others will be hidden. Drag and drop to rearrange the order.
  • Image
  • SKU
  • Rating
  • Price
  • Stock
  • Availability
  • Add to cart
  • Description
  • Content
  • Weight
  • Dimensions
  • Additional information
Click outside to hide the comparison bar
Compare